Китобе аз нақши матоъҳои миллӣ

нақши матоъҳои миллӣДар китоби “Нақши матоъҳои миллии тоҷикон”, ки соли 2017 чоп шудааст,  дастранҷи  барандаи  Ҷоизаи  Камоли  Хуҷандӣ, Аълочии  фарҳанги  Ҷумхурии   Тоҷикистон  Музаффар  Махмадҷонов  гирд  оварда шудааст, ки  дар он оид  ба  таърихи   падойши  матоъи  абрешим  ва  нақшу нигори он, нақшҳои  эҷодкардаи  муаллиф ва шогирдони  ў маълумоти  муфассал  пешниҳод  гардидааст

Муаллифи пешгуфтори китоб  Мавзуна Ваҳҳобова навиштааст, ки Музаффар  Мамадҷонов аз  зумраи он эчодкоронест, тавассути сеҳри кеҳри қаламу штрихҳо, рангҳои обиву мўқалам табиати  афсункори Ватанро дар як пораи варақ ғунҷоиш медиҳаду  чаманистони  дилфиреби зодгоҳ  дар рўи  матоъ  баҳори  ҳамешагӣ  пайдо мекунанд.

Гузашта аз ин Музаффар  Мамадҷонов  мутахассисе  мебошад, ки баҳори  ватанро барои  матоъҳо  мекашаду  он дар  шакли   либос андоми базеби занону  духтаронро  зеб  медихад. Ӯ мутахассиси касби худ мебошад, зеро нақшҳои атласу адрасро кашида, барои  истеҳсол тайёр месозад.

Зиндагии  ў 60  сол  муқаддам  оғоз гашта буду бо гузашти  фурсати  кўтоҳ  даврони  бачагиаш  паси  сар  шуд. Вақте  сохиби  номаи  камол  гашт, ҳуҷҷатҳояшро ба факултаи  расм  ва  нақшакашии   Донишкадаи  давлатии  омўзгории  Ленинобод  ба  номи  С. М. Киров  супурд  ва  донишҷӯ гашт. Азбаски  нисбати  муқаддасот  ва  боигарии  ватан ҳувийяти  баланд  дошт, хост  ҳама донишу малака ва  истеъдоди  худододашро  барои  такмил  додани санъати  волои  тоҷик  сарф  кунад. Аз  ин  лиҳоз,  фаъолияташро  аз  комбинати  шоҳибофии    «Абрешим»  ба сифати  рассом  дар  нақши  матоъ  оғоз   бахшид.   Нақшҳое  ки  ў  барои  матоъҳои  атласу  креплинин  ва  крепсатин меофарид, ба харидор писанд меомаданд ва  дар  муддати  кутоҳтарин  ба фурўш мерафтанд.  Бояд  тазаккур  дод, ки дар даврони  Шўравӣ  ба  ин намуди  матоъ  таваҷҷўҳ  бештар буд  ва  аз  ин  лиҳоз,  кормандони комбинат низ вобаста ба талаботи матоъ истеҳсол  мекарданд.

Барои   нақшофарӣ   Музаффар  Мамадҷонов  бисёр  фикр  мекунад, бештар аз таъриху маданият, фарҳангу хувийяти ватандории  эҷдодонамон  мулоҳиза мулоҳиза   меронад, китоб  қомусҳоро варақ   мезанад. Зеро медонад, ки бе донистани таъриху фарҳанги гузаштагон аз боби  мўди имрўзаву оянда  ҳарф  задан ғайриимкон  аст.

Маъхазҳои таърихӣ шаҳодат медиҳанд, ки дар давраи кадими  тоҷикон пӯшидани либосҳои пахтагӣ ва абрешимиро дўст медоштанд, бинобар ин, ба рушди ин намуди санъати бофандагӣ марок зоҳир мекарданд. Гузашагони  мо  матоъҳои қаламчаву алоча, читу атлас, адрасу бекасаб ва бахмалро ба бар карда, дар бозори ҷаҳонӣ, тавассути  Роҳи бузурги Абрешим молу матоъҳои худро ба фурўш мебароварданд.

Маҳз ҳамин меҳр нисбат ба ин намуди ҳунармандӣ, ишқ нисбати матоъҳои худӣ ва талабот ба ин навъи либосворӣ буд, ки дар даврони Шўравӣ ба такомули ин намуди маҳсулот таваҷҷўҳи бештар дода мешуд.

Соли 1932 Комбинати»Абрешим»-и шаҳри Хуҷанд ба фаъолият оғоз кард. Дар муддати кутоҳ ба ин комбинати таҷҳизоти нав насб гашта, барои ба даст овардани навгониҳои истеҳсолӣ замина гузошта шуд. Гузашта аз ин, ҳаҷми истеҳсолот чандин карат афзуда, корхона бо иқтидори беш аз 11-ҳазор коргар  дар се баст фаъолияти шабонарўзӣ дошт. Ана дар ҳамин солҳо Музаффар  Маҳмадҷонов ҳамчун  фидоии  касб барои кори  комбинату харидоргир  шудани маҳсулоти он талош варзида, тавассути тахайюли бою рангин ва дониши чуқураш аз таърихи ҳалқи тоҷик нақшҳои ҷолибу нишонрас ва чашмрабо меофорид. Нақшҳое, ки ў барои истеҳсоли матоъ мекашид, аз ҳар ҷихат намуди миллӣ доштанд ва бе муболиға таърихи  кўҳани халқи тоҷикро мунъакис месохтанд.

Китоби “Нақши матоъҳои миллии тоҷикӣ”-ро дар толори хониши шуъбаи адабиёт доир ба фарҳанг ва ҳунар дарёфт ва мутолиа карда метавонед.

Таҳияи
Салима ОДИНАЕВА,
м
утахассиси шуъба