Китобдорони мо. Боймирзо Шукуров
Боймирзо Шукуров аз ҷумлаи маъруфтарин китобдорони кишвар буд. Вай соли 1929 ба дунё омада, соли 1994 дар синни 65-солагӣ аз олам рафт. Солҳои 1978-1988 вазифаи муовини директори Китобхонаи давлатии ба номи Абулқосим Фирдавсиро ба уҳда дошт.
Ў баъди хатми Омўзишгоҳи маданию маърифатии ноҳияи Рўдакӣ дар соли 1949 дар Китобхонаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абулқосим Фирдавсӣ чун китобдор кор кардааст. Баъдан дар мактаби муфаттишони прокуратураи шаҳри Ленинград (ҳоло Санкт-Петербург) таҳсил карда, соли 1962 Мактаби олии ҳизбии шаҳри Тошкандро ба итмом расонида, дар шаҳри Норак дар вазифаҳои масъули ҳизбию давлатӣ кор кард.
Хидмати Боймирзо Шукуров дар пешбурди фаъолияти илмии китобхонаи асосии ҷумҳурӣ калон аст. Ў чун раиси шўрои илмии китобхона дар таҳияю интишори дастурҳои илмию методӣ ва библиографӣ ҳиссаи арзанда гузошта, дар бобати ҳамкории китобхона бо муассисаҳои мадании Тоҷикистон ва берун аз он корҳои муфид ба сомон расонидааст.
Мавсуф муаллифу мураттиби маҷмўаю дастурҳои «Фаъолияти Китобхонаи давлатии Тоҷикистон дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ», «Роҳҳои баланд бардоштани хидмати библиографӣ ба аҳолӣ», «Китобхона ва ГЭС-и Норак», «Адибон дар Норак», «Саҳифаҳои ҳаёти бузург», «Эстафетаи коргарӣ», «Ҳақиқати бузурги ҳаёт», «Достони мардонагӣ», «Китобхона ва интихоботи совет-
ҳо», «Раҳим Ҳошим: Феҳрасти тарҷумаҳолӣ» ва ғайра мебошад. Очерку мақолаҳои зиёдаш дар саҳифаи матбуоти даврии ҷумҳурӣ ва берун аз он ба табъ расидаанд.
Соли 1980 сазовори унвони «Корманди шоистаи маданияти Тоҷикистон» гардидааст.
Сабоҳат Ибрагимова,
муовини сардори
шуъбаи коркарди адабиёт.