Китобҳои тозавориди брайлӣ ба Китобхонаи миллӣ
Ташкилоти ҷамъиятии Иттиҳодияи маъюбон «Меҳрбахш», дар саросари шаҳру ноҳияҳои мамлакат намояндагии худро дорад. Ин созмон бо шуъбаи хизматрасонӣ ба шахсони имконияташон маҳдуди Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон ҳамкорӣ дошта, пайваста ба хонандагони шуъбаи мазкур китобҳои тозанашри брайлиро тақдим менамояд.
Ин навбат “Меҳрбахш” шаш номгӯ китоби чопи брайлиро дар теъдоди 37 дона ба Китобхонаи миллӣ тӯҳфа намуд. Китобҳои мазкур бо ташаббуси ташкилоти чамъиятии Иттиҳодияи маъюбон “Меҳрбахш” ва бо дастгирии молиявии “Дафтари намояндагии Швейтсария оид ба ҳамкорӣ дар Точикистон” бо ҳуруфи брайлӣ рӯйи чоп омадаанд.
Ёдовар мешавем, Луи Брайл – педагоги фаронсавӣ, ки дар сесолагӣ аз биноӣ маҳрум шудааст, алифбои брайлиро дар синни 15-солагӣ ихтироъ намудааст.
Қайд кардан зарур аст, ки ғанӣ гаштани бойгонии Китобхонаи миллӣ, бахусус, шуъбаи хизматрасонӣ ба шахсони имконияташон маҳдуд бо китобҳои брайлӣ барои муассиса дастоварди басо муҳим аст.
Ҳоло хонандагони нобинои Китобхонаи миллӣ аз миёни китобҳои тақдимшуда метавонанд “Ситораҳои сари танӯр”-и Сайф Раҳимзоди Афардӣ, “Қиссаҳои Барон Мюнҳаузен”-и адибони олмонӣ Готтфрид Август Бюргер ва Рудолф Эрих Распе, “Афсонаҳо ва ривоятҳои халқи Ҳиндустон”-ро бихонанд.
Махфират Муҳиддинова,
бахши матбуот
ва робита бо ҷомеа.