Китоб ва компютер дар раванди мутолиот
Агар ба китоб – ин ҳамроҳ ва ҳамдами қудратманд – ба дидаи обзори ҷиҳати мутолеа бингарем, муқоисаи он бо истифода аз китоби электронӣ мардум дўст доранд китоб ва рўзномаҳоро ба шакли суннатии он ламз карда ва ҳар куҷо, ки моил бошанд, мутолиа кунанд дўст надоранд достонеро аз тариқи поёнаи компютер бихонанд. Дар ин ҷо компютер обзори муносибе барои хондани як достон нест. Вале агар китобро обзори иттилоотӣ ба ҳисоб оварем, дигар масъалаи интиқоли иттилоот матраҳ мешавад.
Компютер навиштан ва хонданро роҳаттар ва пуётар мекунад. Аз тариқи китоб метавонем фаслҳоро баррасӣ кунем, дар ҳоле, ки аз тариқи обзорҳои электронӣ фаслҳо, ҷумлаҳо ва ҳатто калимаҳо қобили бозёбӣ ҳастанд ва хонанда метавонад матнро аз ҳар кадом, аз сутуҳи зикршуда ҷустуҷў кунад. Ҷустуҷў аз тариқи хондан аст, ки шабоҳати хондани китоб надорад. Хонанда ҳар матолибероё, ки ирода кунад, матни мавриди назари худро ба даст меоварад.
Вазифаи китобдор дар ҳифз ва нигаҳдории мавод ба манзури истифодаи ояндагон аз пайдоиши китобхона мавриди таваҷҷуҳ будааст. Бахусус, агар ин нигоҳдорӣ дар мавриди китобҳои нафис, қадима ва таърихӣ матраҳ буда бошад. Ҳамроҳ бо тағйир ва таҳаввули нақши китобхонаҳо илова бар ин, ки мебояд ҷавобгўи зеҳни ҷустуҷўгари муроҷиён бошад; аз уҳдаи вазифаи аз қабили интихоб, таҳия, созмондиҳии мавод бипардозад ва маҷмўи китобхонаро дар дастрасии хонандагон қарор диҳад. Бо рушди саҳеҳи манобеи иттилоот ба мушкилоти ғайрикитобӣ ва ба шакли электронӣ, ба қадру қимати китобдорон афзуда шуда ва дигар ошноии китобдор бо манобеи иттилоотии мавҷуд дар китобхона ва таҳияи обзорҳои китобшинохтии даруни китобхона кофӣ нест.
Ин сатрҳо аз китоби Сафар Сулаймонӣ ва Шаҳодат Абдураҳмонова “Услубҳои китобдорӣ ва иттилоотии тарғиби китоб” айнан иқтибос шуданд.
Китоб соли 2008 чоп шудааст ва онро хонандагон метавонанд дар Китобхонаи миллӣ мутолиа намоянд.
Мавзуна Назарова