КИТОБХОНАИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН ФАЪОЛИЯТИ ШАШМОҲАИ ХУДРО ҶАМЪБАСТ НАМУД
Имрӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон аз фаъолияти шашмоҳаи Муассиса натиҷагирӣ шуд. Маҷлисро директори Китобхона Файзализода Ҷумахон Хол оғоз намуда, оид ба натиҷаи фаъолияти бахшу шуъбаҳои Китобхона маърӯза намуд. Директори Китобхона зимни суханронии худ иброз намуданд, ки бо вуҷуди баъзе камбуду норасоиҳо кормандони Китобхона тавонистанд, ки натиҷаҳои дилхоҳро ба даст оранд. Гуфта шуд, ки натиҷаҳо дар самти қабули хонандагон ва китобдиҳӣ, чопи дастурҳои методӣ-библиографӣ, тарҷума ва таҳияи китобҳо ва баргузории чорабиниҳои гуногуни маърифатӣ-фарҳангӣ назаррас мебошанд.
Дар қисмати музокирот Убайдуллоева Манижа сардори Маркази “Тоҷикшиносӣ”, Сайдаҳтамов Фирдавс сардори шуъбаи дастхатҳои Шарқ ва китобҳои нодир, Ғафуров Маҳмадназар сардори шуъбаи адабиёти хориҷӣ, Валиева Наргис сардори шуъбаи библиографияи миллӣ, Зафари Гулмурод сардори шуъбаи илмӣ ва таҳқиқотӣ, Баротов Тавфиқ муовини сардори Маркази “Конуни забони тоҷикӣ” ва омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва Абдуллоев Шайдоӣ сардори шуъбаи феҳристнигорӣ суханронӣ намуданд.
Дар охир бо овоздиҳии якҷояи иштирокчиён ҳисоботи фаъолияти Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллии Тоҷикистон” барои шаш моҳи аввали соли 2022 қаноатбахш арзёбӣ гардид.
Матни маърӯзаи директори Китобхонаи миллии Тоҷикистонро дар инҷо бихонед ҲИСОБОТ