Китобхонаҳо дар даврони навин. Рушди китобхонаҳо дар асри XVIII
Баробари боз шудани дарҳои бештари китобхонаҳои хусусӣ ба рӯйи хонандагон ва оғоз гардидани восупории китобҳо ё роҳ ёфтани онҳо ба қафасаҳои китобхонаҳои донишгоҳӣ ба унвони ҳадяҳо, даъвоҳои қарни XVII ба авҷи худ расид. Ин ҳадяҳо ва вақфҳо танҳо мубтанӣ буд, ки маҷмӯи китобхонаҳоро ташкил медод. Дар солҳои поёнии қарни XVII шароити сиёсӣ ва иқтисодии Инглистон тасбият шуд ва 1660 анҷумани фалсафӣ, илмӣ ва пизишкии фаровоне ба вуҷуд омад.
Инқилоби саноатӣ сабаби таҳаввули иқтисоди миллӣ аз савдогарӣ ба тиҷорат озод шуд. Таъсири афкори Адам Смит ва Едмунд Бурке ба зиндагии иҷтимоӣ, сиёсӣ ва иқтисоди мардум роҳ ёфт ва навиштаҳои Аддисон, Попе Свифт ва дигарон адабиёти ҷадидро мутаваллид кард. Беркли, Ҳум, афкори Ҳоббес ва Локкро густариш доданд ва чунон пешрафти ҳамагонии иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фикрӣ рӯй дод, ки дар давронҳои пеш бе собиқа буд. Ба ин тартиб қарни XVIII аз назари пешрафтҳои фарҳангӣ иборат аз баракату комёбие буд ва осори китобхонаҳои расмиро метавон дар ин давра мушоҳида кард. Аз соли 1730 ба баъд чунин раванди навине қобили мушоҳида буд ва қарни XVIII давраи воқеан матлуб барои китобхонаҳои Инглистон, Скотланд ва Ирланд ба ҳисоб мерафт. Гарчи дар ин давра китобхонаҳои мутааллиқ ба мардум ва дар ҳимояти моддии онон вуҷуд надошт, асри хирадгароӣ ва равшангарии пешрафти донишгоҳҳо ва китобхонаҳояшон, афзоиши ниҳодҳои фарҳангӣ ва афроди донишманд ва таҳарруки фикриву адабии густардаеро шоҳид буд, ки дар кулл онро ба манзалаи қарни таҳаввул шиносонид.
Инқилоби Фаронса ва китобхонаҳо
Достони пешрафти китобхона дар қарни XVIII бидуни ишора ба инқилоби Фронса ва асароти он бар китобхонаҳо ноқис хоҳад буд. Инқилоби Фаронса дар соли 1789 ба мусодираи мавҷуди китобхонаҳои калисо анҷомид. Маҷмӯҳои онҳо ва соири муҳоҷирону фирориён амволи давлатӣ ҳисоб шуданд. Инқилобиён на танҳо маҷмӯҳои ашроф, балки зиддиинқилобиёну душманони хориҷии Фаронсаро ҳам мусодира карданд. Онҳо китобҳои мусодирашударо бо ин ҳадафи асосӣ, ки ганҷинаи китобхонаи худ китобхонаи миллӣ дар Порисро бар он поя бино кунанд, дар анборҳо гирд оварданд.
Ду китобдори машҳури фаронсавӣ Амейлон ва Ҷузеф Прает аз китобхонаи салтанатии пешин, рӯзҳои мутаволӣ дар ин айем сахт кор карданд ва мегӯянд Прает тавонист 3000000 китоб ва нусхаи хаттии боарзишро, ки ҷузъи улуми умумишуда буд, ташхис диҳад ва баргузинад ва ин корро бо такя бар ҳофизаи қавии худ анҷом дод ва ин китобҳо ба маҷмӯи китобхонаи миллӣ интиқол ёфт. Нусхаҳои такрорӣ ба марокизи фарҳангӣ ва пажӯҳишии саросари Фаронса фиристонида шуданд.
Баъд аз инқилоби Фаронса китобдор масъули тарҳи китобшиносии миллӣ шуд. Ин маҳфуми нав самараи инқилоб буд. Инқилобиён дар миқёси густарда китобхонаи миллиро барномарезӣ мекарданд ва ин яке аз алоқаи онҳо ба шумор омад. Ҳамчунин хадамоти китобхонаи навинро ба марҳилаи иҷро даровардан ва он густариши мардумсолорони хадамоти китобхона барои ҳамагон буд, ки ба мизони сарват ва омӯзиш эътибор намениҳод.
Имтиёзот дар давраи Эҳё ва Ислоҳот фурӯ пошид ва маҳфуми китобхонаҳои расмӣ дар қарни XVII оғоз ба рушд кард ва саранҷом пас аз инқилоби Фаронса ҷойи худро ба маҳфуми мардумсолорона ва навини “китобхона барои ҳама” дод.
Даврони таърихии навини суннатӣ, ки аз қарни XVII оғоз мешуд, шоҳиди марҳилаи муҳиме аз пешрафти китобхона ба вуҷуд омадани пиндорҳо ва корҳои навине дар китобдорӣ ва ташхиси нақши китобдор дар барномарезии миллӣ буд. Ҷаҳон миёни даврони Эҳё ва инқилоби Фаронса пешрафти шоёне кард ва дар партаи он ҷунбиши ҳамагони ҷаҳони китобхонаҳо низ равшан шуд.
Аз китоби С. Сулаймонӣ “Таърихи китобдории кишварҳои хориҷӣ”. Душанбе, 2013.
Таҳияи Барно Самиева