Китобе, ки шуморо бо эҳёи вилояти Суғд ва саҳми Пешвои миллат ошно мекунад
Китоби «Эҳёгари Суғд» фарогири дастовардҳои мардуми вилояти Суғд таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар зарфи 30 соли Истиқлоли давлатӣ мебошад.
Аз китоб хонанадагон метавонанд дар бораи нақши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушду нумуи вилояти Суғд, гиромидошти муқаддасоти миллӣ, бунёди иншооти гуногуни соҳаҳои иқтисодиёт, иҷтимоиёт, фарҳангу маънавиёт, бунёди корхонаҳои саноатӣ, роҳҳову нақбҳо, пулҳо, роҳҳои оҳан, нерӯгоҳҳо, эҳёи ойину суннатҳои қадимаи миллати тоҷик, аз ҷумла Наврӯзи байналмилалӣ, оини шаҳрсозиву бунёдкорӣ, тарбияи маънавии насли замони истиқлол ва дигар иқдомоти шоиставу бебаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маълумот дарёфт кунанд.
Раҷаббой Аҳмадзода-Раиси вилояти Суғд ба китоб ин пешгуфторро навиштааст:
Бузургтарин дастоварди миллати тоҷик дар тӯли ҳазор соли охир бунёди давлатдории миллӣ ва мақоми ҷаҳонӣ дарёфтани он мебошад, ки бо пайкорҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иртиботи мустақим ва ногустанӣ дорад.
30-соли Истиқлолияти давлатӣ ба таъбири Президенти мамлакат «марҳалаи аз нигоҳи таърих хеле кӯтоҳ, вале пур аз ҳаводису рӯйдодҳои муҳимми тақдирсози халқи мо мебошад». Халқи тоҷик бо ҳидоят ва раҳнамоии хирадмандонаи Раҳбари хеш он ҳақиқатро ба исбот расонид, ки инсон бо қудрати иродати бузурги ватанхоҳӣ ва нерӯи андешаву тафаккури ҳаётангези худ дар сӣ сол метавонад ормону пайкори садсолаҳоро сомону саранҷом бахшад ва дар қаламрави таърих фурсатро ба саҳнаи корзорҳои бемисл, ба даврони нашъунамои давлату давлатдорӣ табдил диҳад.
Давлатдорӣ ва сабки роҳбарии Президент бо мардумсолорӣ, инсонпарварӣ ва ибтикороти бемонанди сулҳофаринӣ дар кишвари офтобии мо ва дар саросари ҷаҳон эътибору эҳтироми бузургро ба Пешвои миллат армуғон овард.
Истеъдоди фавқулодаи кишвардорӣ, муҳаббати ҷӯшону бекарон ба халқу миллат ва меҳани ҷафокашидаи тоҷикон, садоқати комил ба адолати иҷтимоиву таърихӣ ва талошҳои хастанопазир дар ҳифзу пирӯзии он Пешвои миллатро азизу маҳбуби халқ гардонид.
Мардуми вилояти Суғд, аз хурд то бузург, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дӯст медоранд ва ҳамеша Пешвои маҳбуби худро интизоранд. Онҳо нерӯи бузурги халқро дар шахсият ва корномаҳои сарнавиштсози Пешвои худ муҷассам мебинанд, ки сурату сират, зиндагӣ, ҷаҳонӣ маънавӣ ва ҷаҳони орзуву ормонҳои мардумро комилан дигаргун намуд. Барҳақ, ин ҳама парвозҳои ҷаҳонтоби фарзанди фарзонаи миллати тоҷик Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мояи ифтихори ҳар тоҷику тоҷикистонӣ, мактаби пурҳикмати сабақандӯзӣ ва пайравист барои ҳар фарди бонангу номус ва огоҳу бедордил.
Дар ин китоби «Эмомалӣ Раҳмон – эҳёгари Суғд», ки меҳрномаи мардуми вилоят аст, кӯшиш ба кор рафтааст, ки заррае ҳам бошад ҳидматҳои сутургу мондагор ва нақши калидии Пешвои миллат дар таҷаддуди сарзамини қадимаи Суғд, сарбаландиҳои халқи ин марзу бум, ки аз баракати Истиқлолияти Тоҷикистон ва сиёсати хирадмандонаи Роҳбари ҷаҳоншумули он шодобу сарсабз аст, дар дилу дидаи хонандагони гиромӣ муҷассам гардад.
Китоби «Эмомалӣ Раҳмон – эҳёгари Суғд»-ро шумо, хонандагони азиз, метавонед дар Китобхонаи миллӣ мутолеа кунед.
Таҳияи Мавзуна САЛИМОВА,
сармутахассиси Медиатекаи
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.