Китобҳои калонҳаҷм ва нигоҳдории онҳо

 Дар фонди депозитарӣ даҳҳои китоби санъати тасвирӣ ва мавзеъҳои зебои мамлакатҳои гуногун ҷой доранд, ки бо мусаввара хонанда ҷаҳонбинии хешро метавонад такмил кунад. Масалан, силсилаи «Искуство книги» (Санъати китоб)-ро, ки он дар Москав аз чоп баромадааст, боз намуда, хонандаи мо метавонад бо анвои санъату ҳунар ва мавзеъҳои таърихии давраҳои гуногун ошноӣ пайдо намояд.

Борҳо аз усули нигоҳдории фонди шуъбаи нигоҳдории депозитарии Китобхонаи миллии Тоҷикистон сухан ба миён гузоштаву аз махсусияти ҷевонҳои онҳо ҳарф дар миён оварда будем. Яъне, аз фонди китобҳои кўчак, варақаҳои изографӣ, фонди маҷаллаҳои тоинқилобӣ ва дигар навъи китобҳои шуъбаи мазкур ишораҳо доштем, вале боре дар хусуси китобҳои ҳаҷман калон ва рафҳои махсуси китобмонии онҳо таҳлилу таҳқиқ  на аз ҷониби мо ва на аз ҷониби мутахассисони соҳа анҷом напазируфтааст. Бинобар ин, дар ин навиштаи кутоҳу фишурдаи хеш иқдоми навбатиро сари форматҳои чун китобҳои калонҳаҷм, ки усулан ҷобаҷонамоии онҳо дар рафъи китобмонӣ каме душвор аст, тамаркуз менамоем.

  Дар собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ формати китобу маҷаллаҳо бори аввал аз ҷониби ГОСТ5773-68 татбиқ карда шуд, ки мувофиқи он 30 формати чопи китоб роиҷ буд. Аз ин шумора 16 формати асосӣ, 7 формати иловагӣ (барои нашрияҳои махсуси бадеӣ) ва 7 формат барои нашрияҳои хурд ва калонтарин муайян гардид. Шумораи дигари ГОСТ 5773-76, ки онро иваз кардааст, аллакай 36 форматро пешбинӣ намуд ва он 19 формати асосӣ ва 17 формати иловагиро фарогир буд. Дар айни замон, қисмҳои маъмултарини варақ 1/8, 1/16 ва 1/32 мебошад, ки дар ин бора дар навиштаҳои баъдӣ маълумот медиҳем.

  Чуноне ишора кардем, як қисми асосии фонди шуъбаи нигоҳдории депозитарии Китобхонаи миллиро китобҳои ҳаҷман калон ташкил медиҳанд ва гуфтем, ки нигоҳдории китобҳои ҳаҷман калон душвору заҳматталабанд, аммо ин навъи ноширӣ зарур аст. Аввалан, гунаи китобҳои ҳаҷман калон ва махсусан калон вижагиҳои хоси худро доранд. Онҳо метавонанд донишномаҳо, луғатномаҳо, маълумотномаҳо ва ғайра бошанд. Аввалан матни ин нашрияҳо дар ду ва ҳатто се сутун чоп карда мешаванд, сониян, онҳо барои нашриётҳои дорои мусавараҳои калон, масалан, барои китобҳои санъати тасвирӣ, геометрияи тасвирӣ ва нақшакашӣ, барои бачагони синни томактабӣ, феҳристҳои барои соҳаи саноат ва савдо, баъзе асарҳои бадей, ки дар ороиши махсус такмил дода шудаанд, заруранд. Барои ин намуди нашрияҳо, асосан ҳаҷми васеъ мувофиқанд – онҳо ба шумо имкон медиҳанд, ки ҳам матн (дар ду ё се сутун) ва ҳам тасвирҳои андозаҳои гуногунро хуб ба тартиб оред. Аммо ҳатто форматҳои васеъ – 60×84/8 ва 84×108/8 – метавонанд барои чунин нашрияҳо истифода шаванд.

  Дар нашри китобҳои ҳаҷман калон 84×108/16, асарҳои бадеӣ низ чоп карда мешаванд, ки инҳо иборат аз рўзнома ва маҷалла мебошанд. Ин навъи ҳаҷм ҳангоми мутолиа албатта нороҳатиеро барои хонанда ба бор меорад: вақти мутолиа варақҳо тез-тез хамурост мешаванд ва чун дар даст нигоҳ доштани онҳо тибқи одати маъмул душвор аст, метавонанд зуд фарсуда шаванд ва баъзан аз он ки зиёд мавриди истифода қарор мегиранд, то ҷойе хатҳои баъзе гӯшаи саҳифаҳо нохона шаванд.

  Мушкилии дигаре, ки ҳангоми нигоҳдории китобҳои ҳаҷман калон ба миён меояд, ин дар рафҳои китобӣ гузоштани онҳо мебошад. Асосан, усули нигоҳдории фонди китобхонаҳо тибқи стандарти байналмилалӣ рафҳое мебошанд, ки китобҳои маъмулӣ (он китобҳое, ки мавриди истифодаи ҳамешагӣ аст)-ро меғунҷонанд, аз ин рў китобҳои бо форматҳои калон дар ин намуди рафҳо ғунҷонида намешаванд. Бинобар ин, китобхонаҳо маҷбур мешаванд, ки барои нигоҳдории ин навъи ноширӣ аз тарзи дигари рафъи китобмонӣ истифода баранд ва ё тарзи ба худ хосро интихоб намоянд.

  Дар фонди китобҳои ҳаҷман калони шуъбаи нигоҳдории депозитарии Китобхонаи миллии Тоҷикистон усули нигоҳдорӣ ба таври стандартӣ буда, ин фонд дар алоҳидагӣ ҳифз мешавад. Такрор менамоем, ки шакл ва тарзи чопи формати китобҳои калон аз дигар навъи ноширӣ ба куллӣ фарқ мекунанд ва онҳо ҳангоми истифода таваҷҷуҳро ҷалб мекунанд. Дар чунин шаклҳо, асосан китобҳое нашр мешаванд, ки ҳангоми истифода хонандаро ба сайри олами дигар мебаранд. Нашри харитаву атлас ва санъати тасвирӣ дар ин гунаи формат ҳангоми кушодани китоб як эҳсоси гуворое ба инсон мебахшад.

Дар фонди депозитарӣ даҳҳои китоби санъати тасвирӣ ва мавзеъҳои зебои мамлакатҳои гуногун ҷой доранд, ки бо мусаввара хонанда ҷаҳонбинии хешро метавонад такмил кунад. Масалан, силсилаи «Искуство книги» (Санъати китоб)-ро, ки он дар Москав аз чоп баромадааст, боз намуда, хонандаи мо метавонад бо анвои санъату ҳунар ва мавзеъҳои таърихии давраҳои гуногун ошноӣ пайдо намояд. Дар ин фонди шуъбаи нигоҳдории депозитарӣ барои кудакон китобҳое нигоҳдорӣ мешаванд, ки онҳо бо тасвирҳои кӯдакона, ҳикояҳои орододашуда бо мусаварраҳо, ишораҳои ҷолиб барои пур намудани зеҳни ахлоқӣ ва рушди маърифтаи кўдакон ва дигар нашрияҳо маҳфузанд.

  Умедворем, ки дар навиштаҳои баъдӣ аз муҳтаво ва таърихи баъзе китобҳои калонҳаҷми шуъбаи нигоҳдории депозитарӣ барои хонандаи закӣ маълумот пешниҳод намоем ва барои ба фонди мазкур аз наздик ошноӣ пайдо намудани истифодабарандагони китобхона рақамҳои ҷолибе дар миён гузорем.

Идигул Нусратуллозода,

сардори шуъбаи нигоҳдории депозитарӣ.

 

 

МАТОЛИБИ ДИГАРИ ИН БАХШ: