Китобе, ки пас аз 14 сол ба соҳибаш баргашт…

Китобхои Нав

Замони донишҷўӣ аз ҳамсабақон ва дигар донишҷуёни Донишкадаи фарҳанг ва санъат ба номи М. Турсунзода китоб баҳри мутолиа мегирифтем ва бармегардондем. Ман ҳам, ки он замон дар бахши журналисти телевизион ва радиои донишкадаамон таҳсил мекардам, аз ҷумлаи ошиқони китоб будам. Мо аз якдигар китоб ба орият мегирифтему пас аз мутолиа бармегардондем. Боре аз Фаридун Раљабов,донишљўи шуъбаи актёри драма ва кино, ки ӯ низ аз донишҷӯёни ҷӯёи китоб буд, китоби Грэм Грин «Суть дела»-ро гирифтам. Ин шояд моҳҳои охири таҳсил буд ва табиист, ки баъди хатми донишкада ҳар кадом ба шоҳроҳи зиндагӣ равон шудем. Китоб дар дасти ман монд…

Рақами телефон ва нишонии ҳамдигарро, ки намедонистем, китобро баргардонда натавонистам. Пас аз анҷоми донишкада дар чорсўи зиндагӣ пароканда шудем: кор, хонавода, фарзанд, мушкилоти дигари рўзгор. Бо гузашти 14 сол  акси Фаридунро дар шабаки иҷтимоии Фейсбук дидаву шинохтам. Фаридун Раҷабов ҳоло ҳунарманди театри ҷавонон ба номи М.Воҳидов аст ва навиштам, ки мехоҳам китобатро баргардонам. Чун солҳо дар андешаи баргардондани китоб будам.

Вақте китобро ба театри Ҷавонон бурдам ҳайрати ӯро канор набуд ва худи ман ҳам намедонистам чӣ узр пеш орам. Ин мушкилро худи Фаридун осон кард ва гуфт ростӣ  намедонам чӣ бигўям, воқеан намедонам чӣ гуна изҳори сипос намоям барои баргардондани амонат. Зеро мегўяд ў пас аз 14 сол китобро баргардондан боварнакарданист. Агар касе бинад хоҳад гуфт ин одам шояд як беақл аст. 14 сол кори шухӣ нест, ба гуфтан осон аст…

Имрӯз худ корманди Китобхонаи миллӣ ҳастам ва мебинам, ки нафароне аз Шуъбаи абонементи байникитобхонавӣ ва таҳвили ҳуҷҷатҳои электронӣ китоб мегиранд, то дар хона бихонанд. Вале боз ҳам баъзан баргардонидани онро фаромӯш мекунанд ва ин худ мушкиле аз мушкилоти ин шуъба аст.

Дар робита ба мавзӯи додугирифти китобҳо мудири шуъбаи абонементи байни китобхонавӣ ва таҳвили ҳуҷҷатҳои электронӣ Рустам Мирзошоев ба сомонаи Китобхонаи миллӣ гуфт баргардондани китобҳо аз хонанадагони китобхона ҳамеша мушкилзост. Қарздор – яне шахсе, ки муҳлати истифодабарии китобу маҷалаи гирифтаро – 10 рўз риоя намекунад ва сари вақт адабиётро барнамегардонад. Дар ин миён шахсоне ҳастанд, ки як рўз, як моҳ, як сол адабиёти гирифтаро барнагардонидаанд.

Ҳарчанд ки мо ба ҳар нафаре, ки тибқи муқаррарот аъзо мешавад, қоидаҳои китобгирӣ, муҳлати истифода аз онро мефаҳмонем ва дар дафтарчаи хонанда, имзояшро мегирем. Вале онҳо дар муддати пешбинишуда бо «сабабҳо»-и гуногун адабиётро сари вақт барнамегардонанд.

Ба иттилои ў дар се моҳи аввали соли 2023 шуъбаи АБК 240 нусха китобро аз хонандагони қарздор баргардонд, ки дар муқоиса ба семоҳи аввали соли 2022  5 китоб бештар аст.

Сармутахассиси шуъбаи АБК Нигина Давлатова низ дар ҳамин бора мегўяд. Ба андешаи вай аслан бо истифодабарнадагони китоб кор кардан душвор аст ва асаби қавиву таҳаммулпазирӣ ва одоби баланду касбият металабад.

– Ҳолатҳое шуданд, ки китобе дар китобхона як нусха вуҷуд дошт, аммо хонандаи китоб омаду онро талаб намуд. Ҳарчанд фаҳмондем, ки агар аз як китоб як нусха дошта бошем, онро ба шумо дода наметавонем, вале ў ҳеҷ дарк кардан намехост.

– Ин чӣ хел китобхона аст, ки китоб намедиҳад, гуфта сиёсат кард, дод ҳам зад, ки шукр гўед, ки китобҳоятонро мехонем…

Азбас мо ҳаққи дағалгуфторӣ бо истифодабарандагонро надорем, ин ҳамаро таҳаммул намудем.

Кор бо хонандагоне, ки қарздоранд, масъалаи мушкил барои кормандони шуъбаи АБК боқӣ мемонад. Ба гуфтаи Рустам Мирзошоев яке аз хонанадагони қарздор шоири маъруфи кишвар аст, вале 2 сол пеш 3-4 китоби шеърҳои Мирзо Турсунзодаро гирифтаву ҳеҷ барнамегардонад. Кормандони шуъба ўро бо ҳар баҳона ба китобхона даъват намуданд. Хохиш карданд, ки китобҳоро баргардонад. Гуфт ҳоло нахондааст ва боз ду ҳафта муҳлат хост.

– Гуфтам мебахшед устод, вале дар ду сол ки мутолиа накардед, дар ду ҳафта чӣ гуна мехонед?

Ёдовар мешавем, ки дар Китобхонаи миллӣ танҳо шуъбаи АБК  ҳуқуқ дорад ба истифодабарандагон китоб ё маҷаларо барои истифодаи муваққатӣ ба хона ва ҷойи кор пешниҳод намояд. Ин шуъба тибқи муқарарот ҳар хоҳишмандро аъзо кардан наметавонад. Касоне, ки ҳақи узвият барои дарёфти китоб аз ин шуъба хоҳанд дошт, инҳо мебошанд:

  • хидматчиёни давлатии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ;
  • хидматчиёни ҳарбӣ;
  • кормандони корхонаҳо, муассисаҳо ва дигар ташкилотҳои давлатӣ;
  • аъзоёни пайвастаи (академикҳо) Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон;
  • аъзоёни вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон;
  • ходимони илмӣ, докторони илм, номзадҳои илм, унвонҷўён, аспирантон, магистрантҳо;
  • кормандони Китобхонаи миллии Тоҷикистон метавонанд истифодабарандагони китоб бошанд, ки аз тариқи ин шуъба дастрас мекунанд.

Раҳима АЗАМ, бахши матбуот ва робита бо ҷомеа.