Китобе андар маърифати фарҳангии воқеоти зиндагӣ

Китоби Сироҷиддин Пирзода “Маърифаи фарҳангии воқеоти зиндагӣ” фарогири ҳикоёти воқеӣ ва хотироти ахлоқию тарбиявӣ буда, дар бартарафсозии камбудиҳои ҷомеа ва такмили авсофи инсонӣ нақши муассир мебозад. Он барои оммаи васеи хонандагон пешбинӣ шудааст.

Муаллиф дар сарсухани китоб овардааст, ки фарҳанг ва раванди омӯзишу парвариш (таълиму тарбия) аз оғози ҳаёти башарӣ ба ҳам тавъам буда, яке дигареро такмил медиҳад. Дар ин ҷода аҳли фарҳангу адаб ва мураббиёну омӯзгорон аз роҳу усулҳои гуногун истифода карда, саҳми худро дар таълиму тарбияи башарият мегузоранд.

Дар ин самт жанрҳои гуногуни адабиёт, аз чумла ҳикоя, очерк ва ёддошт натиҷаҳои басо судманду пурсамар дода, дар таъсиррасонии раванди таълиму тарбия нақши бориз доранд. Албатта, дар ин таъсиррасонӣ истеъдод ва истифодабарии гӯянда ва ё нависанда аз воситаҳои санъати бадеӣ дорои аҳаммияти зиёд аст.

Мо низ хостори хидмати кӯчаке дар ҷодаи фарҳанг, таълиму тарбия шуда, ҳикоёти шунида, мушоҳидаҳо ва баъзе хотиротамонро бо усули осон ва забони сода пешкаши хонанда намудем. Чун ҳикояҳо бо навбат шунида, мушоҳида ва гирдоварию китобат шуданд, онҳоро ба мавзуъҳои алоҳида тақсимбандӣ накардем. Аз ин хотир, санаи китобати қисми бештари онҳоро дар охирашон дарҷ намудем.

Ҳикояҳо мавзуъҳои мухталифро дар бар гирифта, хонандаро бо баъзе масоил воқиф месозанд ва дар рафъи бархе мушкилоти зиндагӣ кумак мерасонанд. Ба ин мазмун ҳикоятҳои “Гумон”, “Мулоқоти ронанда”, “Дар зиёратгоҳ”, “Дуои серҳосилӣ”, ки андар огоҳӣ аз хурофот ва рафъи он, ҳикояҳои “Арӯси найрангбоз”, “Пистафурӯш”, “Даъвои бақия”, “Сатили пур аз шир”, “Як ҳилаи фурӯш“, ки андар ҳилаву найранг, ҳикояҳои “Нигоҳи охирони мор”, “Ёрии гурба“, ки андар ҳамзистӣ бо хайвоноти аҳлӣ ва ёрии онҳо, ҳикояҳои “Кор дар ивази кор”, “Подоши шикебоӣ”, ки андар сабру таҳаммул, ҳикояҳои “Машварати падар”, “Як силӣ посух ба се савол”, “Андешаи худ“, ки андар истифода аз аклу мантиқ таълиф гардидаанд.

Баъзе хикояҳо мазмуни ҳазлу шӯхӣ дошта, хонандаро ба мулоҳиза ва дурандешӣ водор месозанд, монанди “Интизорӣ”, “Ошиқи кӣ будӣ?”, “Ҳамдардӣ”, “Шӯхии муносиб”, “Миҷгони сунъӣ” ва ғайра.

Ҳамин тавр, дар кисми аввали китоб ҳикоёти гуногунмазмунро ҷой дода, қисми дувуми онро ба мавзуи муҳоҷирати меҳнатӣ бахшидем ва андак хотироти худро низ рӯи авроқ овардем. Қисми дувумро метавон очерки сафарӣ номид, зеро дар он таассуроти банда аз ду минтақаи калони Федератсияи Россия, яъне шаҳрҳои Екатеринбург ва Санк-Петербург, аҳволи баъзе муҳоҷирон, фаъолият ва будубоши онҳо, инчунин кору пайкори тӯли беш аз ҳафт ҳафтаи дар муҳоҷирати меҳнатӣ доштаам мундариҷ гардидааст.

Дар қисмати севум ҷиҳати болидахотирии хонанда, якчанд латифаҳои дар ҳаёт таҳаққуқёфтаро рӯи авроқ овардем.

Ҳадафи мо аз баёни ин ҳикоёту хотирот панд гирифтану ислоҳ шудан аз костагиҳои ахлоқӣ ва нафъ расондан ба ҷомеаи башарӣ аст.

Ҳадаф аз гуфтаҳои мо бувад панд,

Бихону баргир аз он қавли судманд.

Барои шахси оқил қавли судманд,

Ҳазорон нафъ орад, дур кунад ранҷ.

Китоби Сироҷиддин Пирзода «Маърифати фарҳангии воқеоти зиндагӣ» ҳоло дар Китобхонаи миллӣ қобили дарёфт ва мутолаа мебошад.

Анўшаи Ҷамолиддин
мутахассиси пешбари
шуъбаи мукаммалгардонии фонд