Китобхона ва фонди депозитарӣ. Депозитарӣ, яъне чӣ?

депозиторӣДар мавриди фонди шуъбаи депозитарии китобхонаҳо ва махсусияти он маълумотҳои муфассалу мукаммал ва фишурдаву кутоҳ дар расонаҳои кишвар ба таъб расидаву ҷиҳатҳои гуногуну вижагиҳои ин махзан аз назарҳои мухталиф мавриди таҳқиқ қарор гирифтаанд, вале асли фаъолияти ин шуъба ва нақшу мақоми он дар соҳаи китобдорӣ, маънои аслии калимаи “депозитарӣ” дар соҳаи мавриди назар ба таври рўшан омўхта нашудааст. Гарчи бароиш ва нуктаи истифодаи вожаи «депозитар» дар соҳаи бонкӣ роиҷ буда, ба нуктаи аслии худ расидаву бо таъбиру шарҳҳои васеъ дар энсиклопедияҳо мавриди истифода қарор гирифтааст, вале дар соҳаи китобдорӣ, махсусан аз ҷониби муҳаққиқони ватанӣ ҷойгоҳи ин калима ва ин бахши фаъолияти соҳа ҳалли худро пайдо накардааст.

Албатта, чаро мо маҳз соҳаи китобдории тоҷикро мисол оварда, ҳазм нагардидан ва шояд сарфаҳми ин истилоҳ нарафтани китобдорон, ки нуктаи назари мутахассисон ва донишмандони соҳа аст, мисол овардем. Чун то имрўз андешаҳои гуногуне мавҷуд аст, ки шояд ин истилоҳ аз соҳаи бонкӣ ба соҳаи китобдорӣ ҷорӣ шудаасту мавриди истифода қарор дорад, шартан доир ба ин паҳлуи масъала дар яке аз чорабиниҳо вобаста ба фаъолияти шуъбаи депозитарӣ, ки 23 ноябри соли 2022 дар Китобхонаи миллӣ баргузор гардид, доктори илмҳои таърих, профессори кафедраи таърихи умумӣ ва ватании Донишгоҳи  Славянии Россия ва  Тоҷикистон С. Р. Муҳиддинов дахл карда, ин андешаро пиёда месозад: “Вожаи депозитарӣ ба китобхонаҳо шояд аз соҳаи бонкӣ ворид гардида бошад. Вожаи депозит – маблағ ё қоғазҳои қиматноке, ки ба муассисаи қарзӣ барои ҳифз ё мақсадҳои махсус ворид мегарданд”. Дар идомаи маърўзаи хеш доир ба китобхонаҳои депозитарӣ маълумотҳои ҷолиб медиҳад, бинобар ин, ҳоло поинтар доир ба ин мавзўъ руҷўъ намуда, чанд ҳарфро таъкид менамоем. Бояд ишора шавад, ки ҳанўз соли 1975 дар Иттиҳоди Шўравӣ ҳангоми таъсиси китобхонаҳои депозитарӣ калимаи “нигоҳдорӣ” ба он зам шуда буд ва шуъбаҳои нигоҳдории депозитарӣ дар китобхонаҳои мақоми ҷумҳуриявӣ дошта ташкил шуданд. Дар собиқ Иттиҳоди Шўравӣ, ки заминаи таъсиси китобхонаҳои депозитарӣ вуҷуд доштанд, ба сифати муассисаи алоҳида ба фаъолият пардохтанд ва дар дигар ҷумҳуриҳои шўравӣ, аз ҷумла Тоҷикистон дар собиқ Китобхонаи давлатии ҷумҳуриявии ба номи А. Фирдавсӣ шуъбаи нигоҳдории депозитарӣ ба фаъолият шурўъ намуд, ки ин маълумот дар мақолаи “Баъзе масъалаҳои омўзиш ва зарурати созмондиҳии фондҳои депозитарӣ дар китобхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон”-и профессор С. Р. Муҳиддинов маълумоти муфассал оварда шудааст. Аслан ва усулан, аз самти фаъолият ва ҳуҷҷатҳои таърихӣ чунин натиҷа гирифтан мумкин аст, ки аз рўзҳои аввали ба кор шурўъ намудани ин навъи китобхона ва шуъбаҳо калимаи “нигоҳдорӣ” ба сифати гирдоваранда ва ҳифозатгари китобҳои камистифода истифода шудааст. Аммо бо гузашти вақт ва таҳлилу андешаи муҳаққиқон калимаи “нигоҳдорӣ” аз истифода бароварда шуда, танҳо депозитарӣ ба сифати шуъбаи амалкунанда боқӣ монд. Далели ин гуфтаро метавон аз ҳуҷҷати тасдиқгардидаи сохтори нави Китобхонаи миллӣ ҷўё шуд. Яъне дар  Оинномаи ба тозагӣ такмилёфтаи Муассиса (соли 2023) шуъбаи нигоҳдории депозитарӣ ба шуъбаи депозитарӣ ивази ном намуд.

депозиторӣАлбатта, муҳаққиқони соҳаи китобдорӣ ба ин назаранд, ки шояд вожаи «депозитар» аз соҳаи бонкӣ ба соҳаи китобдорӣ ворид шуда бошад, ки инро аллакай ишора намудем, вале далели қатъие, ки битавонад ба тамоми саволҳои чарои мутахассисион вобаста ба ин калима ва истифодааш дар соҳаи китобдорӣ ҷавоб бидиҳад, то ба имрўз пешниҳод нагардидааст. Аз ин нуктаи назар, моро зарур аст, ки ба чанд паҳлуи ин масъала рушанӣ андозем.

Пеш аз он ки дар мавриди китобхонаҳои депозитарӣ ва пайдоиши ин навъи китобхонаҳо дар соҳаи китобдорӣ маълумот диҳем, аввалан бояд маънову мафҳуми луғавии вожаи «депозит»-ро аз энсиклопедияҳо ҷўё шавем. Дар сурати муайян намудани маънои ин калима кори мо осон гардида, то ба кадом андоза мувофиқ будани вижагиҳои он ба соҳаи китобдорӣ муайян мегардад.

Дар аксари луғатномаҳо калимаи “депозит” ба як шаклу қоида таъбир гардидааст. Шурўъ аз луғатномаи “Ушакова” то ба “Большой юридический словарь” ин вожа якранг маънидод шудааст. Яъне “депозит” аз калимаи лотинӣ гирифта шуда, маънояш муқарраршуда, гарав, маблағи муайяни пул ё коғазҳои қиматнок, ки ба ташкилоти қарзӣ бо ҳуқуқи гирифтани он дар шароити муайян мебошад.

Аз ин ҷо маълум мешавад, ки ба сифати нигоҳдорандаи на танҳои китобҳои камистифода ва дорои як нусха, балки китобҳои нодир низ аз калимаи “депозит” ба ин бахши китобхона нисбат дода шуда, қисме аз фонди онро китобҳои нодир низ мегўянд. Аз ҷумла, ҳангоми пайдо намудани маълумот доир ба фонди шуъбаи депозитарии Китобхонаи миллӣ, чунин шуморида мешавад, ки дар ин ҷо китобҳои камистифода ва нодир ҳифз гардида, барои хонандагон пешниҳод мегардад. Ҳатто дар чорабиние, ки боло ишора шуд, олимон ва донишмандони соҳаи китобдорӣ ба ин назар буданд, ки истифодаи калимаи нодир доир ба фаъолияти ин шуъба нодуруст буда, бояд тамоми китобҳои нодир, ки дар фонди депозитарӣ нигоҳдорӣ мешавад, аз он бароварда шуда, ба шуъбаҳои асосии нигоҳдорандаи манбаъҳои нодир интиқол ёбанд.

Ҳоло бояд ишора намоем, ки дар ҳеҷ давру замон ва ҳатто аз рўзи ба фаъолият шурўъ намудани ин навъи китобхонаҳо дар ягон махзан мо иттилое дастрас карда наметавонем, ки фонди депозитариро ҳамчун махзани нодир ва қимматнок нишон дода бошад. Далели ин гуфтаҳоро метавон аз Низомнома “Дар бораи ташкил намудани нигоҳдории депозитарии фонди китобии китобхонаҳои мамлакат”, ки аз ҷониби Вазири маданияти СССР П. Демичев, Раиси комитети давлатии советии вазирони СССР оид ба илм ва техника В. Кириллин, Президенти Академияи фанҳои СССР М. Келдыш ва Вазири маълумоти олӣ ва миёнаи махсуси СССР В. Елютин тасдиқ гардидааст, пайдо кард. Чун дар ин ҳуҷҷат роҳҳои ташкил намудани китобхонаҳои депозитарӣ, ҷустани адабиёт вобаста ба он, тақсими адабиёт вобаста ба фаъолияти шуъбаҳои депозитарӣ, вазифаҳо, ҳадаф, мақсад ва дигар унсурҳо вобаста ба масири ҳаракати ин навъи китобхонаҳо ишора шудааст. Дар ин ҳуҷҷат, дар банди 1 чунин ишора мешавад: “Нигоҳдории депозитарии адабиёт ва ҳуҷҷатҳои камистифодае, ки қимати илмӣ ва маданӣ доранд, ба мақсади самараноктар ташкил намудани нигоҳдорӣ ва истифодаи фонди китобхонаҳо ва мувофиқи районҳои асосии иқтисодӣ-географии мамлакат ҷойгир намудани он, ҷорӣ карда мешавад”. Дар банди 2 зербанди 1 бошад нигошта мешавад, ки “Маъмулан он асарҳои матбуот, ки 15-20 сол қабл ба табъ расидаанд, газета ва журналҳое, ки 5-10 сола пеш нашр шудаанд ва материалҳои дигаре, ки дар давоми 4-5 сол дархост нашудаанд, адабиёти камистифода шуморида мешаванд”. Аз ин нигоҳ мо метавонем чунин натиҷа гирифта бошем, ки он асарҳои камистифода ва дорои қимати илмидошта ба ҳайси фонди депозитарии китобхонаҳо шуморида мешаванд.

Дар мавриди китобҳои нодир ва ҳифозати он дар шуъбаи депозитарӣ ва ҳамчун манбаъҳои қимматнок шуморидани қисме аз ин фонд ба андешаи мо чандон дуруст нест. Махсусан фонди кунунии шуъбаи депозитарии Китобхонаи миллӣ. Дар ин мавриди дар банди 2 зербанди 2 ишора мешавад, ки “…адабиёти асосӣ ва қиматбаҳои соҳавӣ, ки китобхона низ ба он соҳа тааллуқ дорад, татбиқ намешавад. Аз ҷумла адабиёти зерин: 1. Адабиёти асосӣ, корҳои фундаменталӣ, нашрияҳои маълумотдиҳанда, материалҳои дорои аҳамияти махсуси илмӣ, маданӣ ва таърихӣ”.

Дар муддати зиёда аз 47 сол, аз рўзи ба фаъолият шуруъ намудани ин бахши Китобхона адабиёт вобаста ба самти фаъолияти он равона шуда, сол аз сол такмил дода мешуд. Бо мурури замон, ба хотири ғанӣ намдудани фонди шуъбаи депозитарии Китобхонаи миллӣ дарвоқеъ он китобҳое ворид шуданд, ки қимати баланди илмӣ дошта, ҳамчун китобҳои нодир шуморида мешаванд. Вале онҳо на он адабиёти нодире ҳастанд, ки ба сифату арзишу барориш ва қоғазу хатту мазмун ба талаботи асосии китоби қиматбаҳо ҷавобгўй бошанд. Чунон ки яке аз муҳаққиқони забардаст ва донишманди соҳа М.Н. Куфаев китобро ба се зина – китобҳои нодир, нодиртарин ва бисёр нодир ҷудо мекунад ва ин назария кори моро осон намуда, ба зинаи аввал мо метавонем қисме аз фонди китобҳои шуъбаи депозитариро шартан ҳисоб кунем.

Мавриди назар аст, ки агар мо фонди шуъбаи депозитариро ба сифати китобҳои нодир баршуморӣ намоем, пас фонди шуъбаи Дастхатҳои Шарқ ва китобҳои нодири Китобхонаи миллӣ чи фарқе аз аввалӣ дорад. Албатта, дар ин маврид зинаи дуюм ва сеюми мартабаи китобҳои нодир, ки ишора шуд, насиби фонди дуюм гардида, ба аввалӣ шартан мо метавонем зиннаи аввалро раво донем. Мо дақиқан мегўем, ки ин арзёбӣ иҷборӣ буда, таҳқиқ ва таҳлили амиқро тақозо менамояд. Бинобар ин, дар як мақола мо наметавонем аз мақому мартаба ва шарҳи аксари китобҳои нодир барои хонанда бозгўем ва муаффассал дар ин маврид гуфта гузарем. Вале бояд гуфт, ки ин масъала аз нигоҳи муҳаққиқони пуркори мо ва тавоно мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифта, паҳлуҳои дигар масъала бозкушоӣ мешавад.

Хулоса китобхонаҳо-депозитарияҳо дар оянда метавонанд натанҳо дар ҳифзи адабиёти арзиши баланди илмидошта, балки дар пуррагардонии бойгонии адабиёти миллӣ ва ёдгориҳои китобӣ мусоидат намояд.

Идигул НУСРАТУЛЛОЗОДА, idigul-nusratullozoda
Сардори
шуъбаи
депозиторӣ