Китобе аз таърихи тоҷикон, ки 116 сол пеш дар шаҳри Тошканд чоп шуда буд

Дар миёни осори нодири таърихию илмии Китобхонаи миллии Тоҷикистон асарҳое мавҷуданд, ки на танҳо арзиши библиографӣ, балки аҳамияти бузурги таърихӣ, фарҳангӣ ва илмӣ доранд. Яке аз чунин асарҳои нодир асари пажӯҳишии шарқшиноси маъруфи рус А. Александр Поликарпович Шишов (1860-1936) “Таджики. Этнографическое и антропологическое исследование” мебошад, ки ба омӯзиши ҳаёти таърихӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва этнографии тоҷикон бахшида шудааст.
Нусхае, ки дар бойгонии депозитарии Китобхонаи миллӣ маҳфуз аст, соли соли 1910 дар шаҳри Тошканд ба табъ расида, қисми якуми он “Этнография” (мардумшиносӣ) мебошад. Аз рȳйи андешаи муаллиф китоби «Тоҷикон» бояд аз ду ҷилд навишта мешуд, вале барояш навиштани танҳои ҷилди аввали он, ки ба этнографияи мардуми тоҷик бахшида шуда буд, муяссар гардид.
Зикр бомаврид аст, ки қисмате аз ҷилди аввали «Тоҷикон» соли 1911 дар маҷаллаи «Средняя Азия», ки дар шаҳри Тошканд чоп мешуд, ба табъ расид. Шишов тадқиқоти худро дар бораи этнография ва антропология (инсоншиносӣ) дар давраи Ҳукумати Шȳравӣ идома дод. Китоб ба забони русӣ таълиф гардида, дар замони худ як тадқиқоти муфассал оид ба ҳаёти тоҷикон ба шумор мерафт. Асар ба даврае тааллуқ дорад, ки омӯзиши этнографии халқҳои Осиёи Марказӣ дар доираи илмӣ таваҷҷуҳи бештар пайдо мекард. Аз ин рӯ, он имрӯз низ ҳамчун сарчашмаи муҳим барои омӯзиши таърихи этнография ва фарҳанги тоҷикон аҳамияти худро нигоҳ доштааст.

Муаллифи китоб Александр Поликарпович Шишов (1830-1936)-муҳаққиқ ва этнографи рус буда, ба омӯзиши халқҳо ва фарҳанги Осиёи Марказӣ таваҷҷуҳи махсус дошт. Фаъолияти илмии ӯ бо муҳити Туркистон ва таҳқиқи ҳаёти мардумони минтақа алоқаманд буд. Шишов аз ҷумлаи муҳаққиқоне ба шумор меравад, ки дар асри XX барои ҷамъоварӣ ва ба низом даровардани маълумоти этнографӣ дар бораи халқҳои Осиёи Миёна саҳм гузоштаанд.
Гарчанде Александр Шишов на муаррих, балки табиб буд, вале мутолааи ду асари мондагори ӯ “Сартҳо” ва “Тоҷикон” нишон медиҳад, ки дар таърихнигорӣ дасти болое доштааст. Ӯ ба масъалаҳои таърих, фарҳанг, этнография ва тарзи зиндагии халқҳои минтақа таваҷҷуҳ зоҳир намуда, натиҷаи мушоҳидаҳо ва тадқиқоти худро дар асарҳои илмӣ инъикос кардааст. Дар байни осори ӯ асарҳое, ки ба омӯзиши сартҳо ва тоҷикон бахшида шудаанд, ҷойгоҳи махсус доранд.
Китоби “Таджики” аз нигоҳи мазмун ва доираи масъалаҳои мавриди омӯзиш асари бисёрҷанба мебошад. Муаллиф дар он кӯшиш кардааст, ки паҳлуҳои гуногуни ҳаёти тоҷиконро дар асоси маълумоти ҷамъоваришуда ва маводи мавҷудаи илмӣ инъикос намояд. Дар асар масъалаҳои марбут ба тарзи зиндагии мардум, муҳити иҷтимоӣ, урфу одат, расму оин, муносибатҳои оилавӣ, анъанаҳои миллӣ, касбу ҳунар эътиқодҳои мардумӣ ва дигар ҷанбаҳои ҳаёти ҷомеа мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифтаанд.
Аҳаммияти асосии ин китоб дар он зоҳир мегардад, ки он маълумоти гуногунро дар бораи ҳаёти тоҷикон дар як давраи муҳими таърихӣ ҷамъоварӣ ва сабт намудааст. Аз ин рӯ, асар барои муҳаққиқони соҳаҳои таърих, этнография, антропология, фарҳангшиносӣ, фолклоршиносӣ ва ҷомеашиносӣ манбаи ҷолиби илмӣ ба ҳисоб меравад.
Бояд таъкид намуд, ки ки ҳар як асари таърихӣ дар заминаи шароити илмӣ ва иҷтимоии замони худ навишта мешавад. Аз ин рӯ, чуноне таҳлилгарон ва донишмандони соҳа мегӯянд, ҳангоми истифодаи китоби “Таджики” ҳамчун сарчашмаи илмӣ баяд хусусиятҳои методология ва истилоҳоти ибтидои асри XX ба назар гирифта шаванд. Бо вуҷуди ин, арзиши таърихию этнографии асар хеле бузург буда, он ҳамчун ҳуҷҷати муҳими таърихи омӯзиши тоҷикон аҳамияти худро гум накардааст.
Китоб инчунин аз нуқтаи назари таърихи китобдорӣ ва мероси хаттӣ арзиши махсус дорад. Нашри соли 1910 будани он нишон медиҳад, ки китоб ба давраи аввали рушди таҳқиқоти илмии муосир дар Осиёи Марказӣ тааллуқ дорад. Ҳамин гуна нашрияҳо имрӯз ҳамчун осори нодири чопӣ ба мероси илмӣ ва фарҳангии китобхонаҳо дохил мешаванд. Нигоҳдорӣ ва муаррифии чунин китобҳо аҳамияти муҳим дорад. Зеро тавассути муаррифии осори нодир хонандагон, донишҷӯён, омӯзгорон ва муҳаққиқон метавонанд бо сарчашмаҳои арзишманди таърихӣ шинос шаванд. Китоби “Таджики” на танҳо як воҳиди нигоҳдории китобхона, балки як қисми муҳими мероси илмӣ-таърихии марбут ба омӯзиши халқи тоҷик мебошад.
Қобили зикр аст, ки соли 2025 Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ин китоби пурарзиши Александр Поликарпович Шишовро бо номи “Тоҷикон” аз силсилаи “Тоҷнома” (Тоҷикон дар масири тамаддун) чоп кард. Ин иқдом барои боз ҳам бештар омӯхтан ва дастраси муҳаққиқон, донишҷӯён, омӯзгорон ва ҳамаи алоқамандони таъриху фарҳанги миллӣ намудани мазмуну муҳтавои асари мазкур аҳамияти муҳим дорад.
Нусхаи аслии асар, ки соли 1910 дар шаҳри Тошканд ба нашр расидааст, дар шуъбаи депозитарии Китобхонаи миллии Тоҷикистон маҳфуз мебошад. Ҳузури ҳамзамони нусхаи аслӣ ва тарҷумаи тоҷикии он имконияти хуберо фароҳам меорад, ки хонандагон бо ин осори нодир аз наздик шинос шуда, онро дар шакли аслӣ ва тарҷумашуда мутолиа намоянд.
Бунафша АБДУЛЛОЗОДА,
корманди шуъбаи депозитарӣ.