Китобхона дар аксҳои таърихӣ: Бахши 6. Шуъбаи хизматрасонӣ ба истифодабарандагон

Шуъбаи хизматрасонӣ бо ин ном соли 1933 дар заминаи китобхонаи Сталинобод – пойтахти РСС Тоҷикистон ба фаъолият шуруъ намудааст.

Маврид ба зикр аст, ки қонеъ намудани дархости истифодабарандагон аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти шуъбаи хизматрасонӣ ба истифодабарандагон ба шумор меравад, ки ҳамарӯза хонандагон аз хидматрасонии толорҳои хониши шуъба истифода мебаранд.

Истифодабаранда метавонад ба як бор дидан сифати хидматрасониро дар шуъбаи мазкур баҳо диҳад, аз ин рӯ кормандони шуъба бояд аз илмҳои замона бохабар ва рафтори намунавиро доро бошанд то ин ки истифодабаранда тавонад бе ягон мушкилӣ маводи лозимаи худро дастрас намояд.

Дар ин акс тавре мебинед, кормандони шуъбаи хизматрасонӣ ба истифодабарандагон аски хотира ва дастаҷамъӣ гирифтаанд.

Фаъолияти шуъба аз соли 1933 оғоз гардида, то инҷониб ба беш аз милион донишҷў ва донишпажӯҳон хидмат расондааст. Фонди ёрирасони шуъба сол то сол такмил гардида, айни ҳол дорои 67487 нусха китоб мебошад. Дар ин фонд китобҳои соҳаҳои гуногуни илм бо забонҳои тоҷикҷ, русҷ ҳифз ва нигоҳдорӣ мешавад.

Мувофиқи маълумоте, ки аксҳои таърихӣ ба мо медиҳанд, дар солҳои 70-80 замони Шӯравӣ омаду рафт ва гардиши адабиёт дар ин шуъба хеле назаррас буд: барои мисол, агар соли 1970 шумораи хонандагон – 11265, омаду рафти муроҷиаткунандагон – 134521 ва диҳиши китобу мавод 310439 нусха бошад, то соли 1982 шумораи бақайдгирии хонандагон – 17608, муроҷиаткунандагон – 21365 ва диҳиши китоб то 614524 нусха расидааст.

Дар ин акс ҷараёни фаъолияти кормандон дар фонди китоби шуъба инъикос ёфтааст.

Шуъбаи хизматрасонӣ вазифаи роҳбарикунандаро нисбат ба системаи китобхонаи марказии маҳаллаи Ҳисор бар ӯҳда доштааст.  Фаъолияти шуъба бо дигар шуъбаҳо аз қабили феҳристнигорӣ, нигаҳдории китоб алоқамандии зич дорад.

Дар замони Шӯравӣ шуъбаи мазкур бо Иттифоқи нависандагон, бо Ҷамъияти ҷумҳуриявии дӯстдорони китоб, кумитаҳои ҳизб ва комсомоли маҳаллаи роҳи оҳан, ташкилотҳои ҷамъиятии донишгоҳу донишкадаҳо ва китобхонаҳои онҳо ҳамкориҳои судманд дошт.

Дар акси сеюм шумо ҳолати ташрифи хонанда ва бақайдгирии онҳо аз ҷониби кормандонро мебинед.

Зиёда аз 20 сол тахминан (солҳои 60-80)-и асри гузашта вазифаи роҳбарикунандаи шуъбаи хизматрасониро Ғуфронова Инобат бар дӯш доштааст.

Дар шуъба мутахассисоне ба мисли: Тозиев Р.Ф. , Воронкова В.И. , Тураева М. , Ким С. , Шимонова Э. ва кормандони ҷавон – Грязиева Г. , Махкамова М. , Раҳимова С. , Иброҳимова К. , Шокирова М. , Саъдуллоева Г. ва дигарон кор ва фаъолият намудаанд.

Дар ин акс шумо Ғуфронова Инобат сардори шуъбаро мебинед, ки ба кормандони ҷавони шуъба тарзи кор бо ҳуҷҷатро омӯзонида истодааст.

Лозим ба ёдоварист, ки имрӯз бо шарофати истиклоли давлатии кишварамон дар шуъбаи мазкур 610 ҷойи нишаст барои хонандагон муҳайё гардидааст. Имрӯз шуъба дар тобеияти худ толори умумӣ, толори тиб ва табиатшиносӣ, толори ҳуқуқ ва фалсафа, толорҳо барои озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст» ва «“Тоҷикон– оинаи таърихи миллат»-ро дорад.

Дар акси ҷамъбастӣ толори хониши моломоли хонандаи Китобхонаро дар соли 1983 мебинед.

Тавре мушоҳида мешавад толорҳои хониши ҳамеша моломоли хонанда будааст.

Шуъбаи илмӣ-методӣ ва таҳқиқотӣ