Китобҳои Маркази “Тоҷикшиносӣ”. А.Шишов: “Тоҷикон”. Александр Шишов кӣ буд?

Китоби Александр Шишов “Тоҷикон” соли 2025 аз силсилаи “Тоҷнома” (Тоҷикон дар масири тамаддун) аз ҷониби Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чоп шуда буд. Дар сарсухани китоб доир ба муаллиф маълумоти зиёди дақиқ ва чигунагии асари мондагораш “Тоҷикон” оварда шудааст, ки бахше аз онро мунташир мекунем.

Александр Поликарпович Шишов (15.12.186-30.05.1936) агарчи таҳқиқотчии таърих ва этнография набуд, ба ҳар ҳол дар илми шаркшиносии рус тавассути чопи китобхои «Сартҳо» ва «Тоҷикон» нақши босазои худро гузошт. А. Шишов ба Туркистони тоинкилобии кишвари Русия ҳамчун духтури ҳарбӣ омадааст. Сараввал дар беморхона (лазарет)-и қисми ҳарбии Хуканд, баъдтар – аз соли 1897 ба ҳайси сардухтури баталёни якуми Туркистон дар шахри Тошканд кор кардааст.

А. Шишов, бегумон, инсони сохибистеъдод буда, ба таъриху фарханги халқхои Осиёи Миёна, махсусан этнография ва антропология он мароқи зиёд дошт. Ў дар Тошканд- шаҳре, ки дар гузашта маркази фархангӣ – сиёсии тамоми минтақа маҳсуб мешуд, ба фаъолият пардохта, дар як вақт маводи чопшудаи зиёдеро дар бобати ҷуғрофияи Осиёи Миёна, таърих, фарханг, этнография, антропологияи халқҳои осиёимиёнагӣ ҷамъоварӣ намуд. Натиҷаи ҷустуҷȳҳои зиёди вай дар ду китоб – «Сартҳо» ва «Тоҷикон» ба табъ расиданд. Китоби «Сартҳо» аввал дар ду ҷилд нашр шуда (ҷилди аввал«Этнография», соли 1904, ҷилди дуюм«Антропология», соли 1905), соли 1915 аз нав аз чоп баромад. Аз рȳйи андешаи муаллиф китоби «Точикон» низ бояд аз ду ҷилд таркиб меёфт, аммо танҳо як ҷилди он – дар бораи этнографияи тоҷикон соли 1910 дар Тошканд ба нашр расид (ниг.: Лунин Б.В. Средняя Азия в дореволюционном и советском востоковедении. Тошканд «Фан», 1965.с 285-396, 407). Ҷилди дуюми ин китоб чоп шуд ё не, ба мо маълум нест. Зикр бомаврид аст, ки қисмате аз ҷилди аввали «Тоҷикон» соли 1911 дар маҷаллаи «Средняя Азия», ки дар шаҳри Тошканд чоп мешуд, ба табъ расид. Шишов тадқиқоти худро дар бораи этнография ва антропология дар давраи Ҳукумати Шȳравӣ идома дод. Дар ин давра доир ба ȳзбекҳо мақолаҳои гуногун навишт (маҷаллаи «Медицинская мысль Узбекистана». 1928, №4; 1929, №1).

Китобҳои А. Шишов тадқиқоти махсуси илмӣ нестанд. Онҳо асосан фишурдаи матни адабиёти мавчудаи ба муаллиф дастрас ҳастанд. Бо вуҷуди ин, бо боварӣ гуфтан мумкин аст, ки асари вай – «Тоҷикон» нахустин асари ҳаҷман калоне оид ба этнография, фарҳанги маишӣ, ҷойгиршавии ҷуғрофӣ, урфу одат, ахлоқу одоби точикон- қадимтарин халқи сокини минтақа, дар бораи алоқаҳои мутақобилаи онҳо бо дигар халқҳо, махсусан, бо ȳзбекҳо мебошад.

А.П. Шишов нахустин бор бисёр аниқ ва ҳамаҷонибаю дақиқ маводи зиёдеро дар бораи этнография ва фарҳанги рȳзгордории тоҷикон ҷамъоварӣ намуд. Қисмати асосии маводе, ки ȳ истифода бурдааст, дар асри XIX ва дар аввали садаи XX дар нашрияҳои гуногун дарҷ гардидаанд ва ҳоло ҳуҷҷатҳои китобшиносӣ (библиографӣ)- и нодир маҳбус мешаванд, ки барои хонандагон ва мухлисони сершумор дастрас нестанд. Арзиши ин китоб, ки дар даст доред дар ҳамин ҷамъбаст мешавад. Дар китоби А. Шишов на танҳо маводи бузурги этнографӣ гирд оварда шудааст, балки боз маводҳои аҷиб ва азиму арзандае дар хусуси ҳаёти маънавию ҷахонбинии мардуми кишвар ҷамъоварӣ шудааст.

Бе ҳеҷ шубҳа, баъзе хулосаҳои муаллиф бо гузашти зиёда аз як қарн кȳҳна шудаанд. Дар садсолаи тайгардида илми таърих бо тадқиқоти наву ҷолиб бою ғанӣ шуд. Дар асоси маводи нави бадастомада, сарчашмаҳои аз нав кашфшуда ба тарзи нав ва фаҳмиши тоза омȳхта шуда, баъзе воқеаҳои таърихӣ аз нуқтаи назари нав таҳлилу баррасӣ ва тадқиқ гардиданд. Баъди таҳқиқотҳои баландмояю бунёдии муаррихони барҷаста ба мисли В.В Бартолд, Б.Ғ. Ғафуров ва дигарон бобҳои алоҳидаи китоби А. Шишов ба гумон аст, ки барои муҳаққиқони ҷиддӣ маводи аҷибе намоянд. Аммо  ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, бисёр саҳифаҳои ин китоб дар хусуси урфу одат, расму оин ва маишату рȳзгордории тоҷикон дар қарни XIX маълумоти арзишманд пешкаш мекунанд. Бисёр урфу одат ва анъанаҳои рȳзгори тоҷикон, ки муаллиф дар бораи онҳо менависанд, бо барқароршавии Ҳукумати Шȳравӣ ва тағйирёбии сохти зиндагӣ аз байн рафтанд ва дар бораи онҳо танҳо аз ҳамин китоб маълумот гирифтан мумкин аст. Ғайр аз ин, дар асар мо ба андешаҳои илмӣ дучор мешавем, ки дур аз дидгоҳи сохтаи «баробарӣ» ва «баробарҳуқуқӣ», ки аз фаҳмиши бардурȳғи принсипи дȳстии халқҳо маншаъ гирифта, барои бисёр асарҳои илмии даврони шȳравӣ доир ба таърихи Осиёи Миёна хос буд, шакл гирифтаанд. Ҳарчанд дар замони ҳукумати подшоҳии Русия чун дар даврони Иттиҳоди Шȳравӣ шарқшиносӣ аслан ба режимҳои ҳоким ва худкома, инчунин барои муайян кардани сиёсати онҳо, хидмат мекард (албатта, ин моҳияти илмии он асарҳоро кам карда наметавонад), чунин ба назар мерасад, ки дар Русияи тоинқилобӣ ба таҳқиқи ҳақиқии таърих, этнография ва фарҳанги халқҳо, ки дар ин империяи бузург ҳаёт ба сар мебурданд, нисбат ба режими худкомаи коммунистӣ, ки «чунин бояд бошад», аз «чунин аст» бартарӣ дошт, бештару беҳтар манфиатдор буданд.

А. Шишов дар китоби худ ба тадқиқотчиёни гуногун такя мекунанд, ки дар байни онҳо олимоне ба мисли Н. Хаников, В. Наливкин, В. Бартолд, Карл Риттер (вай ҳамчун «олими кабинетнишин» и немис маълум аст), М. Андреев, инчунин, сайёҳоне чун майор Бидделф ва Вамберӣ, ки китобҳои онҳо чандин бор аз нав нашр шуда ва ба бисёр забонҳои олам тарҷума шудаанд, ба мушоҳида мерасанд. Дар айни ҳол вай гуфтаҳои одамони тамоман тасодуфӣ, мухлиси хаёлбофиҳои илмӣ ва аз илм тамоман дурро меорад. Дар ин миён, дар бисёр ҳолатҳо хулосабарориҳои муаллифони гуногун аз ҷониби Шишов бе таҳлилҳои танқидӣ оварда мешавад. Дар навиштаҳои баъзе муаллифон, ки Шишов иқтибос меорад, нисбат ба халқҳои кишвар ақидаҳои нодуруст ва фикрҳои ботил ба мушоҳида мерасад. Шарқшиносони аврупоӣ ва рус, сайёҳон, бешубҳа, аз доираи вазифа ва мақсади давлат ё ташкилоту муассисаи онҳоро ба ҷамъоварии мавод ба ин минтақаи шарқӣ фиристода берун намебаромаданд. Ғайр аз ин, тарзи зиндагии аврупоиҳо аз зиндагонии мардуми шарқ ба куллӣ фарқ дошт. Худи андеша ва афкори империявӣ имкон намедод, ки моҳияти он ҳодисаву воқеа ва мафҳуму ашёҳо, ки дар дигар кишварҳо ба амал меомаданд, дуруст дарк карда шаванд. Аз ин рȳ, дар корҳои як зумра муаллифон, ки ҳаёту маишати халқҳои Шарқро, аз ҷумла Осиёи Марказиро, ба қалам додаанд, хеле зиёд андешаву тасвироти муболиғаомез ва нодуруст ба назар мерасанд. Инчунин, аксар вақт мо ба нуқтаҳои назари ба ҳам зид ва гоҳо ба андешаҳо ва муҳокимарониҳои зиддиилмӣ дучор мешавем.

Мутаассифона, чунин камбудию норасоиҳо дар ин китоб низ вомехȳранд. Муаллиф, ки худ дар Осиёи Миёна зиндагӣ мекард ва бевосита маишати халқҳоро меомȳхт, гоҳо ба маводи китобҳо аз он чӣ худ медид, бештар бовар мекард.

Аз ҳамин ҷо андешаи «тоҷикон шиа мебошанд» (дар боби «Дин ва урфу одатҳо»), сарчашма мегирад, ҳол он ки муаллиф хуб медонист, ки аксарияти тоҷикон – суннимазҳаби ҳанафӣ мебошанд. Дар ин бобҳо худи А. Шишов ин ҳақиқатро тасдиқ мекунад. Масалан, тамоми боби заминдорӣ дар Осиёи Марказӣ дар асоси фармудаҳои фиқҳи ҳанафӣ, ки асосгузораш Имом Абȳҳанифа ва шогирдону пайравони вай мебошанд, иншо шудааст ва ин худ далели он аст, ки тоҷикон ба ҳамин мазҳаб муътакиду пайраванд.

Дар асар мавқеи асосиро навиштаҳо дар хусуси этнография, маишати фарҳангии тоҷикони кȳҳистони Осиёи Миёна – Қаротегин, Вахиё, Дарвоз, Шуғнон, Рȳшон ва болооби Зарафшон- Мастчоҳ, Яғноб, Фалғар, Киштуд, Моғиён ва ғайра ишғол мекунад. Дар айни ҳол ба фарҳанги ба худ хоса урфу одати тоҷикони водиҳо (ҳамвориҳо), махсусан шаҳрҳо, ки қисми асосии аҳолии онҳоро тоҷикон ташкил медиҳанд, хеле кам диққат дода шудааст. Аз водиҳо нисбатан васеътар дар бораи урфу одат ва анъанаҳои мардуми Хуҷанд ва воситаҳои хоҷагидории тоҷикони ин шаҳр ва гирду атрофи он ва қисми точикони шаҳрҳои Самарқанду Бухоро- гаҳвораи тамаддуни миллии тоҷикон ба тасвир гирифта шудааст. Дар бораи водии Ҳисор, ки ҳоло дар ҳудуди Тоҷикистон ва Ўзбекистон дохил аст ва кȳҳистону ҳамвориҳои минтақаи Кȳлоб хеле кам навишта шудааст. Дар китоб дар бораи тоҷикони қисматҳои шарқӣ ва шимолии Афғонистон маълумот оварда мешавад, вале дар бораи сокинони Кобул, Ҳирот, Панчшер ва дигар мавзеъҳои Афғонистон, инчунин, тоҷикони вилоятҳои Тошканд ва Қашқадарё дар шимоли Ўзбекистон, водии Фарғона, ки ҳоло дар ҳудуди Ўзбекистону Қирғизистон ва Тоҷикистон (ба ғайр аз Хуҷанд) ҷойгиранд, дар китоб ягон мавод нест….

Ба идомааи сарсухан дар бораи муаллиф ва китоби ӯ “Тоҷикон” шумо метавонед дар Китобхонаи миллӣ ошно шавед.

Таҳияи Нодира Асророва, корманди Маркази “Тоҷикшиносӣ”.