Китобе, ки равобити дипломатӣ меомӯзад
Китоби “Муқаддимаи илми равобити дипломатӣ”, ки аз ҷониби гурӯҳе аз олимони ДДОТ навишта шудааст чун дастури таълимии муқаддимаи илми равобити дипломатӣ барои магистрантони ихтисоси муносибатҳои байналхалқии факултети таърих ва ҳуқуқи ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ таҳия шуда, фарогири масъалаҳои мубрами соҳаи дипломатия мебошад.
Дар сарсухан омадааст, ки китоб нозукиҳои санъати дипломатӣ, гуногунии техника ва усулҳои пешбурди кори дипломатӣ ба қалам дода шуда, хусусиятҳои хосси дипломатияи ҷаҳонӣ тавсиф карда шудааст. Дастури таълимӣ-методӣ барои магистрони ихтисоси муносибатҳои байналхалқӣ дар доираи 3 кредит (16 соат лексия; 32 соат дарсҳои амалӣ ва 16 соат корҳои мустакилона) омода шудааст. Мураттибон дар он дар бораи мафҳум ва пайдоиши дипломатия, талабот ба дипломатҳои касбӣ дар давраи муосир, забони дипломатӣ, сифатҳои шахсии дипломатҳо ва умуман, дар бораи паҳлуҳои гуногуни хидмати дипломатӣ маълуматҳо пешниҳод намудаанд.
Дастури таълимӣ-методии «Муқаддимаи илми равобити дипломатӣ» ташаккул ва рушди дипломатияро дар давраҳои гузариш аз як сохти ҷамъиятӣ ба сохти дигар, дигаргуниҳои батадриҷ ва ғанигардонии усулҳои дипломатия дар ин давраҳо, омезиши баъзе усулҳои дипломатӣ бо якдигар, мутобиқшавии онҳо ба шароити тағирёбандаи сиёсӣ иқтисодӣ ва иҷтимоӣ дар вазъиятҳои гуногуни байналмилалӣ дар бар мегирад.
Дар рушд ва пешрафти дипломатия Ҷанги Якуми Ҷаҳонӣ ва ҳодисаҳое, ки баъди он рух додаанд, ҳамчунин, сарҳад нақши асосӣ бозидааст. Махсусан, пас аз Ҷанги Якум ва Дуюми Ҷаҳонӣ нахустин созмонҳои байналмилалии умумибашарӣ Лигаи миллатҳо (1919-1946) ва СММ (соли 1945) таъсис ёфтаанд, ки шароити мусоид барои шаффофияти умумии дипломатия, фаъолтар гардонидани нақши давлатҳо дар муносибатҳои байналмилалӣ ва дипломатияи конфронсӣ муҳайё гардид. Чаҳон низ дар ин давра хеле тағйир ёфт, ки он ба услуби дипломатияи ҷаҳонӣ ба таври назаррас таъсири худро гузошт.
Тағйироти куллӣ дар пешбурди кори дипломатӣ пас аз пошхӯрии Иттиҳоди Шуравӣ боз ҳам мураккаб гардид. Акнун ҷаҳони дуқутба аз байн рафта, ба як қутба табдил ёфт. ИМА, ки бо Иттиҳоди Шуравӣ солҳои зиёд барои гегемони ҷаҳон шудан мубориза мебурд, ғолиб баромад. Ба ҷойи Иттиҳоди Шуравӣ давлатҳои нави мустақил ба вуҷуд омада, дар харитаи сиёсии ҷаҳон номҳои нави давлатҳо пайдо шудаанд. Сиёсати байналхалқӣ ва дипломатия низ ба куллӣ тағйир ёфт…
Хонандагон китоби «Муқаддимаи илми равобити дипломатӣ»- ро метавонанад дар Китобхонаи миллӣ пайдо ва мутолиа кунанд.
Фарзона Шарифова,
мутахассиси шуъбаи
мукаммалгардонии фонд.