Китобдорон шеваи кор дар Китобхонаи миллиро меомӯзанд
Дар рӯзи дуюми “Дарҳои боз” ба Китобхонаи миллӣ садҳо нафар аз тамоми вазорату идораҳо ва донишгоҳу дигар муассисаҳо ташриф оварда бо шароиту имконотҳои ин боргоҳи маърифат аз наздик ошно гардиданд. Мо бо чанде аз онҳо суҳбат кардем ва назару андешаҳои эшонро дар робита ба фаъолияти Китобхонаи миллӣ шунидем.
Китобдорони Китобхонаи марказии шаҳри Ҳисор субҳи барвақт ба Китобхонаи миллӣ омада саёҳат карданд. Онҳо бо хушнудӣ изҳор доштанд, ки ҳузурашон дар “Рӯзи дарҳои боз” кори онҳоро осон хоҳад кард.
Гулчеҳра Мирзоева – мудири китобхонаи мазкур ба кори шуъбаҳои хизматрасонӣ ба истифодабарандагон ва толори феҳристигории Китобхонаи миллӣ баҳои баланд дода, гуфт, ки чандин нозукиҳои кори онҳоро метавонад дар пешбурди фаъолияти худ тадбиқ созад. Аз рӯи соҳа ва ҳамчунин бо алифбо ҷобаҷогузории китоб дар рафҳои китобмонӣ ҳам кори китобдорон ва ҳам хонандаро осон мекунад.
Ӯ мегӯяд мо китобҳоро бештар аз рӯи номи муаллифон ҷобаҷо гузоштаем, вале вақте аз мо бо номи китоб дархост кунанд, каме корамон мушкил мешавад.
Гулҷаҳон Холова – мудири бахши адабиёти бадеии Китобхонаи марказии шаҳри Ҳисор аст, ӯ баъди саёҳат дар Китобхонаи миллӣ бо хушнудӣ қайд намуд, ки воқеан баргузории чунин ҳамоишу дидорҳо ба манфиат кор аст ва боиси ҷалби бештари хонандагон мегардад. Ӯ ҳамчунин гуфт, ки толори “Фурӯғи субҳи доноӣ…” барояш бисёр писанд омадааст ва тасмин дорад, гӯшаҳои китобҳои озмунро дар як толори калон дар китобхонаашон ташкил намояд.
“Мо низ дар доираи озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” китобҳоро ҷамъоварӣ намудаем ва вобаста ба номинатсияҳо ҷудо кардаем, вале тарзи кори толори “Фӯруғ…” дар Китобхонаи миллӣ беҳтар аст, чунки фонд низ озод аст ва хонандагон мустақилона китобҳоро дастрас мекунанд.
Маврид ба зикр аст, ки ҳадаф аз баргузории рӯзи “Дарҳои боз” низ шиносоии беҳтар бо имконотҳои Китобхонаи миллӣ ва ҷалби бештари ҳама қишрҳои ҷомеа ба китобу китобхонӣ ва китобхона мебошад. Бо ҳамин мақсад ҳамасола рӯзҳои 4-5 уми сентябр бахшида ба Рӯзи китоб Китобхонаи миллӣ тадорукоти бошукуҳи рӯзи “Дарҳои боз”-ро баргузор менамояд.