Китобхонаҳо дар даврони навин. Китобхонаи донишгоҳи Оксфорд
Барҷастатарин рӯйдоди наҳзати китобхонавӣ дар қарни XVIII барпоии китобхонаи Бодлиёни Оксфорд ба соли 1602 бо маҷмӯи болиғ бар 2000 ҷилд буд. Томас Бодлей сиёсатмадоре, ки пешаашро раҳо намуда, бо ҷону дил зиндагиашро сарфи ин китобхона кард, дар соли 1620 бо эҳдои китобҳояш ва гирифтани ҳадяҳо аз дӯстони сарватмандаш мизони маҷмӯаро ба 16 ҳазор ҷилд расонд. Китобхонаи Бодлиён пас аз соли 1649 ба ин ном хонда шуд: “то номи касеро, ки нахустин китобхонаи номбурдаи асрашро бино ниҳода буд, ҷовидона созад…” Дар авохири ҷарни XVII маҷмӯи китобхона ба теъдоди 25 ҳазор ҷилд буд.
Пешрафт ва мудирияти китобхона
Осори барҷастатарин фарҳанги ин қарнро ба лиҳози маҳфум метавон дар поя ва пешрафти тамоми ниҳодҳои фарҳангӣ тавассути халлоқият ва саховати афроди маъдуд ва на карами шоҳону ашрофон дунбол кард. Ин воқеият бавижа дар Инглистон ва дар мавриди муассисоти омӯзиши олӣ ва китобхонаҳояш содиқ буд. Орзуи пешрафти маънавӣ ва моддии китобхонаҳо то аҳди Елизавет маяссар нагашт. Дар ин замон китобхонаи донишгоҳ ё донишкада наметавонист даромади ҳамешагӣ ва ё собите дошта бошад ва шояд рушди оҳистаи маҷмӯаҳо ба ҳамин далел будааст. Манбаи умдаи фароҳамоварии мавод, дарёфти мавод аз маҷмӯадорон буд. Бештарин маводи хондании он китобхонаҳо аз тариқи эҳдои маҷмӯҳои ғанӣ ва бисёр гаронбаҳои ихтисосии бузургвороне фароҳам омад, ки азизтарин сармояи умри худ, яъне китобхонаи шахсии худро аз ин тариқ ба беҳтарин наҳви мумкин, ҳам ба осеби эҳтимолии амин сохтанд ва ҳам ба маърази истифодаи аҳли он ниҳоданд. Эҳтимол ангезаи аслии онон будааст, ки маҷмӯҳо аз газанди рабуда шудан ҳифз бимонанд. Ба ҳамин далел буд, ки Бодлей дастур дод танҳо хатмкунандагон ё муассисои китобхонаҳо битавонанд аз китобҳо истифода кунанд. Мегӯянд Самеэл Пепиз, ки китобхонаашро ба коллеҷи Магдолин ҳадя кард, бо ин шарт буд, ки низоми қафасбандии тарҳшудаи худи вай набояд иваз шавад ва низ маҷмӯаш ба маҳалли дигар наравад.
Ба ҳамон шакле, ки буд нигаҳдорӣ шавад ва ҳеч иқдоме барои афзудан ба он накунанд. Ҳанӯз ҳам чунин маҷмӯаҳое бо риояти датурҳои таъиншуда дар Кембриҷ ба чашм мехӯрад. Масъалаи амонати – мавод камтар матраҳ буд, ҳар чанд эҳтимолан китобдорон он ниёзро дар мавриде эҳсос мекарданд. Ҳанӯз ҳам амали занҷир кардани китобҳо маълум буд. Мегуянд аз амонат додани мавод аз китобхонаи Оксфорд ҳатто ба шоҳ Чарлзи аввал ва Кромвел ҳам худдорӣ гардид. Ба ҳар ҳол, дар асри китобҳои занҷиршуда танҳо дар китобхонаи донишгоҳи Кембриҷ ин усул дигаргун шуд ва барои нахустин бор амонат маводи мавриди ҳимоят қарор гирифт. Эҳтимол машҳуртарин амонатгирандаи китобҳо ва нусхаҳои хаттии он даврон доктор Самуэл Ҷонсон буд. Ӯ аз ҳар куҷое, ки метавонист – донишкадаҳо, донишгоҳҳо маҷмӯҳои махсус амонат мегирифт ва ҳамчунин амволи шахсии худ аз онҳо баҳра мебурд ва ғолибан ёддоштҳое бар ҳошияи ҷилдҳои амонатгирифташуда менавишт. Мегуянд, ки “пас аз маргаш, таъйини ин ки чӣ китобе мутааллиқ ба вай буд ва чӣ китобе не, воқеан ғайримумкин буд”. Доктор Ҷонсон аз донандагони бузурги китоб буд, аммо аз назари китбхона амонатгирандаи худро ҷиддӣ эҳсос намекард.
Феҳристҳои китобхона
Таърихи таҳияи феҳристҳои инглисӣ бо омада шудани нахустин феҳристи чопии китобхонаи Бодлиён дар соли 1605 оғоз шуд, аз он то дуввумин феҳрист, ки соли 1920 мунташир шуд тафовутҳои муҳиме буд. Дар нахустин феҳрист китобҳо ва нусхаҳои хаттӣ бар асоси мавҷуди чаҳор донишкада ва баъд бар асоси муаллиф бо намояи муаллиф ба манзалаи пайваст радабандӣ мегардид. Дар феҳристи дуввум унвонҳо дар як назми алифбоӣ, пешрафти мусаллам ба шумор мерафт, оварда шуда буд. Пеш аз он муфид будани феҳрист ба ҳадди кофӣ дарк нашуд. Феҳрист умдатан восита барои суратбардорӣ ва нишондиҳандаи тартиби шиносаҳо бар асоси қарор дошани китобҳо дар рафҳои қафасаҳо ҳидоят мекард. Шиносаҳои китобшинохтӣ ғолибан бо иштибоҳ ва беназму диққати кофӣ будааст.
Китобдор
Ба вуҷуди он, ки китобдорони ҳирфаӣ ҳамчун Ҷон Дюри, Стефан Батман , доктор Томас Шмит, Патрик Юнг ва ғайра масъулияти иродаи китобхонаҳои динишгоҳӣ ва донишкадаӣ зери назари кашишон ирода мешуданд. Қадимтарин муҷассамаи Оксфорд ҳокӣ аз он аст, ки як “кашиш китобдори он ҷо будааст” . Томас Ҷеймс, ки масъули дуввумин ва вироиши феҳристи Бодлиён шуд, баъдҳо ба унвони китобдори Бодлиён машҳур буд. Музди солонаи китобдор соле 40 фунт буд. Ин даромади ночиз китобдоронро нигоҳ медошт, то аз манобеи дигаре зиндагии худро таъмин кунанд. Ҳамин амр сабаб шуд, ки Ҷон Дюри ба воситаи китобдорони дигар мубориза бурданд ва хостори кормузд барои зиндагӣ гардиданд, гарчи китобхонаҳои бузург дар масири пешрафт афтода буданд, ҳирфаи китобдорӣ ба мушкилӣ афроди донишмандро ҷалб мекард. Дар донишкадаҳо баъзан устодон ба кори китобхонаҳо ёрӣ мерасонид.
Аз китоби С. Сулаймонӣ “Таърихи китобдории кишварҳои хориҷӣ”. Душанбе, 2013.
Таҳияи Барно Самиева