Китобе дар бораи ҳалли масъалаҳои хонагӣ аз фанни физика барои синфи VIII

fizikaДастури методии Ҳалли масъалаҳо ва озмоишҳои хонагӣ аз фанни физика барои синфи VIIIдар асоси барнома ва китобҳои дарсии амалкунандаи физикаи синфи VIII мураттаб гардида, дар он намунаи ҳалли масъалаҳо ва озмоишҳои физикӣ пешниҳод шудааст.Муаллифони китоб Р.Бобоев, Т.Хоҷазода, У.Умаров, Ф.Истамов ва А. Комилов буда, он соли 2020 чоп шудааст. 

Муаллифон дар муқаддимаи китоби худ навиштаанд, ки фанни физикаро бидуни масъала тасаввур кардан ғайри имкон аст, зеро бо воситаи масъалаҳо тамоми ҳодисаҳо, равандҳо ва қонуниятҳои табиӣ шарҳу эзоҳ дода мешаванд. Ҳалли масъалаҳо тафаккури фикрӣ ва маҳорату малакаи амалии хонандагонро тақвият медиҳад. Масъалаҳоро дар ҳар гуна машғулиятҳо бо мақсадҳои гуногун, аз ҷумла барои гузориши проблема ва ба вуҷуд овардани вазъияти проблемавӣ, ташаккули маҳорату малакаи амалӣ, санҷиши савияи дониш, такрори мавзуъҳои гузашта, мустаҳкамкунии дониш ва ғайра мавриди истифода қарор додан мумкин аст.

Дар раванди ҳалли масъала хонанда дониши аз фанни физика гирифтаашро дар ҳаёт татбиқ намуда, алоқаи байни назария ва амалияро дарк менамояд. Таҷрибаҳо нишон медианд, ки ҳал карда натавонистани масъала, надонистани роҳу усули ҳал дар хонанда нисбат ба фанни физика муносибати манфиро ба вуҷуд оварда, шавқу ҳаваси ӯро нисбатан ба ин фан кам мегардонад.

Ҳалли масъала қисми ҷудонашавандаи раванди таълим маҳсуб ёфта, дар такмили дониш ва таффакури эҷодии хонандагон мақоми махсус дорад. Ҳангоми ҳалли масъала дар хонандагон меҳнатдӯстӣ, мустақилона фикр ва амал кардан барин хислатҳои хуби инсонӣ зуҳур мекунанд ва шавқу ҳаваси онҳо ба омӯзиши фанни физика зиёд мегардад. Инчунин, ҳалли масъала воситаи хуби санҷиши дониши хонандагон ба шумор меравад. Дар раванди ҳалли масъала амали сабақгардонӣ иҷро мешавад, ки ин ба мустаҳкам гардидани дониши физикавии хонандагон мусоидат менамояд.

Дар таълими физика муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ нақши махсус доштани масъалаҳалкуниро ба назар гирифта, тақрибан сеяки вақти ба таълими физика ҷудогардидаро барои ҳалли масъалаҳо истифода мебаранд.

Озмоишҳои хонагӣ  бошад, ин яке аз намудҳо фаъолияти таълими хонандагон ба шумор меравад. Таҳти мафҳуми озмоишҳои хонагӣ чунин таҷриба ва хонандагон дар хона (ҳангоми тайёрӣ ба дарс) аз рӯйи супоришоти омӯзгор, ки ба маводи барномаи таълимӣ мувофиқ аст, иҷро менамоянд.

Мустақилона озмоиш гузаронидани хонандагон нисбат ба он озмошҳое, ки омӯзгор мегузаронад ва ё таҷрибаҳое, ки намоиш медиҳад, аҳамияти калони маърифатӣ дорад. Азбаски озмошҳои хонагии хонандагон тавассути истифодаи ашёҳои ба хонандагон дастраси рӯзгор иҷро карда мешаванд, бинобар ин он натанҳо аҳамияти амалӣ балки аҳамияти маърифатиро низ дорад. Ҳангоми иҷрои ин намуд корҳо дар  хонандагон сифатҳои ҷӯяндагию эҷодкорӣ тарбия мёбад.

Озмоишҳои хонагӣ  барои бо таҷрибаҳои ҳаётӣ мусаллаҳ гардондани хонандагон воситаи хубест. Ба ҳамагон маълум аст, ки дар раванди таълим омӯзгор ҳама вақт ба таҷрибаи ҳаётии хонандагон такя мекунад. Аз ин лиҳоз, таҷрибаҳои ҳаётии ҳосилкардаи хонандагонро ба як тартиб (низом) даровардан лозим аст. Ба ин кор ва барои дар оянда ҳосил намудани таҷрибаҳои ҳаётӣ, омӯзгор тавассути  озмоишҳои хонагӣ  кӯмак расонида метавонад.

Таҳлили барномаи таълимию китобҳои дарсии амалкунанда ва таҷрибаи корӣ ба хулосае меоранд, ки ҳам дар барнома ва ҳам дар китобои дарсӣ барои самаранок ташкил кардани ҳалли масъалаҳо ва озмоишҳои физикии хонандагон шароиту имкониятҳои мувофиқ бисёранд.

Чуноне ки талилу таҳқиқи вазъи ба роҳ мондани ҳалли масъалаҳо ва озмоишҳои хонагии хонандагон аз физика дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии  ҷумҳурӣ собит менамояд, паст будани самараи ин навъи машғулиято, пеш аз ҳама ба омӯзгорон ва хонандагон дастрас набудани маводи таълимӣ бо забони тоҷикӣ мебошад. То ба имрӯз хонандагон ва омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ҷумҳурӣ оид ба ин масъалаҳои умдаи таълими физика, бо забони тоҷикӣ адабиёти зарурӣ надоранд.

Аз ин лиҳоз, мо тасмим гирифтем, ки тавассути иншои дастури мазкур, қадре ҳам бошад ин мушкилоти онҳоро бартараф намоем. Боиси зикр аст, ки мавриди таияи дасури мазкур, мо бо баҳисобгирии шароиту имкониятҳои муассисаҳои таълимии деҳот, аз маводи маҳаллӣ фаровон истифода намудем…

Китоби “Ҳалли масъалаҳо ва озмоишҳои хонагӣ аз фанни физика барои синфи VIII”-ро шумо метавонед дар Китобхонаи миллӣ бихонед.

Таҳияи Шоира Норова,
мутахассиси пешбари шуъбаи адабиёти
табиатшиносӣ, техникӣ ва илмҳои дақиқ.