Китобҳои Брайлӣ. Лутфӣ Саид: “Кори нек купрук мешавад»
Китоби «Кори нек купрук мешавад»-и нависанда Лутфӣ Саид, ки бори аввал соли 1984 бо номи “Қиссаҳои Хуршед” чоп шуда буд, ҳоло бо ҳуруфи Брайлӣ ҳам барои хонандагони нобино интишор ёфтаву ба тозагӣ ба толори хониши шуъбаи хизматрасонӣ ба шахсони дорои имкониятҳои маҳдуд ворид шудааст.
Ин китоб бо ташаббўси ташкилоти ҷамъиятии иттиҳодияи маъюбон «Меҳрбахш» дар ҳамкорӣ бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии молиявии «USAID» ба ҳуруфоти Брайлӣ баргардонда шудааст.
Китоб 11 афсонаи хуби адиби хушбаёнро дар бар гирифтааст. Дар оғоз мехонем:
Хуршед аз бибию модаркалонаш афсонаҳои зиёд шунида ҳифз карда буд. Аз ҳамин сабаб ҳар боре, ки додарчааш аз вай афсона гуфтанро талаб мекард, музлам нашуда, зуд ягон афсонаи шавқовар гуфта медиҳад.
Дар ин китобча чанд афсонаи ӯ гирд оварда шудааст.
Ва яке аз ин афсонаҳо “Кори нек купрӯк мешавад” ном дорад, ки исми китоб ҳам аз ҳамон ҷост.
Хонандагони азизи мо аз ҷумла афроди нобино ҳоло имкон доранд бо варақ задани ин китоб афсонаҳои «Рӯзи хуб», «Се нақл», «Марғелон нони ғел-ғелон», «Кӣ нобакор аст?», «Бо калонгарӣ кор буд намешавад», «Очаю бача шуда», «Тақдири дуруғгўӣ», «Ҷураҳои Самад», «Қурбоқаи шуҳратпараст», «Харгуӯшчаи гапногир»-ро низ бихонанд.
Таҳияи Малоҳат МАЗОРИЕВА, сармутахассиси шуъбаи
хизматрасонӣ ба шахсони имконияташон маҳдуд