Китобе аз “Маликаи ҷиноят” Агата Кристи бо дархости хонанда
Агата Кристӣ машҳуртарин нависандаи достонҳои ҷиноӣ дар ҷаҳон аст. Аз ҷумлаи нависандагонест, ки китобҳояш беш аз дигарон ба забонҳои гуногун тарҷума ва нашр шудааст.
Агата Кристӣ бо номи мустаори Mary Westmacott достонҳои ошиқона ва романтикӣ низ навиштаасст, вале шуҳрати аслиаш барои 66 романи ҷиноии ӯст.
Агата Кристӣ ҳамчунин муаллифи тӯлонитарин намоишнома дар ҷаҳон бо номи The Mousetrap мебошад, ки аз соли 1952 то 2020 дар West End иҷро шуд. Достонҳои ӯ на танҳо лақаби “Маликаи ҷиноят”-ро барояш ба армуғон оварданд, балки вайро ба унвони яке аз муҳимтарин нависандагоне, ки дар роҳи тавсеа ва такомули достонҳои ҷиноӣ кӯшидаанд, низ муаррифӣ ва матраҳ карданд.
Агата Кристӣ дар китоби Рекордҳои Гиннес мақоми аввал дар миёни пурфурӯштарин нависандагони китоб дар тамоми давронҳо ва мақоми дуввум (баъд аз Вилям Шекспир) дар ҳар заминаеро ба худ ихтисос додааст. Тахмин зада шудааст, ки як миллиард нусха аз китобҳои ӯ ба забони аслӣ (инглисӣ) ва як миллиард нусхаи дигар дар тарҷумаҳои гуногун ба 103 забони дунё ба фурӯш расидааст.
Маҳбубияти ҷаҳонии Кристи ба он дараҷа аст, ки ба таври мисол дар кишваре чун Фаронса теъдоди китобҳое, ки аз ӯ то соли 2003 ба фурӯш расида, болиғ аз 40 миллион ҷилд будааст.
Аз рӯи аксари достонҳои ӯ филмҳо бардошта шудаанд, ки “Қатл дар қатори сареъулсайри Шарқ”, “Марг дар рӯдхонаи Нил” аз ҳамин ҷумла мебошад.
Бо дархости хонанда Ҳасан Солиев як китоби Агата Кристиро бо номи “Расследование ведёт Пуаро” ин ҷо мегузорем.