Китобхона дар аксҳои таърихӣ Бахши 3
Имрӯз сухан дар бораи яке аз аввалин шуъбаҳое меравад, ки дар Китобхона таъсис ёфтааст ва барои пешрафти кори Китобхона саҳми арзандаи хешро гузоштааст. Ин шуъба шуъбаи коркард мебошад.
Шуъбаи коркарди адабиёти собиқ Китобхонаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абулқосим Фирдавсӣ соли 1933 таъсис гардидааст. Дар он замон фонди Китобхона аз 1416 нусха китоб ба забони тоҷикию ӯзбекӣ ва 17367 ҳазор нусха китоб бо забони русӣ иборат буд. Шумораи хонандагон ба таври доимӣ зиёд гардид ва талабот ба адабиёти соҳаҳои гуногуни илм миёни хонандагон афзуда, фонди Китобхона низ зиёд гардид. Аз ин сабаб ба сохтану омодасозии феҳристҳо оғоз намуданд. То соли 1939 феҳристи алифбоӣ барои хонандагон омода карда шуд. Ҳамзамон феҳристи систематикӣ ва инчунин феҳристи алифбоии адабиёти халқиятҳои гуногуни СССР сохта шуда, корҳо оид ба омода намудани калиди шифрӣ (рақамӣ) барои нашрияҳо идома дошта ва оғози коркарди махсуси ин нашрияҳо пеш бурда мешуданд. Шуъбаи коркард ва феҳристҳо, вазифаи коркарди феҳристи фонди китобро дар Китобхона иҷро менамуд.
Яке аз роҳҳои асосии боз кардани махзани китоб дар назди истифодабарандагон ин феҳрист ба ҳисоб мераванд. Дар онҳо дастовардҳои нави соҳаҳои илму техника, маориф ва сиёсат нишон дода шудаанд. Феҳрист (каталог) хонандагонро аз китобҳои тоза ба китобхона ворид гашта ошно намуда, дар интихоби адабиёти лозима кумак мерасонанд ва шароити ба таври комил истифода намудан аз китобу китобхонаро фароҳам меоварад. Феҳристу картотекаҳо омили муҳимми библиографии Китобхона ба ҳисоб мераванд, ки ҳамарӯза хонандагон аз онҳо истифода мебаранд. Системаи феҳристнигории Китобхонаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абулқосим Фирдавсӣ дар солҳои 30-юм зиёда аз 70-ҳазор феҳристҳои (каталогҳои) гуногунро дар бар мегирифт, ки бо услуби забонӣ мураттаб шуда буд.
Дар шуъба кормандони баландихтисос ба монанди: Лифшитс Т.А., Сушко Г.М., Джураева М.Г., Халифаева Х.Н. ва Стус Т.В. кор ва фаъолият намуда, таҷрибаи кории худро ба мутахассисони ҷавон меомӯзониданд. Дар ҳамон давра вазифаи мудири шуъбаро Юсупова О.Ф., корманди шоистаи маорифи Тоҷикистон (СССР) ба уҳда дошт.
Шуъбаи илмӣ-методӣ
ва таҳқиқотӣ