Китобе, ки акнун шамъи хотираҳо шуд…
Китоби дӯст ва ҳамқалами азизамон Суҳроби Зиё “Устураи фарҳанг ва ҳунари тоҷик” дар бораи устод Заур Дахте аз дирӯз шамъи хотира шуд. Шахсан ман ёд надорам бузургони моро дар зинда буданашон чунин китобе насиб карда бошад, ки ба шахсияти худ аз нигоҳи дигарон нигариста бошанд. Аммо барои Заур Дахте ин шараф насиб шуд. Шояд ӯ борҳо, шояд ҳар рӯз ин китобро ба даст мегирифт, варақ мезад, ба аксҳои таърихии он дида медӯхт, сатрҳои самимиву саршор аз муҳаббати инсонҳои шарифро дар бораи худ ба такрор мехонд. Аз дирӯз дигар ин китоб арзиши худро боло бурд. Ҳамин лаҳзаҳо, ки баъд аз чанд соате дигар устод Заур Дахте ба манзилгаҳи охир гусел мешавад, ман ин китобро варақ мезанам.
Шоири халқии Тоҷикистон Гулрухсор, аз ӯ ба унвони Пири хирад ном мебарад ва мегӯяд: “Дар миёни аксҳое, ки дар намоишгоҳи осораш дар меҳмонхонаи “Сирена”-и шаҳри Душанбе ба намоиш гузошта буд, акси як духтараки нозанину зебои деҳотӣ, ки дар пушташ як дарза ҳезум дошт, маро ба гиря овард. Ва ҳатто ба дӯстон гуфтам, ки ин акси ман аст ва ман ҳам дар навҷавонӣ ҳамин гуна будам. Яъне қаҳрамоне, ки Заур Дахте барои аксҳояш аз миёни мо пайдо мекунад, ҳамон инсонҳое ҳастанд, ки на танҳо худашонро мешиносанд, балки дар оянда ҷамъиятро ҳам мешиносанд. Хаёл мекунам, ки дар бунёди ҷомеа ва кишвари азизи мо нақши Заур Дахте ва афроде монади ӯ хеле бузург аст”.
Аз ин китоб ман гӯё садои Шоири халқии Тоҷикистон Фарзонаро мешунавам, ки мегӯяд: Масоҳати ҷуғрофии устод Заур Дахте бисёр фарох аст: Як кӯдаки доғистонӣ, ки таҳсили мадрасаи Теҳронро дидааст ва дар ятимхонаи шаҳри Ивановои Русия ба идомати хониш пардохтааст ва давоми ҳаёташро ба маъмани муҳаббаташ – Тоҷикистон пайвастааст. Ман борҳо мутаваҷҷеҳ шудам, ки устод бо меҳру рағбати азим аз бузургиву рифъати кӯҳҳои Тоҷикистон сухан мегӯяд ва ҳатман шефтагии беназири худро аз кӯҳи Чилдухтарон, ки зеботарин эъҷози Худованд аст, иброз медорад. Ва хушо, ки ин муҷассамаҳои зебоӣ дар осори ӯ муҳри ҷовидон ёфтаанд. Дар назари ман худи устод низ шабеҳи кӯҳ аст: Кӯҳи баланди фалакпаймое, ки дар фарози номусаххараш чатри офтоб ба рӯи ҳамагон боз мешавад”.
Нависандаи халқии Тоҷикистон Абдулҳамид Самад, ки бо Заур Дахте солҳо ҳамсоя будааст, менависад: “Мутаассифона, бисёриҳо намедонанд, ки истеъдоду диди нозуки зебоипарастии Заур Дахте ба воситаи дастгоҳи филмбардорӣ ё аккосӣ лаҳзаҳои ҷонбахш, талошу офариниши арзишманд, зиндагиномаи ибратбахшу омӯзандаи ҳамдиёрони баруманду некномашон дар марҳилаҳои гуногуни ҳаёт зиндаву таърихӣ, умри бобақои бардавом ёфта, асрҳо ба наслҳои оянда завқ мебахшанд, маълумоти фаровон медиҳанд. Чунин фард ба ҳама эҳтирому арҷгузорӣ сазовор аст”.
Шаҳобуддини Фаррухёр, рӯзноманигори эронии муқими Душанбе хотираҳои зиёдеро шояд такурӯ кард то ба ин хулоса расад, ки “Заур ҳеч гоҳ бо таҳаввулоти сиёсии атрофи худ ҳамроҳ нашуд. Дар тамоми солҳое, ки кишвар дучори таниш ва ҷанги дохилӣ буд, Заурро дар танҳо ҷое, ки намешуд пайдо кард, дар миёни ҳамин таҳаввулот буд”.
Аз назари Шаҳобуддини Фаррухёр Заур дилбастагии хосе ба Тоҷикистон дошт. “Иттифоқан ӯ дар он солҳо тарҷеҳ дод ба Эрон биравад ва хотироти гузаштаашро мурур кунад. Сафаре, ки ӯро барои мондан қонеъ накард, ӯ ангор эронӣ будани худро дар ҳеч куҷо бештар аз ҳузураш дар Тоҷикистон ва шаҳри Душанбе эҳсос намекард ва ба ростӣ чи гуна мумкин буд қадри ӯро ба унвони як эронӣ он гуна, ки дар Тоҷикистон медонанд ва мешиносанд, бидонанд ва дарёбанд? Бо ин ҳама, тасофири дилнавозе, ки ӯ аз табиат ва мардуми Тоҷикистон сабт ва мунташир кардааст, магар ҷуз Душанбе ҷойи дигаре метавонад маъво ва манзили ӯ бошад?”
Раиси Иттифоқи синамогарони Тоҷикистон Сафар Ҳақдод, ки мегӯяд аз солҳои 80-и асри пор бо Заур Дахте ҳамкорӣ дошт ва шоҳиди лаҳзаҳои хотирмон аз кору фаъолияти ӯст, як лаҳзаро ба ин сурат ба ёд меорад: “Вақте як лаҳзаи филми мустанади “Устод”-ро ба ба ифтихори 100-умин солгарди Абулқосим Лоҳутӣ дар хонаи Одина Ҳошим ба навор мегирифтем, ҳеч гоҳ аз ёдам зудуда намешавад. Як кадр: Одина Ҳошим дар нишастгоҳи канори ронандаи мошин якпаҳлу нишаста, чашм ба дурбини Заур Дахте аз Лоҳутӣ қисса дорад. Ҳаракат аз саргаҳи ноҳияи Ҳамадонӣ шуруъ шуда ва бояд бо суруде бар ашъори шоир дар дохили ҳуҷраи Одина Ҳошим бо портрети устод Лоҳутӣ ба анҷом расад. Воқеъан, ин яке аз саҳнаҳои зебову муассири филм мебошад, ки устод Дахте онро нигоштаааст…”
Аз китоби Зуҳроби Зиё “Устураи фарҳанг ва ҳунари тоҷик” ман метавонам даҳҳо мисолу иқтибоси дигар орам, ки симои устод Дахтеро дар хотираҳо муҷассам мекунанд. Аммо дар фурсати хеле кутоҳ ин кор бароям номумкин шуд ва онро ба ягон вақти дигар мавқуф гузоштам.
Ҳоло шояд боз баъд аз чанд соатаке устод Заур Дахтеро дӯстону ҳамкорону пайвандон ба хонаи охират гусел мекунанд. Чуноне гуфтам, китоби мавриди назар аз ин лаҳзаҳо шамъи хотира шуд ва ҳар касе мехоҳад Заур Дахтеро аз наздик бишносад, бояд акнун ба ин китоб руҷуъ кунад. Хотираҳо, суҳбатҳо симои мардеро пеши назари хонанда меоранд, ки умре бо ҳунари нотакрор, дониши фарох, таҷрибаи бойи зиндагӣ барои Тоҷикистон хидмат кардааст.
Бобоҷон ШАФЕЪ