Китобе, ки «Бонувони Тоҷикистон» чоп кард…

Бонувони ТоҷикистонМаҷаллаи бонуфузи “Бонувони Тоҷикистон” соли гузашта як китоби пурарзишеро  бо номи «Бонувони Тоҷикистон», чеҳраҳо, истиқлолият” ба чоп расонд. Дар он  беҳтарин мақолаву мусоҳиба, лавҳаю очеркҳо, шеъру таронаҳои  тӯли солҳои 2017-2022 дар маҷалла нашршудаи журналистони ҳирфаӣ ва адибони номвар гирдоварӣ шудааст.

Шоҳона Сулаймон-сардабири ин нашрия дар мақолае бо номи”Иҷлосияи сарнавиштсоз”, ки китоб бо он оғоз шудааст, менависад:

16-уми ноябри соли 1992 дар Қасри Арбоби шаҳри Хуҷанд Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати дувоздаҳум баргузор гардид ва дар он Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуд. Ин як интихоби одӣ набуд. Як қаҳрамонӣ буд. Зеро намояндагони мардумӣ дар рӯзҳои сахти ҷанги дохилӣ ва ошуфтагию сарсонии миллат зимоми роҳбарии давлатро ба дасти касе супурданд, ки лоиқтарин фард барои ин масъулият буд ва барҳақ миллатро аз парокандагӣ ва кишварро аз нобудӣ наҷот дод…

Рӯйдодҳои таърихӣ хусусияте доранд, ки аҳамияташон на дар замони вуқуъ, балки бо гузашти вақт бештару беҳтар дарк карда мешавад. Инак, бо гузашти 25 сол аз он рӯз бароямон аён мегардад, ки ин Иҷлосия чи рисолати бузургеро анҷом дод. Ин нишаст оғози бархостан буд. Дар ин нишаст вакилони мардумӣ ба беҳокимиятӣ хотима бахшиданд ва касеро роҳбари кишвар интихоб намуданд, ки бо гузашти солҳо ҷой дар қалби мардум гирифт ва Пешвои барҳақу арзандаи онон шуд, миллатро аз чоҳи ноумедӣ раҳо кард ва масиреро оғоз намуд, ки Тоҷикистонро ба пешрафту шукуфоӣ расонд.

Халқи Тоҷикистон дар марҳилаи наву тақдирсоз симои роҳбари худро дар шахсияте медид, ки он аз байни халқ баромада ва барои халқ дар шароити гузариш фаъолияти пурмасъулиятро ба дӯш гирифта тавонад. Ӯ савганд ёд кард, ки «….кори худро аз сулҳ оғоз хоҳам кард….Ман тарафдори давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд мебошам. Мо ҳама бояд ёру бародар бошем, то ки вазъиятро ором намоем…» Ин садоқату самимиятро дар ҷараёни ҳидматҳояш дар назди халқу Ватан собит намуд.

Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (даъвати дувоздаҳум) аз рӯйдодҳои сарнавиштсози таърихи муосири Тоҷикистони соҳибистиқлол маҳсуб меёбад, ки самтҳои асосии рушди ояндаи соҳаҳои иҷтимоию иқтисодӣ, сиёсӣ ва маънавии кишвари моро равшану муайян намуд. Дар айёми пур аз хатар, ки ба бақои давлату давлатдории тоҷикон ва ҳамчун миллати воҳид боқӣ мондани тоҷик дар арсаи байналмилалӣ зери таҳдиди ҷиддӣ қарор дошт, бо рӯи кор омадани Эмомалӣ Раҳмон барои мардуми тоҷик имконият фароҳам омад, то аркони давлатдорӣ ва шохаҳои фалаҷгардидаи ҳокимиятро барқарор ва пояҳои Истиқлолияти давлатиро қавию устувор намояд.

Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамзамон Сарвари давлат барномаи мукаммали аз буҳрони сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва маънавӣ баровардани кишварро ба миён гузошт.

Ӯ, чуноне ки ваъда карда буд, кори худро аз сулҳ оғоз кард. Аз даъвати муттаҳидии ҳама неруҳои мамлакат. Ҳанӯз дар ҷараёни кори Иҷлосия ба аҳзоби сиёсӣ, ҳаракату созмонҳо ва тамоми шаҳрвандони ҷумҳурӣ муроҷиат карда чунин гуфт:

«Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Хавфи фалокати умумимиллиро, ки қодир аст орзуи чандинасраи тоҷиконро баҳри истиқлолият ва эҳёи давлатдории худ аз байн барад, эҳсос намуда;

Ҷанги бародаркушро, ки боиси ҳалокат ва харобӣ, кушта шудани ҳазорон одамони бегуноҳ мегардад, маҳкум карда;

Мақоми аввалиндараҷа доштани ҳуқуқи шахсиятро бидуни мансубияти миллӣ ва динию мазҳабӣ, ҷаҳонбинӣ ва майли идеологӣ ва амсоли он эътироф намуда;

Масъулияти таърихии худро нисбат ба тақдири Ҷумҳурии навташкили Тоҷикистон, ки ба роҳи тараққиёти мустақилияти миллӣ қадам ниҳоданист, дарк карда;

Баҳри ҷумҳурии якпорча ва тақсимнопазир, Тоҷикистони демокративу дунявӣ талош менамояд.

Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори умед мекунад, ки ҳамин муроҷиатномаро аҳзоби сиёсӣ, ҳаракату иттиҳодияҳо, ҳамаи шаҳрвандони ҷумҳурӣ баҳри тантанаи ақли солим ва адлу инсоф ба хотири дар қаламрави Тоҷикистон пойдор шудани сулҳу муросо дастгирӣ хоҳад кард.

Табиист, ки барои расидан ба осоиштагӣ, бозгашти паноҳандагон ва бо хотири осуда давом додани ҳаёту фаъолият, авфи иштирокдорони ҳодисаҳои маълум аз ҳар ду тараф ва озодӣ аз таъқиби қонун лозим буд. Бинобар ин, 26 ноябри соли 1992 Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонро «Дар бораи аз ҷавобгарии ҷиноятӣ, интизомӣ ва маъмурӣ озод кардани шахсоне, ки дар давраи аз 27 март то 25 ноябри соли 1992 ҷиноят ва амалҳои ғайриқонунӣ содир кардаанд» ба имзо расонд. Ҳамчунин, қарори Иҷлосия «Дар бораи ҳимояи иҷтимоии шахсоне, ки бар асари муноқишаҳои мусаллаҳонаи минтақаҳои алоҳидаи ҷумҳурӣ зарар дидаанд» қабул гардид.

Ҳадафи асосии ин тадбирҳо хотима доданд ба ҷанги бародаркушӣ, пешгирии фоҷиаи миллии ҷумҳурӣ ва харобшавии асосҳои иқтисодию ҷамъиятӣ ва сиёсии давлат, таҳкими сулҳу салоҳ, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамкории гурӯҳҳои гуногун, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва ҳизбҳои сиёсӣ, таъмини фаъолияти муӯтадили институтҳои давлатӣ буд.

Иҷлосияи таърихии XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар низоми сиёсии кишвар ҳамчун падидаи нодири таърихи навини дар роҳи ташаккули фазои боварӣ ва эътимоди шаҳрвандӣ, ҳусни тафоҳум ва фароҳам сохтани заминаҳои устувори оштии миллӣ ва пешгирӣ аз таҳдиду хатарҳои ҷиддӣ ба давлати тоҷикон дониста мешавад. Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ва замина барои рушди ҳамаҷонибаи тамоми соҳаҳо дар кишвар гардид. Ин Иҷлосия акнун барои ҳар як сокини Тоҷикистон то абад ҳамчун рӯйдоди таърихии сарнавиштсоз боқӣ хоҳад монд. Зеро он барои ҳар фарди миллати тоҷик ҳам сулҳ оварду ҳам амнияту ҳам хонаи ободу осуда.

Агарчи дар ин иҷлосия қарорҳои дигар низ қабул гардиданд, вале муҳимтарин дастоварди он ба роҳбарии давлат интихоб намудани Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд. Шахсияте, ки бо қабули масъулияти олии созандагӣ манфиати умумимиллиро аз ҳамаи манфиатҳои дигар боло гузошт ва корҳое, ки таи солҳои баъдӣ анҷом дод, боис шуданд, ки халқ, махсусан равшанфикрон ва неруҳои ақлонии мамлакат ба нақшаву барномаҳои ӯ бо диди умед бингаранд ва бо боварӣ пайрави роҳи ӯ бошанд.

Шоҳона Сулаймон, ноябри 2017

Китоби “Бонувони Тоҷикистон”, чеҳраҳо, истиқлолият”-ро шумо хонандаҳои азиз метавонед дар Китобхонаи миллӣ мутолиа кунед.

Таҳияи  Мавзуна САЛИМОВА,
сармутахассиси Медиатекаи
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон