Китобҳои Брайлӣ. Фирўза Хоҷаназарова: “Занбўруғчинӣ”
Фараҳнозу Фароиз хостанд занбўруғчинӣ бираванд. Фараҳноз ва Фароиз гуфт: – Биё, Фархундаро ҳамроҳ мегирем. Фароиз розӣ шуду гуфт: Биё Фарзинро ҳам бо худ гирем.
Баъди маслиҳат Фараҳнозу Фароиз ва Фархундаю Фарзин сўҳбаткунон роҳи ҷангалро пеш гирифтанд. Бачаҳо ба ҷангал расида, ба занбўруғчинӣ сар карданд. Дар муддати кўтоҳ сабадҳоро аз занбўрўғ пур намуданд. Ногоҳ онҳо хирсеро диданд. Бисёр тарсиданд. Хирс сўйи онҳо меомад. Бачаҳо сабадҳоро партофта, гурехтанд. Хирс сабадҳои занбўруғро бардошта бурд.
Хаста аз гурезу тарс бачаҳо таги дарахте дам гирифтанд. Занбўраке ғинг-ғинг дар болои сарашон давр заду аз ҳолашон пурсид. Онҳо воқеаро қисса карданд….
Медонед, баъд чӣ шуд? Барои посух ба ин суол, шумо бояд китоби Фирўза Хоҷаназарова: “Занбўруғчинӣ”-ро бихонед.
Ин китоб бо дастгирии Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) соли 2023 чоп шудааст. Албатта сухан аз китобе меравад, ки бо ҳуруфи Брайлӣ барои нобиноён чоп шудааст. Аммо дар толори хониши адабиёт барои кӯдакон ва наврасон низ ин китоби орёфта бо суратҳои зебо мавҷуд аст, ки ҳар касе мехоҳад, мехонад.
Таҳияи Саломат ЯҚУБОВА,
сармутахассиси шуъбаи
хизмарасонӣ ба шахсони
имконияташон маҳдуд.