Китобе барои донишҷӯёни риштаи тарҷумонӣ, забонҳои хориҷӣ ва рӯзноманигорӣ
“Забони тоҷикӣ”. Муаллифон: Саодатшо Матробов, Мунаввара Усмонова, Рӯзафзун Ғуломалиева. Китоб соли 2013 бо қарори мушовараи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27-уми апрели соли 2013 чоп шудааст. Ба он докторони илмҳои филологӣ, профессорон Б.Камолиддинов, Ш. Исмоилов, О.Маҳмадҷонов ва номзади илмҳои филологӣ А.Мирбобоев тақриз навиштаанд.
Муаллифон дар пешгуфтор овардаанд: Пас аз истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми забони точикӣ, ки суннатҳои қадимӣ дошта, дар ташаккули тамаддуни умумибашарӣ мақоми хоса дорад, дар низоми сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва илмӣ-фарҳангии кишвар бештар таҳким ва густариш ёфт ва ин забон ба забони давлатии кишвар табдил ёфт. Чунин низом тақозо менамояд, ки ҳам забонҳои миллӣ ва ҳам забонҳои муоширати байни миллатҳо ба таври амиқ омӯхта шавад, то ғановату имконоти забон дар таҳкиму густариши алоқаҳои гуногуни байни инсонҳои муосир ба таври муфид ва самарабахш истифода гардад. Вобаста ба ин нукта имрӯз масъалаи таълим ва тадриси забон, такмили равишу усулҳои самарабахши омӯзиши он ба яке аз мавзуъҳои муҳими ҳаёти ҷомеаи имрӯза мубаддал гардидааст. Пайдо намудани роҳҳо ва усулҳои муассири таълими забон, истифода аз методҳои нав ва санҷидашуда, ба кор бурдани таҷрибаҳои беҳтарини омӯзиш ва навовариҳо дар ин бахш ва такмили онҳо аз масъалаҳои муҳиме ба шумор мераванд, ки имрӯз дар фарорӯи ҷомеа қарор гирифтаанд.
Аз ин рӯ, эҳтиёҷ ба таълими самарабахши он дар тамоми сатҳҳои низоми маориф, аз ҷумла дар мактабҳои олӣ ба таври назаррас афзудааст. Гузаштан ба низоми таҳсилоти кредитӣ, ки талаботи замон мебошад, яке аз дастовардҳои бузурги Истиқлол дар соҳаи маориф маҳсуб меёбад. Ҳоло марҳилае фаро расидааст, ки забони давлатӣ дар мактабҳои олӣ аз рӯи ихтисос тибқи Стандарти давлатии таълимии маълумоти олии касбӣ таълим дода шавад.
Дар Стандарти давлатии таълимии маълумоти олии касбӣ оварда шудааст: «Забони тоҷикӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ аз рӯи ихтисос дарс дода мешавад. Дар ин соатҳо истилоҳҳо, таъбирҳо, мафҳумҳо, тарзи навиштани ҷумлаҳо ва риояи имло ба инобат гирифта шуда, одоби муошират ва нутқи гуфтори донишҷу аз рӯи ихтисос омӯзонида мешавад. Дар ҷараёни истифодаи соатҳои пешбинишуда баъди ҳар 10 соат аз донишҷӯён нақли хаттӣ ва навиштани гузориш доир ба аз бар намудани истилоҳоти соҳа талаб карда мешавад. Донишҷӯ дар шакли реферат ва тарзи дигари гузориши хаттӣ ба устод мавод пешниҳод менамояд. Мақсади навиштани реферат ва дигар маводи хаттӣ ба хотири ба тарзи дуруст истифода бурдани имлои забони тоҷикӣ ва таҳияи матн мебошад. Омӯзиши фанни мазкур барои тамоми ихтисосҳо тавсия мешавад. Усул ва воситаҳои дигари таълимиро барномаҳои таълимӣ ва китобҳои дарсие, ки аз тарафи Шӯрои олимони донишгоҳ тасдик мегардад, муқаррар менамоянд».
Дар асоси ҳамин Стандарт мо китоби «Забони точикӣ»-ро барои ихтисосҳои тарҷумонӣ, забонҳои хориҷӣ ва рӯзноманигорӣ таҳия намудем.
Мактаби тарҷумонӣ дар кишварамон ҳарчанд решаи амиқ дошта бошад ҳам, аммо танҳо пас аз соҳибистиқлол шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ихтисоси алоҳида ташаккул ёфта, таълими он дар мактабҳои олӣ ба роҳ монда шуд. Зарурати ташкил намудани ихтисоси тарҷумонӣ, пеш аз ҳама густариш ёфтани муносибатҳои дипломатӣ ва иқтисодию фарҳангии кишварамон бо мамлакатҳои ҷаҳон буд. Тазаккур бояд дод, ки фаъолияти тарҷумонӣ баъд аз таъсис ёфтани Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиолистии Тоҷикистон дар ҳайати собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ривоҷ ёфт. Дар ин кори душвор саҳми босазои устодони сухан Садриддин Айнӣ, Абулқосим Лоҳутӣ, Ҳабиб Юсуфӣ, Мирзо Турсунзода, Сотим Улуғзода, Ҷалол Икромӣ, Ҳабибулло Файзулло ва устодони пуртаҷрибаи ҳирфаи тарҷумонӣ Ҳабиб Аҳрорӣ, Ҳасан Ирфон, Раҳим Ҳошим, Эмануил Муллоқандов ва дигаронро дар тарҷумаи асарҳои насрию назмӣ махсус бояд қайд кард. Солҳо 30-юми асри XX мувофиқи тақозои замон нахустин бор асарҳои бачагона ба тоҷикӣ тарҷума шудаанд. Мисоли барҷастаи он тарҷумаи асарҳои бачагонаи Л.Н Толстой («Бандии Кавказ», тарҷ. Ҳаким Карим, соли 1930), «Поликушка» ва «Пас аз базм» (с. 1935), Войнич («Занбӯр», тарҷ. С. Улуғзода, с. 1931), Дефо («Зиндагӣ ва саргузаштҳои ғалатии Робинзон Крузо», тарҷ. Ҳ. Ирфон, с. 1936), Свифт («Гулливер дар байни лилипутҳо», тарҷ. Ҳ. Аҳрорӣ, с. 1937), Стивенсон («Ҷазираи ҷавоҳирот», тарҷ. И. Абрамов, с. 1940), «Афсонаҳои бародарон Гримм» (тарч. Ҷ. Икромӣ, с. 1937), Жюл Верн («Бачаҳои капитан Грант», с. 1939). Гюго («Гаврош», тарҷ. Ҳ. Аҳрорӣ, с. 1938), «Козетта» (,тарҷ. М.Б. Саидӣ, с. 1938), Ромен Роллан ( «Жан-Кристоф», порча аз роман, с. 1938) ва ғайра шуда метавонанд.
Солҳои 50-уми асри гузашта нахустин хатмкардагони шуъбаи тарҷумонии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Шамсӣ Собир, Ҷумъа Одина, Нусур Холомуҳаммадов низ ба фаъолияти тарҷумонӣ оғоз намуданд. Солҳои 60-уми асри ХХ тарҷумонҳои барҷастае, чун Шариф Шараф, Анора Остонова, Аслам Адҳам ва дигарон ба фаъолият оғоз карданд. Дар баробари онҳо шоирони ширинкалом Лоиқ Шералӣ, Бозор Собир, Муъмин Қаноат ва дигарон ба тарҷумаи асарҳои назмӣ пардохта беҳтарин тарҷумаҳоро ба майдони назм оварданд…
Китоби мазкурро шумо метавонед дар Китобхонаи миллӣ мутолаа намоед.
Таҳияи Ҷамила Гирдакова,
сармутахассиси маркази забони
тоҷикӣ ва омӯзиши забонҳои хориҷӣ