Китобе аз зиндагӣ ва осори маъруфтарин театршиноси тоҷик Низом Нурҷонов

Низом-НурчоновИн китоб соле қабл бахшида ба 100-солагии яке аз чеҳраҳои тобноки илми тоҷик, санъатшинос, профессор Низом Нурҷонов бо талоши Муҳаммадуллоҳ Табарӣ дар шаҳри Душанбе чоп шудааст.

Ташаккули илми теартршиносии тоҷик аз аввали садаи 20 оғоз ёфта бошад ҳам, пас аз ҷанги дувуми ҷаҳон (солҳои 1939 – 1945) рӯ ба равнақу ривоҷи бештар ниҳода, дар оғози солҳои 50-уми асри 20 босуръат ва рушди бесобиқа такмил ёфт. Ин давраро метавон ҷараёни ташаккул номгузорӣ намуд. Ба ин раванди санъатшиносии тоҷик Арбоби санъати Тоҷикистон, барандаи ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, доктори илмҳои санъатшиносӣ, профессор Низом Ҳабибуллоевич Нурҷонов (1923-2017) асос гузошт.

Низом Нурҷонов зодаи шаҳри Бухоро буда, айёми тифлиаш дар ноҳияи Регар (ҳоло шаҳри Турсунзода) гузаштааст. Таҳсилоти миёнаро низ, дар ҳамин ҷо гирифт. Шавқу завқи беандоза ба санъат ӯро пас аз хатми институти педагогии шаҳри Душанбе (ҳоло донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ) ба аспирантураи Институти таърих, забон ва адабиёти филиали тоҷикистонии Академияи илмҳои ИҶШС овард. Муҳаққиқ дар қатори олимони маъруфи тоҷик Н. Неъматов, А. Мухторов, Р. Амонов таҳти сарварии олими шинохта М.С. Андреев кори илмиро оғоз намуда, оид ба фолклор ва этнографияи минтақаи Варзоб мавод ҷамъ овард.

Соли 1948 ба экспидитсияи мардумшиносии Кӯлоб, ки бо он Н.К. Писарчик роҳбарӣ менамуд, ҳамроҳ шуда, ҷамъоварӣ ва сабти маводи мардумшиносиро меомӯзад. Пас аз марги М.С. Андреев – Н. Ҳ. Нурҷонов барои идомаи таҳсил ба шуъбаи ленинградии Институти мардумшиносии ба номи Н. Н. Миклухо – Маклай фиристода мешавад. 8 декабри соли 1951 таҳти роҳбарии мардумшинос – тоҷикшиноси машҳури рус Н. А. Кисляков дар мавзуи «Манбаъҳои театри мардумии тоҷикон (дар мисоли вилояти Кӯлоб)» рисолаи номзадӣ дифоъ менамояд.

Шавқу завқи муҳаққиқи ҷавонро ба санъати театр мушоҳида намуда, театршиноси шинохта Г.А.Уварова ба тарбияи ӯ машғул мегардад. Онҳо доир ба театри рус ва ҷаҳон, усулҳои маъмулии тадқиқоти театршиносӣ, заминаҳои фолклории театр ва дигар масоили марбут ба театр дуру дароз бо ҳам суҳбат менамуданд. Олими машҳур ба шогирдаш таъкид менамуд, ки малака ва маҳорати аз бар намударо ҳамаҷониба истифода бурда, онро сайқал диҳад. Бо ин мақсад Г.А. Уварова ба Н. Нурҷонов маслиҳат медиҳад, ки роҷеъ ба ҳаёт ва фаъолияти эҷодии Артисти халқии СССР М. Қосимов рисолаи махсусе таълиф намояд…

Ин як пора аз мақолаи номзади илмҳои таърих Муҳаммадуллоҳ Табарӣ иқтибос шуд, ки дар китоб омадааст. Идома мақоларо, ки як таҳлили басо фарогири зиндагӣ ва фаъолияти олими маъруф Низом Нурҷонов мебошад, аз китоби “Низом Нурҷонов ва театри тоҷик” хоҳед хонд.

Китоб дар Китобхонаи миллӣ қобили дарёфт аст.

Фарзона Шарифова,
мутахассиси шуъбаи
мукаммалгардонии фонд.