Китобе аз таърихи навтарини давлатҳои Аврупо ва Амрико

Аврупо ва АмрикоМуаллифи ин китоб Мирзо Мирзоев буда, бо Қарори Шурои илмӣ-методии ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ чоп шудааст. Дар пешгуфтор омадааст, ки  давраи навтарини таърихи давлатҳои Аврупо ва Амрико мисли дигар давлатҳои ҷаҳон аз чоряки асри ХХ, аз октябри соли 1917 яъне аз Ғалабаи Инқилоби Кабири Сотсиалистии Октябр оғоз ёфта, то замони имрӯзаро дарбар мегирад.

Таърихи навтарини давлатҳои Аврупо ва Амрико се давраро дарбар мегирад: давраи аввал аз октябри соли 1917 то хотимаи ҷанги дуюми ҷаҳон (1945) – давраи таъсири ғалабаи инқилоб, паҳншавии ҳизби коммунистӣ дар давлатҳои ҷаҳон, таъсиси ҳизби фашистӣ ва паҳншавию рақобати он бо низоми сохти сотсиалистӣ мебошад: давраи дуюм, аз сентябри соли 1945 то соли 1990-ро дарбар мегирад, ки давраи устуворшавии тартиботи сотсиалистӣ, инқилобҳои ранга ба шумор меравад: давраи сеюм аз соли 1990 то имрӯзро дарбар гирифта – давраи бо ном демократия маълум аст.

Давраи таърихи навтарини давлатҳои Аврупо ва Амрико дар заминаи дастовардҳои назариявии илми муосири таърих, берун аз ҳамагуна чорчубаи идеологӣ ва диди нав таълим дода мешавад. Таърихи давлатҳои Аврупо ва Амрико, ки ҷузъи таърихи башар мебошанд, дар пайвастагӣ бо даврабандии таърихи инсоният тадрис мешавад. Албатта дар рафти таълими он хусусиятҳо ва омилҳои миллӣ, нуқтаи назари олимони шинохтаи дохилию хориҷӣ ба асос гирифта мешавад.

Доир ба давраи навтарини давлатҳои Аврупо ва Амрико низ миёни олимон назарияи ягона мавҷуд нест. Дар аксарияти давлатҳои номбурда фаъолияти ҳизби коммунистӣ ба назар расида, онҳо пешвоёни инқилобӣ ба шумор мерафтанд, ки дар рафти ин инқилобҳо ҷумҳуриҳои сотсиалистӣ таъсис ёфтаанд, аз ҷумла Ҷумҳурии Сотсиалистии Веймар, Чилӣ, ҶДО, Куба, Чин, Ветнам, Корея ва ғайра. Натиҷаҳои Ҷанги дуюми ҷаҳон шумораи давлатҳои сотсиалистиро аз ҳисоби ҷумҳуриҳои Аврупои Шарқӣ зиёд намуд. Дар рафти омӯзиши таърихи навтарини ин давлатҳо бо фикру ақидаҳои гуногуни олимон бармехурем, ки онҳо дар бораи даврабандии ин таърих фикри ягона надоштанд. Баъзе аз онҳо давраҳои таърихи навтаринро чунин тақсим намудаанд:

Давраи аввал солҳои 1917-1939, давраи дуюм солҳои 1939-1985, давраи сеюм 1985 то имрӯз.

Гурӯҳи дигар бошад, чунин тақсим намудаанд: якум солҳои 1918-1945, дуюм солҳои 1945-1990, сеюм солҳои 1990 то имрӯз. Масъалаи дигари баҳсталаб ин муайян намудани давраҳои Ҷанги дуюми ҷаҳон мебошад, ки аз тарафи як гурӯҳ олимон он бо назардошти Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба панҷ давра ва аз тарафи гурӯҳи дигари олимон бошад, он ба се давра тақсим карда шудааст.

Китоби  Мирзо Мирзоев “Таърихи навтарини двлатҳои Аврупо ва Амрико (солҳои 1918-1945)” ҳоло дар Китохонаи миллӣ қобили дарёфт ва мутолиа мебошад. 

Фарҳоди Салим, мутахассиси
пешбари шуъбаи мукаммалгардонии фонд.