Китобхонаҳо дар даврони навин. Китобхонаи донишгоҳи Кембриҷ

Китобхонаи донишгоҳи Кембриҷ яке аз китобхонаҳое аст, ки таърихи таъсиси он ба асрҳои миёна рост меояд. Ин китобхона дар аввалҳои қарни XV ташкил шуд ва дар нимаи дуввуми қарни XVII даврони умедбахшро гузаронид. Беҳтарин марҳилаи пешрафти худро арсаи асри равшанфикрии Инглистон тай кард.

Дар солҳои салтанати Ҳенри Ҳаштум аз таҷовуз ҷон ба саломат бурд, аммо пас аз марги вай соли 1540 аз ҳамлаи арбобони давлат дар амон намонд ва мусодира шуда ба 180 ҷилд боқӣ монд.

Солҳои баъд Паркер – раиси руҳонии Кентреберӣ бо ҳадяи китобҳою нусхаҳои хаттии гаронқадр китобхонаро бою рангин гардонид. Маҳалли маҳдуди китобхона, баръакси Оксфорд монеъи додани ҳадяҳои сарватмандон гардид гардид ва ниёз ба сохтмони ҷадид беш аз пеш эҳсос шуд ва баровардани ин ниёз беш аз сад сол ба тӯл анҷомид. Ҷанги дохилӣ пеш омад ва китобхонаи Кембриҷ дар қарни   XVII ба рукуд рафт.

Кулли маҷмӯи он хеле камтар аз мавҷуди Бодлиён буд. Аммо тафовути асосии он аз китобхонаи Бодлиён дар он буд, ки танҳо китобхонаи донишгоҳӣ ба шумор мерафт, ки аз оғози бунёдаш истифода ва амонат додани номаҳдуди китобҳоро иҷозат медод. Гарчи дар мақоми муқоиса, ғанои маҷмӯаш ба китобхонаи донишгоҳи Оксфорд намерасид, ин комёбиро дошт, ки идораи он ба дасти донишпажӯҳони машҳури рӯз супурда шуда буд. Вееллок ва Моор солҳое мудирияти онро бар уҳда доштанд.

            Дар қарни  XVIII бахт ба он китобхона рӯй овард ва маҷмӯъҳои китобхонаи салтанатӣ, ҳадяи машҳури 30755 ҷилди китоб ва нусхаҳои салтанатиро дарёфт намуд. Аъзои донишгоҳ метавонистанд озодона ба маҷмӯъ дастрасӣ дошта бошад ва амонат гирифтани маводи он ҳеҷ шатре надошт. Дар  миёни китобдорони қарни XVII китобхонаи Кембриҷ номи Конуре Миддлетон аз ҳама барҷастатар аст.

Аз китоби  С. Сулаймонӣ “Таърихи китобдории кишварҳои хориҷӣ”. Душанбе, 2013.

Таҳияи Барно Самиева