Китобе аз таърихи адабиёт
Ин китоб “Адабиёти тоҷик дар асрҳои XIII – XV» ном дошта, муаллифаш Одинамаҳмад Шамсиддинов мебошад. Китоб соли 2024 дар Рашт чоп шудааст ва як дастури илмиву омӯзишӣ барои донишҷӯён ва пажӯҳандагони ҷавони адабиёти тоҷик мебошад.
Чуноне аз муқаддима мехонем, курси мазкур барои тайёр намудани мутахассисони ояндаи соҳаи омӯзгорӣ, ихтисоси 1-020301 «Забон ва адабиёти тоҷик» дар гурӯҳҳои академӣ пешбинӣ шудааст. Курс ба омӯзиши масъалаҳои таърихи пурбори адабиёти тоҷик, марҳилаҳо, заминаҳои эҷодиёти шоирону нависандагони гуногун, умумият ва бартарияти асарҳои дар ин давра эҷодшуда ва омӯзиши матни осори адибон ҳанғоми сӯҳбат, гузаронидани машғулиятҳои лексионию амалӣ бо донишҷӯён ва омӯзиши як силсила масоили дигари илми адабиётшиносиро дар бар мегирад.
Ҳадафи курси таърихи адабиёти тоҷик ба донишҷӯён омӯзонидани осори адибон дар ин давраи таърихӣ эҷодшуда, вижагиҳои ин осор, фарқияту бартарии асарҳои адибон, ҷараёни адабӣ, мактабҳои эҷодӣ дар ин давра ва шинохти масъалаҳои асосии матни осори адибони ин давра, анвои назм ва васр, сабки осори адибон, шакли осори бадеӣ ва адабиёт мебошад. Ҳарчанд ки донишҷӯён дар курсҳои якум ва дуюм ба баъзе вижагиҳои ин фан ҳангоми омӯзиши курси адабиёти қадим, фолклор, адабиёти асрҳои Х-ХII? назмшиносӣ, шинос шаванд. Илова бар ин, дар курси сеюм имконият пайдо мекунанд, ки ба пуррагӣ ба масоили баҳси ин фан ворид шаванд ва онро ҳамаҷониба ҳифз намоянд.
Курси таърихи адабиёти тоҷик ба донишҷӯён дар бораи рушду инкишофи адабиёти форсии тоҷикӣ дар асрҳои XIII – XV баррасии маводи тазкираву сарчашмаҳо роҷеъ ба шахсиятҳои алоҳида, мероси адабии онҳо, вижагии осори адибон, фарқу умумияти мероси адабии онҳо аз адибони гузашта ва оянда, мавҷудияти нусхаҳои осори ин шоирон дар китобхонаҳои олам, эҷоди рисолаҳои адабиётшиносӣ дар ин давра, тазкираҳову моҳияти онҳо ҳамчун сарчашмаи муҳимми омӯзиши рӯзгору осори адибон, мундариҷаи осори дар ин давра эҷодшуда, ғояиҳои олии адабиёт дар ин давра, афкори илмӣ-адабиётшиносии ин марҳилаҳо ва ғайра баҳс мекунад, ки дар ҳамбастагӣ бо илмҳои дигар, аз ҷумла, назмшиносӣ, фолклор, сабкшиносӣ ва таърихи адабиётшиносӣ таълим дода мешавал. Илова ба ин, ҳангоми таълими фанни мазкур ба донишҷӯён дар бораи роҳҳои нави омӯзиши таърихи адабиёт, сабку услуби эҷодии адибони ин давра, маводи тазкираҳои тоҷикию форсӣ роҷеъ ба таърихи адабиёт, рӯзгору осори адибон, фунуни адабӣ, айвон санъатҳои маънавӣ, анвои санъатҳои лафзӣ, маводи фаровон аз осори устодони каломӣ бадеъ – Мавлавии Румӣ, Саъдии Шерозӣ, Сайфи Фарғонӣ, Сайфи Исфарангӣ, Ибни Ямини Фарюмадӣ, Убайди Зоконӣ, Амир Хусрави Деҳлавӣ, Ҳасани Деҳлавӣ, Ҳофизи Шерозӣ, Салмони Соваҷӣ, Хоҷуи Кирмонӣ, Камоли Хуҷандӣ, Ҳусайн Воизи Кошифӣ, Абдурраҳмони Ҷомӣ ва дигарон маълумоти пурра дода мешавад.
Мақсади асосии омӯзиши курси таърихи адабиёт аз он иборат аст, ки ба омӯзгорони оянда фарҳанги адабиётшиносӣ, роҳҳои хуби дарки комили адабиёт, меҳр ба сухан ва суханварию сухангустариро омӯзонем, то онҳоро дар рӯҳияи эҳтироми маданияту фарҳанги миллӣ тарбия намоем…
Идомаи ин муқаддимаро шумо, хонандагони азиз метавонед аз китоб, ки ҳоло дар Китобхонаи миллӣ дастрас аст, бихонед.
Фарзона Шарифова,
мутахассиси шуъбаи
мукаммалгардонии фонд.