Китобҳои брайлӣ. Ғанӣ Ҷӯразода. “Панди бобо”
Ин китоб қатори даҳҳои китоби нав бо ҳуруфи брайлӣ дар бойгонии шуъбаи хизматрасонӣ ба шахсони имконияташон маҳдуд дохил шуд. Китоб бо ташаббўси ташкилоти ҷамъиятии иттиҳодияи маъюбон «Меҳрбахш» дар ҳамкорӣ бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии молиявии «USAID» ба ҳуруфоти Брайлӣ баргардонда шуда, ба шуъбаи хизматрасони ба шахсони имконияташон маҳдуд тақдим шудааст.
“Панди бобо” аз қиссаи “Бозгашти хотира” ва шаш ҳикояи ҷолибу хондании адиби маъруф иборат аст.
ҒАНӢ ҶӮРАЗОДА 9 январи соли 1936 дар маҳаллаи Мирамони ҷамоати Пӯлодони ноҳияи Конибодоми вилояти Суғд таваллуд ёфтааст. Пас аз хатми донишгоҳ, солҳои 1961-1993, дар рӯзномаҳои «Комсомолии Тоҷикистон», «Ҷумҳурият», «Садои мардум» ва маҷаллаи «Коммунисти Тоҷикистон» дар вазифаҳои гуногун кор кардааст. Нахустин шеъру ҳикояҳояш солҳои 1955 – 1957 ба табъ расидаанд.
Асарҳояш ба забонҳои русӣ, узбекӣ ва ғайра тарҷума ва чоп шудаанд.
Китоби ҳикоя ва қиссаҳояш «Кулоҳи падар» (1988), «Захми дил» (2000), «Қисмат» (2000),«Ҳушёраки ман, ту куҷоӣ?» (2004), «Афсонаи модаркалонам» (2005), «Бозгашти хотира» (2005), «Очаҷон, аз ман маранҷ!» (2006),«Рахсеб» (2008), «Шишаи бишкаста» (2013),«Панди бобо» (2014) ва китоби публитсистикаи ӯ «Қатраҳо дарё шаванд» (2001) аз ҷониби нашрияҳои гуногун ба чоп расидаанд.
Асарҳои алоҳидаи адибони маъруф Р.Такур, Н.Носов, Н.Тихонов, Б.Житков, В.Катаев, Л.Маҳмудов ва дигаронро ба забони тоҷикӣ гардонидааст.
Акнун шахсони нобино имкон доранд бо намунаҳо аз осори ин адиби шинохта бо хати брайлӣ дар толори хониши шуъбаи хизматрасонӣ ба шахсони имконияташон маҳдуди Китобхонаи миллӣ, воқеъ дар ошёнаи якуми ин бино ошно шавад.
Шакли электронии ин китобро метавонед аз ин ҷо дастрас ва бихонед: ПАНДИ БОБО
Фарангис РАҶАБОВА