Китобхонаи ба номи Индира Гандии Академияи илмҳои Тоҷикистон ғолиби озмун  

Ахиран Китобхонаи марказии илмии ба номи Индира Гандии Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даври ноҳиявии озмуни “Китобхонаи беҳтарин” дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе дар бахши (номинатсияи) “Китобхонаи беҳтарини илмӣ-соҳавӣ”ҷойи аввалро соҳиб шуд ва ба Диплом сарфароз гардид.

 Китобхонаи марказии илмии ба номи Индира Гандии Академияи имллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси Қарори собиқ Шӯрои Комиссарони ИҶШС ва Президиуми Академияи илмҳои ИҶШС дар соли 1933 таъсис дода шудааст. Аз соли 1984 бо Қарори Кумитаи марказии Ҳизби Коммунисти Тоҷикистон ва Шӯрои Вазирони РСС Тоҷикистон ба он номи Индира Гандӣ дода шудааст.

Мақсад аз таъсиси китобхона дар сатҳу сифати баланд анҷом додани хадамоти китобдорӣ, иттилоотӣ, библиографӣ ба шаҳрвандон, муассисаҳои илмӣ ва корхонаву ташкилотҳои истеҳсолии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Ҷамъоварии адабиёти илмии чопӣ ва намудҳои дигари сарчашмаҳои иттилооти яке аз вазифахои асосии китобхона ба шумор рафта, хазинаи он аз ҳисоби китобҳои тозанашр ҳамасола ғанӣ мегардад.

Айни замон фонди умумии китобхонаро 1174 700  нусха ҳуҷҷатҳои чопиву электронӣ доир ба  соҳаҳои мухталифи илм ташкил медиҳад, ки аз бахши китобҳо, маҷаллаҳо ва рӯзномаҳо иборат аст. Хазинаи электронии китобхона дорои 130 000 адабиёти илмӣ ва 20 000 адабиёти бадеӣ мебошад. Он ба бештар аз 14 ҳазор хонанда хизмат расонида, қироатхона, ҳамчунин 20 адад компютер бо дастрасӣ ба Интернетро соҳиб аст. Аз тариқи Интернет китобхона ба истифодабарандагон имконияти гирифтани иттилоотро аз маҷаллаҳои илмӣ бо бештар аз 7 ҳазор номгӯй бо забонҳои гуногун фароҳам овардааст.

Бо шарофати истиқлолият ва сиёсати маорифпарваронаи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба китобхонаҳо ворид шудани технологияи муосири иттилоотӣ барои ҳалли  бештари масоили марбут ба мубодилаи китобҳо ва қонеъ гардонидани талабу дархости хонандагони китобхонаҳои гуногун ба адабиёти ниёзи хониш мусоидат карда, имкон дод, ки новобаста аз ҷойи  нигоҳдории манбаъҳои иттилоотӣ дастёбӣ ба онҳо озод ва саривақтӣ бошад. Ҳамаи ин навгониҳо боиси рушди ҳарчи бештари интишори китобҳои электронӣ, ташаккули манбаҳои гуногуни электронӣ дар марказҳои хурду бузурги иттилоотӣ шароити мусоид фароҳам овардааст.

Соли 2019 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр намуданд, ки «китобхонаҳо бояд ба маркази муҳими илму фарҳанг табдил дода шаванд, зеро китоб маҳсули ақлу заковати мардуми соҳибтамаддун, омили асосии ҳифзи фарҳанги миллӣ ва яке аз муҳимтарин воситаҳои маърифатнок намудани аҳли ҷомеа буда, қобилияти сухандониву суханрониро сайқал медиҳад, доираи андешаву тафаккур ва ҷаҳонбинии инсонро васеъ ва ӯро ба роҳи дурусти зиндагӣ раҳнамоӣ мекунад».

Китобхонаи марказии илмии ба номи Индира Гандии Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар радифи китобхонаҳои бонуфузи ҷумҳурӣ қарор дошта, шароити хизматрасониҳои худро дар партави дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон беш аз пеш беҳтар менамояд. Натиҷаи ҳамин аст, ки 21-уми октябри соли ҷорӣ китобхона дар даври ноҳиявии озмуни “Китобхонаи беҳтарин” дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе дар бахши (номинатсияи) “Китобхонаи беҳтарини илмӣ-соҳавӣ” сазовори ҷои 1-ум гардид.

Зафари ШАРИФ,

декани факултаи китобдорӣ ва

иттилоотшиносии МДТ

“ДДФСТ ба номи Мирзо Турсунзода”