Китобе “Дар суроғи иқлим аз Душанбе то Антарктида”. Бахши 2
Муаллифи ин китоб Абдулҳамид Қаюмов, профессор, академики МАНЭБ, Академики Академияи муҳандисии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Аз соли 2018 директори Муассисаи давлатии илмии “Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон. Китоб соли 2024 чоп шуда ва тавре аз номаш пайдост, аз раванди тағйирёбии ҷаҳонии иқлим бар пояи додаҳои илмиву натиҷаи таҷрибаҳои муосир ҳикоят мекунад. Ин китобро хоҳишмандон метавонанд дар Китобхонаи миллӣ дастрас ва мутолиа кунанд.
Тасмим гирифтем ҷиҳати ошноии бештар бо китоб, ки мавзуи муҳими рӯзро мавриди таҳқиқ қарор додааст, чанд бахше аз онро ба таваҷҷуҳи хонандагони сомона низ расонем.
ТАЪСИРИ ТАҒЙИРЁБИИ ИҚЛИМ БА САЛОМАТИИ ОДАМ МАНБАҲОИ ОБӢ, ПИРЯХҲО ВА ЭКОСИСТЕМАҲО
Маълумоти мабут ба ба таърихи иқлими замин гувоҳи тағйироти ҷиддии иқлимӣ дар рӯзгорони гузашта буда, таъсиррасонии он ба муҳити зист ва худи инсон шаҳодат медиҳад. Сокинони Тоҷикистон низ таъсири омилҳои иқлимиро ба хубӣ эҳсос мекунанд. Натиҷаҳои таҳқиқот нишон доданд, ки вазьи саломатӣ ва дарозумрии аҳолӣ ба омилҳои мухталиф, аз он ҷумла ба шароити иқлимии кишвар ва дараҷаи таъсиррасонии ин омилҳо вобастагии зиёд дорад. Болоравии ҳарорат дар шароити баландкўҳ таъсири гипоксияро (норасоии оксиген дар бофтаҳои баданро) зиёд мекунад ва ин кор осебпазирии сокинони ин минтақаро нисбат ба бошандагони водиҳо меафзояд ва бояд гуфт, ки бештар мутаасир мешаванд.
Дар натиҷаи болоравии ҳарорат ва коҳиши миқдори боришот бемориҳои системаи дилу рагҳои хунгард нисбатан афзоимш ёфта, бемориҳои дастгоҳи нафаскашӣ бошанд, камтар мешаванд. Системаи дилу рагҳои хунгарди шаҳриён осебпазирии бештар дорад, ҳол он, ки
деҳнишинонро дастгоҳи нафаскашӣ ҳассостар аст. Ҳарорату намнокии ҳаво дар баъзе мавридҳо шароити мусоидеро барои зиёдшавии барангезандагону ноқилони бемориҳои сирояткунанда муҳайё мекунанд, дар чунин шароит шумора ва фазои зисти онҳо бештару фарохтар мегардад ва аҳолиро аз он таъсиру осеб мерасад.
Гармшавии иқлим на танҳо метавонад паҳншавии бемории вараҷаро зиёдтар кунад, балки боиси афзоиши теъдоди он рўзҳои сол, ки ба зиёдшавии пашшаи вараҷа кўмак мекунанд, мегардад ва ин вазъ имкони гардиши 6-7 карата сироятпазириро афзоиш медиҳад. Дар чунин вазъият, агар чораву тадбирҳои зарурӣ андешида нашаванд, теъдоди беморон мумкин аст, ки соле ба 100 ҳазор нафар расад. Ҳамзамон бо гармшавии обу ҳаво хатари бемориҳои мавсимии баҳорӣ – тобистонӣ ва тобистонӣ-тирамоҳӣ аз қабили тиф, паратиф, салмонеллёз, дизентерия, амебиаз, гелментоз ва ғайраҳо афзоиш меёбанд.
Тағйири сикли гидрологӣ низ метавонад, ки боиси коҳиши обнокӣ ва афзоиши ҳарорати оби дарёҳо гардад, ки зиёдшавии миқдори ҳавзҳои вабозойро бахусус дар поёноби дарёҳои Вахш, Кофарниҳон, Сирдарё ва ғайраҳо сабаб мегардад. Бисёр имкон дорад, ки дар натиҷаи афзоиши эҳтимолии ҳарорат, алалхусус гармои беш аз ҳад дар фасли тобистон, дар минтақаҳои дорои иқлими гарм фавт дар миёни калонсолону кўдакон афзоиш ёбад. Дар шароити тағйирёбии бошитоби иқлим механизмҳои мутобиқшавии инсон хело ҳам хаста шуда ва аксар вақтҳо наметавонанд вокуниши лозимӣ нишон диҳанд, чунки ин ҳолат осебпазирии аҳолиро афзоиш мебахшад. Бо вуҷуди ин, масъалаи таъсири иқлим ба вазъияти саломатӣ ва фавти аҳолӣ дар ҷумҳурии мо ва ҷаҳон то охир ба таври пурра таҳқиқ нашудааст ва ниёз ба ҷусторҳову пажуҳишҳои бештаре дорад.
Манбаҳои об. Таҳлили маълумоти мушоҳидаҳои дарозмуддати гидрологӣ нишон медиҳад, ки ҳангоми тағйирёбии зиёди ғуншавӣ дар давоми сол ё худ сол то сол, ғуншавии дарёҳои калон ва хронологияи мушобеҳи солҳои обнокиашон мухталиф ҳифз мешавад. Давраҳои пуробию камобии дарёҳо ду-се сол дар миён такрор мешаванд; давраҳои муттасили серобию камобӣ 4-5 сол давом мекунанд; дарозтарин муддати камобӣ ба 8 сол мерасад. Солҳои 1974, 1976, 1980, 1988 дар давраи мушоҳидаҳои инструменталӣ давраҳои камобӣ ва солҳои 1969, 1972, 1990, 1998 давраҳои серобӣ буданд. Соли 2000 дар дарёҳои Тоҷикистон камобӣ (40 – 85 % – и меъёр ) мушоҳида гардид, ки сабаби асосии он кам будани захираи барф дар кўҳҳо (50-70 % – и меъёр), заифшавии пиряхҳо ва норасоии боришоти баҳорӣ буд. Обхезиҳои фалокатбор, ки омилҳои иқлимӣ, асосан боришу барфобшавӣ онро сабаб шуда буд, дар давраҳои солҳои 1969, 1981, 1993, 1998, 2002 ба мушоҳида расидааст.
Пўшиши пирях. Пиряхҳо бештар аз 8,0 ± 0,4 ҳаз. км2– ро ишғол мекунанд, ки қариб 6%-и масоҳати кулли кишварро ташкил медиҳад. Захираи барфу яхи онҳо аз 500 км3 аст ва ҳамин васъату миқдор захираи калони обро сабаб шуда , шароити иқлимии маҳаллиро ба вуҷуд оварда аст. Пиряхҳо дар як сол зиёда аз 13 км3 об тавлид мекунанд, ки чоряки обҳои дарёҳои Тоҷикистонро ташкил медиҳанд.
Таҳқиқи пиряхҳои Тоҷикистон дар охирҳои садаи XIX оғоз шудааст. Аз он замон то имрӯз «Каталоги пиряхҳо» тартиб дода шуда, минтақаҳои яхбандии қадим пайдо гардида, динамикаи пиряхҳо ва ҷараёни пайдоишу обшавии як омўхта шуд. Ин ҳама маълумот, якҷо бо ангораҳои тағйири эҳтимолии иқлим, барои арзёбии таъсирпазирии яхбандӣ появу асос гардид. Ҳисоб нишон медиҳанд, ки масоҳати пиряхҳои Ҳисору Олой дар нимаи дуюми асри XX бештар аз 25% кам шудааст. Ҳаҷми ях андозаи нисф коҳиш ёфтааст. Яхистони нишебиҳои ҷанубии қаторкўҳи Ҳисор, ки саргаҳи рўди Кофарниҳон ва шохобҳои он аст, ки айни замон каму коста мегардад. Алалхусус пиряхҳои хурди масоҳати то 1 км2, ки дар ин ноҳияи кўҳистонӣ аксари яхбандиро ташкил медиҳанд, бо суръати зиёд коста мегарданд ва ин омил таъсири худро ба оби рўдҳои маҳаллӣ низ мерасонад.
Дар ҳавзви дарёи Зарафшон пиряхи Зарафшон аз соли 1927 то соли 1961 дар маҷмуъ 280 метр кам шудааст. Аз соли 1976 то соли 1991 пиряхи мазкур боз 1092 метр коҳиш ёфт. Айни замон пиряхи Зарафшон дар ҳолати костагии фаъол аст. Пиряхи Рама аз соли 1922 то 1975 320 метр ва соли 1976 то 1991 356 метр каму коста гардидааст. Дар солҳои охир суръати коҳиши пиряхи Рама хеле чашмрас аст.
Дар ҳафзаи рўди Сурхоб пиряхҳои шимолӣ, дар қисмати ғарбии силсилакўҳи Пётри Як бошиддат об мешавад, ки дар ҷануби силсилакўҳи Олой коҳиши яхбандӣ бо суръати нисбатан камтар сурат мегирад, зеро пиряхҳои он ҷо нисбатан калонтаранд. Калонтарин прияхи ҳавзаи Обихингов бо номи Гармо ба тундӣ об мешавад. Гармо дар тўли садаи XX тақрибан 7 км кўтоҳ шуда, бештар аз 6 км2 масоҳати худро аз даст додааст. Имрўз суръати каму кўтоҳшавии Гармо соле 9 метр буда, сатҳи он бар асари обшавӣ соле 4 метр пойин меояд. Пиряхи дигари ҳамин ҳавза соле 4 метр пойин меояд. Пиряхи дигари ҳамин ҳавза Скогач ҳар сол 11 метр кўтоҳ мешавад. Аз соли 1969 то соли 1986 пирях 98,8 млн.м3 яхашро, ки 8%-и массаи умумиашро ташкил мекунад, талаф додааст.
Костагӣ ё деградатсияи яхҳо ба Помир низ дахл кард. Калонтарин прияхи кишвари мо Федченко, ки ба дарозии 77 км дар саргаҳи рўди Муксу воқеъ шудааст, тайи садаи XX тақрибан 1 км ақинишинӣ карда, 11 км2 масоҳат ва қариб 2 км3 ҳаҷми худро аз даст додааст. Ва зимнан бахшҳои рости Федченко аз вай ҷудо шуда, ба пиряхи мустақил мубаддал гардидаанд. Имрўз қисмати поёнии пирях ба тўли 6-8 км тарқиш хўрда, ҳамзамон кўлмакҳои яхин пайдо кардааст, ки гувоҳи идомаи деградатсияи бузургтарин прияхи Осиёи Марказист.
Дар Помири Шарқи дегратасияи яхбандӣ нисбат ба минтақаи дигари кишвар хеле кундтар сурат мегирад, ки сабаби асосии он баландии маҳал ва иқлими сард аст. Пиряхҳои ин ҷо аз сабаби баландии маҳал ва сардии иқлим аз дигар минтақаҳои кишвар дида бо суръати камтар каму кўтоҳ мешаванд. Пиряхи Малий Октябрский ва пиряхи Ақбайтал, ки дар баландии 4,5 км аз сатҳи баҳр воқеъ шудаанд, соле 2-5 метр кам мешаванд. Тағйирёбии иқлим илова бар дегратасияи яхбандӣ ба ҳаракати пиряхҳои алоҳида таъсир мерасонад. Аз 65 пиряхи ҳаракаткунанда, ки дар кўҳҳои Осиёи Миёна воқеъ шудааст, 35-тояш дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгир шудаанд. Эҳтимол аст, ки дар зери таъсири иқлим ҳаракати пиряхҳо шиддати бештар пайдо кунанд.
Ҳамин тариқ, таҳлили анҷом додашуда гувоҳи он аст, ки пиряхҳои Тоҷикистон дар натиҷаи тағйирёбии иқлим дар асри XX бештар аз 20 км3 яхи худро аз даст додаанд. Пиряхҳои хурди дорои масоҳати камтар аз 1 км2, ки 80% аз маҷмўи пиряхҳоро ташкил дода, 15%-и масоҳати яхбандиро ишғол менамоянд, бо суръати бештар об мешаванд. Пиряхҳои воқеъ дар нишебиҳои экспозитсияҳои ҷанубӣ (Зарафшон, Гармо) ба шиддати бештар дегратасия мешаванд ва аммо пиряхҳои экспозитсияҳои шимолӣ (Федченко, Скогач) дар бораи гармшавӣ муқовимати бештар нишон медиҳанд.
Пешгўйи зерини яхбандӣ да ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2050 бар асоси ангораҳои (сенарияҳои) тағйири иқлим ва натиҷаҳои муътабари таҳқиқоти минтақавӣ сурат гирифтааст. Ҳамин тариқ метавон гуфт, ки дар ҳавзаи рўди Зарафшон дар миёнмуддат садҳо пиряхе, ки масоҳати камтар аз 1 км2 доранд, аз эҳтимол дур нест, ки об шаванд. Пиряхҳои калонтар 20-30%-и ҳаҷми худро аз даст медиҳанд. Масоҳати яхбандии ҳавз то соли 2050 ба андозаи 20-25% ва ҳаҷми ях 30-35% кам мешавад ва дар натиҷа обгирии дарёҳо аз пиряхҳо мумкин аст қариб ду баробар коҳиш ёбад. Яхбандии нишебиҳои ҷанубии қаторкўҳи Ҳисор қариб ду баробар кам мешавад, зеро бештари пиряхҳои ин мавзеъ андозаи камтар аз 1 км2 доранд. Эҳтимол садҳо адад пиряхи хурд дар нишебиҳои соҳили рости водии Сурхоб аз байн раванд. Дар ин ҷо масоҳати яхбандӣ 15-20% ва ҳаҷми ях 25-30% кам мешавад, аммо пиряхҳои калон боқи меноманд.
Пиряхҳои хурди ҳавзаи рўди Сангикор низ дер намепоянд, ҳаҷми онҳо дар ҳавзаи рўдҳои Сорбоғ ва Ярхич коҳиш меёбад. Яхбандӣ дар ҳавзаи рўди Куксу ба ҳадди камтаре дучори деградатсия мешавад. Ҳавзаи Обихингов дар арзи ним аср мумкин аст, ки то 25%-и масоҳат ва 35% -и ҳаҷми яхбандиро аз даст диҳад. Зоҳиран, пиряхи Гармо ба деградатсияи сахт дучор меояд. Сатҳи пиряхи мазкур феълан пур аз кафидагиҳо ва кўлҳо аст, ки ин ҳолат далели костагию деградатсияи афзояндаи он аст. То соли 2030-2050 пиряхҳои майдаи ин ҳавза, ки то 1 км2 масоҳат доранд, шояд тамоман аз байн раванд, ки аз эҳтимол дур нест. Дар ҳавзаи рўди Моқсу пиряхи Федченко дар ҳудуди 3-5%-и ҳаҷмашро гум мекунад. Айни замон пиряхҳои калони дигар дар ин ҳавза ба тўли чандин километр кўтоҳтар шуда , мумкин аст, то 15-20%-и масоҳати худро аз даст диҳанд.
Помири Ғарбӣ дар арзи ним аср бисёре аз пиряхҳои хурди худро аз даст медиҳад ва ба таври куллӣ масоҳати яхбандӣ дар ин ҷо 15-20% ва ҳаҷми ях 20-25% кам мегардад, ҳол он,ки дар Помири Шарқӣ коҳиши яхбандӣ камтар ҳис хоҳад шуд.
Ҳамин тариқ, то соли 2050 дар Тоҷикистон ҳазорҳо адад пиряхи хурд аз байн мераванд. Афзоиши миқдори бориш, ки баъзе моделҳо пешбинӣ менамоянд, наметавонад деградатсияи яхбандиро дар натиҷаи болоравии ҳарорати ҳаво ҷуброн намояд. Эҳтимол, масоҳати умумии яхбандии кишвар ба андозаи 20% ва ҳаҷми ях кам шуда, забонаи пиряхҳо то ҳадди 100-500 метр боло меравад. Афзоиши давраи косташавӣ омили иловагие хоҳад буд, ки деградатсияи яхбандиро қувват мебахшад. Деградатсияи яхбандӣ таъсири зиёде ба миқдори оби дарёҳои Зарафшон, Кофарниҳон ва Обихингов мерасонад. Обгирии дарёи Панҷ аз пирях кам тағйир меёбад ва оби дарёи Вахш бошад андаке кам мешавад.
Таҳияи Таҳминаи Маҷид,
корманди шуъбаи
нигаҳдории китоб.