Китобхона дар аксҳои таърихӣ: Бахши 7. Шуъбаи матбуоти даврӣ
Шуъбаи матбуоти даврӣ соли 1976 таъсис гардидааст. (Қаблан ҳамчун бахши матбуоти даврӣ дар назди шуъбаи нигаҳдории китоб фаъолият мекард).
Толори хониши шуъбаи матбуоти даварӣ дар солҳои 80-ум дорои 75 ҷои нишаст буд, ки тибқи иттилои аксҳо ҳамарӯза 400-450 нафар ба ин толор муроҷиат мекарданд.
Ба ғайр аз диҳиши мавод ба толорҳои хониш, инчунин маҷаллаву рӯзномаҳо ба толорҳои техникӣ ва илмҳои дақиқ, шуъбаи абонементи байникитобхонавӣ ва дигар шуъбаҳо пешниҳод карда мешуданд. Дар соли 1982 хонандагони ин шуъба 547300 нусха маҷаллаву рӯзномаҳо дархост карда буданд.
Барои беҳтар гардидани сифати хидматрасонӣ ва тарғиби матбуоти давриву маҷалллаҳо, шуъба ҳар ҳафта намоиши нашрияҳи навро ташкил менамуд.
Ба фонди рӯзномаҳо ворид мешуданд: рӯзномаҳои ҷумҳуриҳои Шӯравӣ, шаҳрӣ, минтақавӣ ва рӯзномаҳои бисёрнашра бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва узбекӣ.
Дар шуъба дар он давра дасгоҳи микрофилмсозии рӯзномаҳо вуҷуд дошт, ки дар он ҷо аслан рӯзномаҳои солҳои пешин, рӯзномаҳои камёфт ва адади нашрашон кам дар фиттаҳо тасвирбардорӣ мешуданд.
Бо мақсади нигоҳдории фонд ва ба таври пурра қонеъ гардонидани талаботи хонандагон шуъба нашрияҳои солҳои пешин ва ҳ маводи дигарро аз маҷмуаҳо ва нашрияҳои давомдор аксбардорӣ мекарданд.
ШУЪБАИ ИЛМӢ-МЕТОДӢ
ВА ТАҲҚИҚОТӢ