Китобхонаҳо дар даврони навин. Китобхонаҳои илмӣ ва тахассусӣ дар Русия

Дар қарни авҷи саноат ва рушди иқтисод барои пешбурди илм ва технология замина ба вуҷуд овард. Дар ин давра шумораи зиёди корхонаҳо ва муассисоти иқтисодию илме ба кор медароянд.

Соли 1724 Академияи улум, ки китобхонаи он соли 1714 дар Петербург ифтитоҳ шуда буд, ба кор шурӯъ мекунад. Китобхонаи илмии Академия барои рушди илми Русия марҳилаи навине бармедорад. Ин китобхона қаблан аз тариқи кутуби эҳдоии олимон ва баъдан хариди китоб ташкил шуд. Соли 1725 дар китобхона 12 ҳазор китоб ҷамъоварӣ шуда буд. Соли 1783 бо қарори Ҳукумат кулли интишороти Русия як нусхаӣ ба китобхона интиқол медонанд. Китобхона баъдан рушд ёфта, дар таҳкими равобити китобдорӣ бо кишваҳои Урупо саҳми созандае гузошт. Дар рушду нумӯи минъбадаи китобхона саҳми М.В. Ломоносов бузург мебошад.

Соли 1755 бо ташаббуси М.В.Ломоносов дар Маскав донишгоҳ ба кор шурӯъ мекунад ва соли 1756 китобхонаи он дари худро барои донишҷӯён ва устодон боз мекунад. Дар интиҳои қарни XVIII маҷмӯи он аз 10 ҳазор нусха зиёд буд.

Дар ин давра зуҳури китобхонаҳои тахассусӣ ба чашм мерасад. Дар Петербург Академияи наққошӣ ба кор шуруъ мекунад ва дар шаҳрҳои Олтой, Барнаул, Томск омӯзишгоҳҳои кӯҳкорӣ ифтитоҳ мешаванд, ки китобхонаҳо доштанд. Ин китобхонаҳо барои рушди  иқтисод ва илми Русия саҳмгузор будааст.

                  Китобхонаҳои умумии ин давра

Дар охири қарни XVIII рушди бемайлони саноат, иқтисод ва тиҷорати Русия ба чашм мерасад. Солҳои 1773-1775 ҷанги деҳқонӣ бо саркардагии Е.И.Пугачев  ба вуқӯъ мепайванданд. Ин буд, ки Ҳукумати подшоҳӣ дигаргуниҳои иҷтимоиро дар амал ҷорӣ менамояд.

Интишори китоб рушд меёбад. Бо ташаббуси Н.И.Новиков фаъолияти чопӣ чашмгир мегардад.

Дар нимаи дуввуми қарни XVIII чанде аз лоиҳаи китобхонаҳо пешбинӣ мешаванд. Соли 1766 ба Екатиринаи II “Нақшаи сохтмони китобхонаи умумии Русия” дар Петербург пешниҳод мегардад. Дар шаҳрҳои Тула, Иркутск, Калуга китобхонаҳои умумӣ ифтитоҳ мешавад, ки бузургтарини онҳо хонаи умумии Иркутск буда дари он барои мардум ҳамеша боз гардид.

Китобхонаи ғанитаре дар Эрмитаж ба кор шурӯъ мекунад, ки дорои 40 ҳазор унвон китоб будааст. Ин ҷо китобҳои Екатеринаи II, ки аз маорифпарварони Фаронса мисли Дидро, Волтер ва дигарон ба даст омода буд, ҳифз мешуданд. Ҳамин тавр, китобхонаҳо бо тариқи густарда ба кор шурӯъ мекунанд.

Аввалин матнҳои тахассусии китобдорӣ

            Рушди сареҳи китобхонаҳо ба афкор ва андешаҳои китобдорӣ бетаъсир намонд. Дар ин давра бори аввал масоили рӯзи китобдорӣ дар матбуот баррсаӣ мегардад. Китобдори китобхонаи Академияи улум А.И.Богданов барои умумигардонии китобхонаҳо кӯшиш ба харҷ дода буд. М.В.Ломоносов низ барои дастраси умум гардонидани китобхонаҳо фикру андешаҳо пешниҳод карда буд.   Соли 1793 В.Н.Татихев бори аввал дар вожанома “китобхона” ва “китобдорӣ”-ро ҷой дод. Соли 1776 китоби китобдори китобхона Академияи улум И.К. Бекмейстер “Таҷрибаи китобхона ва кабинаи нодир ва таърихи табиии Академияи улуми Санкт-Петербург” (“Опыт о Библиотеке и Кабинете редкостей и Истории натуральной Санкт-Петербургской академии наук”) ба табъ мерасад. Дар ин китобхона Бекмейстер таърихи китобхонаро баррасӣ намуда, дар бораи осори хаттии Руси Қадим ва нодир иттилооти бештареро ба маърази хонандагон мегузорад. Ин китоб ба ростӣ воқеаи муҳиме дар таърихи ташаккули афкори китобдорӣ буд.

            Соли 1779 гузориши Х.А.Чеботарев “Муруре ба роҳҳо ва усулҳое, ки ба маърифат ҳидоят мекунад(“Слово о способах и путях, ведущих в просвещению”) дар бораи мутолтаи олимон суҳбат мекунад. Ӯ ба донишҷӯён тавсия менамояд, ки барои мутолиаи самаранок аз роҳнамоии устодон истифода намоянд, дар мутолиаи китоб беэътиноӣ нишон надиҳанд.

            Дар натиҷаи интишори буштари китоб масъалаи созмондиҳӣ ва ҳифозати он ба миён меояд. Қаблан усули “тибқи факултаҳо ва илмҳо”, ки аз ҷаҳор қисм иборат буд: фалсафа, ҳуқуқ, тиб ва адабиёти мазҳабӣ ба кор меравад. Ҷойгирнамоии кутуб тибқи илмҳо дар китобхонаҳои илмӣ ва тахассусӣ истифода мешуд.

            Дар ин давра ба кори феҳристнависӣ низ аҳамият медоданд. Соли  1742 аз тариқи Академияи улум феҳристи китоби чопӣ ба табъ мерасад. Дар хадамоти китобдорӣ усули риояи ҳуқуқи ашрофон ва рӯҳониён болотар буд.

Аз китоби  С. Сулаймонӣ “Таърихи китобдории кишварҳои хориҷӣ”. Душанбе, 2013.

Таҳияи Барно Самиева