Китобхонаи миллӣ 200 нафар нобиноёнро дар як тарабхона ба маҳфили хотирмон даъват кард

Асои СафедБахшида ба Рӯзи ҷаҳонии “Асои Сафед», ки ҳар сол 15-уми октябр дар саросари олам таҷлил мешавад, то ташаббуси Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон дар меҳмонхоаи “Алянс” таҳти унвони «Ин ҷаҳонро нигар бо чашми хирад»  чорабинӣ баргузор шуд. Эсан-уғлӣ Ҳотам-як эҳсонкор сарпарастии ин нишаст барои нобиноёнро ба уҳда дошт.

Асои СафедСалима Раҷабзода, ҷонишини аввали директори Китобхонаи миллӣ нишастро ҳусни оғоз бахшид ва дар бораи таърихи ин рӯз ва барномаҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ғамхорӣ ба шахсони имкониятҳояшон маҳдуд сухан ронд.

Вай аз ҷумла иброз дошт, ки дар Тоҷикистон ба маъюбон таваҷҷуҳи хоса заҳир мешавад ва барои ба таҳсил фаро гирифтану соҳиби касбу кор намудани онҳо барномаҳои давлатӣ қабул шудаанд, ки ташаббускори ин ҳама ғамхориҳо сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд.

Бояд гуфт, ки дар чорабинии мазкур барои 200 нафар нобиноён дастархони идона ороста ва аз ҷониби Муассисаи давлатии Китобхонаи миллӣ ба чор нафар аъзои фаъоли Китобхона аз зумраи нобиноён барои саҳмашон дар таблиғи китоб Сипосномаҳо ва ба 10 нафар туҳфаҳои хотиравӣ ҳадя шуданд.

Асои СафедБахши фарҳангии чорабинӣ аз як барномаи хуби консертӣ идорад буд, ки аз ҷониби сарояндагону ҳунармандон Иброҳими Исмоилзод, Умед Ашуров, Зарринаи Абдураҳим, Комилов Навруз, Акбар Каримов, Фарҳод Қодиров, Саломат Раҳимова иҷро шуд.

Маврид ба ёдоварист, ки Рӯзи ҷаҳонии нобиноён ҳамасола дар Китобхонаи миллӣ бо баргузории ҳамин гуна чорабиниҳои тафреҳӣ ва фарҳангӣ таҷлил мешавад.

Назира ТОЛИБОВА,
сардори шуъбаи хизматрасонӣ
ба шахсони имконияташон маҳдуд.