Китобхонаҳои шахсии Китобхонаи миллӣ
Дар даврони истиқлол дар радифи китобхонаҳои оммавии давлатӣ, китобхонаҳои шахсӣ низ ҷиҳати ҷамъоварӣ, ҳифзу нигоҳдорӣ ва мавриди тарғиб қарор додани китобҳои гуногунмазмуну гуногунсоҳа саҳм гузоштанд. Ин навъи китобхонаҳо бахусус дар шароити номувофиқии ҷойгиршавии китобхонаҳои оммавӣ бо маҳалҳои аҳолинишин, тавонистанд, ки то андозае баҳри қонеъ намудани талаботи аҳолӣ бо китобу нашрияҳои даврӣ ва баланд бардоштани сатҳи маънавиёти онҳо мусоидат намоянд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми мулоқот бо зиёиёни кишвар ва ифтитоҳи Китобхонаи миллии Тоҷикистон (20 марти соли 2012) нақшу мақоми китобро ҳамчун сарчашмаи донишу маърифат бисёр муҳим арзёбӣ намуда, таъкид карданд, ки «китоб дар рушди маънавиёту маърифати инсонӣ нақши асосӣ мебозад. Аз ин рў, дар ҳар як хонадон бояд китобхонаи шахсӣ вуҷуд дошта бошад, то ки наслҳои имрўзу оянда, махсусан наврасону ҷавонон ба китоб унс гиранд ва қадр кардани онро ҳамчун манбаи донишу маърифат омўзанд. Дар ин кор падару модарон бояд намунаи ибрат бошанд ва шавқи китобхониро дар дилу шуури фарзандон бедор кунанд».
Дар даврони шўравӣ дар қаламрави Тоҷикистон шабакаи васеи китобхонаҳои шахсӣ амал намуда, дар оммавигардонии хониш ва ҷалби аҳолӣ ба китобхонӣ хизмати шоиста кардаанд. Масалан, тибқи маълумоти муҳаққиқ Г. Усмонова «соли 1989 дар ҷумҳурӣ 552 китобхонаи шахсӣ ва 2 ҳазор тарғибгарони китоб мавҷуд буданд, ки ганҷинаи худро барои баҳрабардорӣ ба доираи васеи алоқамандони китоб манзур намудаанд».
Дар даврони истиқлол низ китобхонаҳои шахсӣ таъсис ёфта, ба фаъолият шурўъ карданд. Масалан, дар ноҳияи Дарвоз 18 августи соли 2008 «Китобхонаи оммавии Амирҷоновҳо» бо теъдоди 5146 нусха китоб ба фаъолият шурўъ кард. Дар ноҳияи Восеъ 3 китобхонаи шахсӣ таъсис ёфта, бо теъдоди 8 ҳазор нусха китоб дар хидмати мардум қарор доранд. Дар ноҳияи Фархор бо ташаббуси омўзгорон дар назди муассисаҳои таълимӣ китобхонаҳои шахсӣ ташкил шудаанд. Масалан, китобхонаи шахсии омўзгор Абдулҳамид Маҷидзода дар мактаби №10 бо теъдоди 8 ҳазор нусха ва «Адабхона»-и Маҳмуд Мирзоев, омўзгори мактаби №5-и ноҳияи мазкур, бо теъдоди 4500 нусха адабиёт дар хизмати мактабиён қарор доранд.
Чунин иқдомҳои наҷиб дар Китобхонаи миллӣ баъд аз ба истифода дода шудани бинои нави он роҳандозӣ шуданд. Бори аввал ба Китобхонаи миллӣ китобхонаҳои шахсии академикҳо Аҳрор Мухторов, Михаил Николаевич Боголюбов, Раҷаб Амонов, Фозил Тоҳиров ва Талбак Назаров ворид шуданд, ки дар асоси онҳо фонди махсус таъсис дода шуд ва толори хониш барои истифодаи онҳо мутобиқ карда шуд. Ин иқдоми нек пас аз суханронии Сарвари давлат дар мулоқот бо олимони кишвар анъанавӣ гардид. 18 марти соли 2020 Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ дар мулоқот бо олимони мамлакат таҷрибаи ба Китобхонаи миллии Тоҷикистон супурдани китобхонаи шахсии олимону нависандагони фавтидаро баҳои баланд дода, қайд карданд, ки «Солҳои охир дар пойтахт як амали неку дурандешона ба ҳукми анъана даромадааст, ки фарзандон ва наздикони олимону адибони фавтида китобхонаи волидайнашонро ба Китобхонаи миллӣ барои истифода месупоранд. Ин китобҳо дар китобхона бо номи соҳибонашон нигоҳ дошта мешаванд ва хонандагон аз онҳо истифода мекунанд. Бо ин роҳ китобҳо аз ҳама гуна хатарҳо ҳифз мешаванд ва аз тарафи дигар, номи ин олимон абадӣ боқӣ мемонад….Вобаста ба ин, ба олимони калонсол, фарзандони донишмандон ва ҳамаи зиёиён муроҷиат карда, хоҳиш менамоям, ки китобхонаи худро ба Китобхонаи миллӣ супоранд, то дигарон низ аз онҳо истифода карда, манфиат бинанд ва ғизои маънавӣ гиранд».
Дар айни замон дар назди шуъбаи рисолаҳои илмии Китобхонаи миллӣ 34 китобхонаи шахсии академикҳо ва докторҳои илм бо фонди беш аз 30 ҳазор нусха адабиёт доир ба соҳаҳои гуногуни илм фаъолият мекунанд, ки қисми зиёди онҳо аз нигоҳи мазмуну мундариҷаи худ беназир буда, арзиши илмӣ ва таърихӣ доранд.
Кормандони шуъбаи рисолаҳои илмӣ тасмим гирифтанд, ки минбаъд оид ба мазмуну мундариҷаи захираи китобхонаҳои шахсии академикҳо ва докторони илм, ки дар Китобхонаи миллӣ ҷойгир шудаанд, дар алоҳидагӣ маълумоти муфассал тавассути сомонаи Китобхона ба хонандагони муҳтарам пешниҳод намоянд.
Меҳроҷ Комилов, сардори шуъбаи
рисолаҳои илмӣ