Китобе аз мактаби сарварии Пешвои миллат
Дар монографияи «Мактаби сарварии сиёсии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ва дурнамои рушди он» хусусиятҳои ташаккули сарварии сиёсӣ дар шароити тағйирпазирии ҷомеаи Тоҷикистон таҳқиқ гардидааст.
Дар навбати аввал заминаҳои таърихию сиёсӣ ва назариявию методологии ташаккулёбии сарварии сиёсӣ таҳлилу баррасӣ гардида, хусусиятҳои муҳимми рушди ниҳоди сарварӣ дар Тоҷикистони соҳибистиқлол таҳқиқ гардидааст.
Дар китоб раванди ташаккули мактаби сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мавриди омӯзиш қарор дода шудааст. Натиҷаҳои таҳқиқот барои ташаккули ниҳоди сарварӣ ва мактаби сарварии сиёсӣ аҳамияти илмию назариявӣ дошта, ба рушди Мактаби сиёсии Пешвои миллат заминаи илмӣ гузошта, метавонад.
Масъалаи назария ва амалияи сарварии сиёсӣ дар замони соҳибистиқлолии кишварамон аз тарафи муҳаққиқони гуногун мавриди омӯзиш ва баррасӣ қарор дода шудааст. Дар таҳқиқоти мазкур мафҳум, моҳияти иҷтимоӣ, омилҳои мухталифи ташаккули он ва хусусиятҳои мактаби сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мавриди баррасӣ қарор дода шудааст.
Муаллиф дар пешгуфтори китоб навиштааст, ки барои таҳлили ин мавзуъ як қатор масъалаҳои баҳснок мавҷуданд, ки ҳалли онҳо пажӯҳиши нави илмиро талаб менамояд. Аз ин хотир, таҳқиқоти маҷмуавии проблемаи мазкур дар шароити имрӯзаи Ҷумҳурии Тоҷикистон хеле рӯзмарра ба ҳисоб рафта, дар доираи илмҳои сиёсӣ муҳимияти махсус дорад. Таснифоти умумии сарварӣ барои муайян намудани фарқияти ҷиҳатҳои дохилӣ ва самтҳои дуюминдараҷаву вобаста зарур аст. Ба тариқи муайян таснифоти сарварии сиёсӣ, замина ва сарчашмаҳои он, воситаҳои мухталифи сарварӣ ва натиҷаҳои амалишавии он, сарқадот ва доираи онҳо бояд муайян гарданд. Мушкилиҳое, ки муҳаққиқон дар таҳқиқи масъалаи мазкур рӯ ба рӯ шудаанд, дар таҳқиқи нокифояи чунин фарқиятҳо зоҳир мегардад, Аз ин рӯ, бояд таснифоти ҷиддӣ дар мафҳуми «сарварӣ» пешниҳод карда шавад. Дар ин ҷо душворӣ дар он зоҳир мегардад, ки доираи ин мафҳум, ки дар забони англисӣ ташаккул ёфтааст, истифодаи дигар мафҳумҳоро, ки барои ифода намудани дигар шаклҳои идоракунӣ ва роҳбарӣ истифода мешуданд, маҳдуд намуда, онҳоро дуюминдараҷа гардонидааст.
Фаъолияти сарвари сиёсӣ дар давраи гузариш дар доираи равандҳои демократикунонии ҷомеа ва дар доираи меъёрҳои ҳуқуқӣ ба роҳ монда мешавад, ки ҳамчун танзимкунандаи муносибати тарафайни сарвар-пайравон» баромад менамоянд. Чунин меъёрҳои ҳуқуқӣ легитимияти қабул ва амалӣ намудани қарорҳои сиёсиро таъмин намуда, ба трансформатсияи сарварӣ ҳамчун институти системаи сиёсӣ мусоидат менамоянд.
Хонандагон китоби Диловар Саидзода «Мактаби сарварии сиёсии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ва дурнамои рушди он»-ро метавонанд дар Китобхонаи миллӣ мутолиа намоянд.
Фарзона Шарифова,
мутахассиси шуъбаи
мукаммалгардонии фонд.