Китобҳои солинавӣ. Саидмурод Ҳоҷазод. “Забони тоҷикӣ”
Ин дастури таълимӣ-тахассусӣ, ки ҳамин чанд рӯз пеш чоп шудааст, фарогири грамматикаи забони тоҷикӣ, махсусан, имлои забони тоҷикӣ, матнҳо барои ихтисосҳои риштаи табиӣ-риёзӣ, пурсиш, машқу супоришҳои марбут ба мавзуъ, байтҳои пандуахлоқӣ мебошад, ки дар асоси усулҳои нави омӯзиши фани забони тоҷикӣ дар ҳамоҳангӣ бо ихтисосҳо мебошад. Дар пешгуфтор муаллифи китоб Саидмурод Хоҷазод навишта:
Забон дар ҳама давру замон василаи муошират, ибрози ақида, баёни матлаб ва муҳимтар аз ин, воситаи алоқаи байни одамон аст. Ба ин хотир, забон дар ҷомеа аҳаммияти калон дорад. Одамон бо ёрии он фикри худро баён мекунанд, аз мақсади якдигар огоҳ мешаванд. Забон дар ҷомеа одамонро муттаҳид ва азми онҳоро дар иҷрои корҳои муҳим ҳамбаста мекунад. Таълиму тадрис, ҳосил намудани маърифат низ бо воситаи забон роҳандозӣ мешавад. Аз ин рӯ, «Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020-2030», ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 ноябри соли 2020 тасдиқ гардидааст, бобати баланд бардоштани мақоми забони давлатӣ ва сифати таълими он нақши умда мебозад.
Бо мақсади роҳандозии талаботи ягона оид ба риояи имло мутобиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июни соли 2021 «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ва аломатҳои китобати забони тоҷикӣ» тасдиқ гардид. Ҳамаи ин тадбирҳо, дар маҷмуъ, барои рушду нумуъ ва густариши ҳамаҷонибаи забони тоҷикӣ ва савияи таълими он фазои муносиби сиёсиву маъмурӣ ва фарҳангию маънавиро фароҳам меоранд. Ҳоло забони тоҷикӣ ба сифати забони давлатӣ дар тамоми муассисаҳои таълимии мамлакат тадрис мегардад, аз ин рӯ, аз ҷониби устодони муассисаҳои олии мамлакат як силсила китоб, дастур ва воситаҳои таълимии забони тоҷикӣ барои тахассусҳои гуногун интишор гардидаанд.
Ба хотири вусъати бештари омӯзиши фанҳои табиатшиносию риёзӣ ва ташаккули тафаккури техникии насли ҷавон солҳои 2020-2040 «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» эълон гардид. Бо мақсади амалисозии ин тадбир ва ҷиҳати рушди тафаккури техникӣ, ҷалби бештари хонандагону донишҷӯён ва дигар қишрҳои ҷомеа ба омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ тасмим гирифтем, ки дастури таълимии «Забони тоҷикӣ»-ро барои донишандӯзони риштаҳои табиӣ ва риёзӣ таълиф намоем.
Китоб аз чаҳор боб иборат мебошад. Дар боби аввал оид ба «Мақоми забон дар ҷомеа, талаффуз ва имло» маълумоти мукаммал фароҳам омада, дар пешниҳоди мавзуъ ва пурсишу супоришҳо дидгоҳи нав мушоҳида мегардад. Қоидаҳои имло тарзи дурусти навишторро нишон медиҳанд, матнҳои тахассусӣ савияи дониши хонандаро боло мебаранд, супоришҳо ҷаҳони маънавии толибилмро ғанӣ мегардонанд, пораҳои шеърӣ савияи фикрро тақвият мебахшанд. Аксари матнҳо дастнахӯрдаанд, усули нави ифодаи маънои пораҳои шеърӣ ба ҷумлаҳо салиқаи баёни фикр бо матнро ташаккул ва нутқи хаттии донишҷӯро мураттаб мегардонанд.
Боби дуюм фарогири «Аломатҳои китобати забони тоҷикӣ» аст. Бо назардошти он ки дар қоидаҳои нави имлои забони тоҷикӣ аломатҳои китобат бо мисолҳои мушаххас асоснок шудаанд, айнан овардани онҳо зарур дониста шуд.
Ҳоло дар тамоми корхонаву муассисаҳо коргузорӣ ба забони давлатӣ роҳандозӣ шудааст. Ба ин хотир, боби сеюм «Санаднигорӣ» ном дошта, хонандаро бо тарзи дурусти навишти ҳуҷҷатҳо шинос менамояд.
«Маводи ёрирасони дитактикӣ» унвони боби чаҳоруми китоб буда, матнҳои тахассусиро дарбар мегирад. Аз ин мавод метавон дар навишти корҳои мустақилонаи донишҷӯ бо роҳбарии омӯзгор ба таври васеъ истифода кард.
Бахши «Луғат» чанде аз вожаву истилоҳоти соҳавиро фарогир аст, ки дар раванди тадрис коромад хоҳанд буд.
Китоб дар асоси «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ва Аломатҳои китобати забони тоҷикӣ», ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30-юми июни соли 2021, №268 тасдиқ шудааст, таълиф гардидааст.
Зарурияти таълим тақозо дошт, ки дастури мазкур дар муддати кӯтоҳ таълиф гардад, аз ин рӯ, агар иштибоҳе рух дода бошад, пӯзиш мехоҳем. Умедворем дастури мазкур дар нашрҳои минбаъда такмил хоҳад шуд.
Китоби “Забони тоҷикӣ” дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи устод Садриддин Айнӣ таҳия ва ба теъдоди ҳамагӣ 150 нусха чоп шудааст.
Таҳияи Мадина Ҳамидова, мутахассиси пешбари шуъбаи маркетинг ва менеҷменти фаъолияти китобдорӣ.