Китобхонаи миллӣ аз ташкили зинаи таҳсилоти аспирантура ва доктор phd (доктор аз рӯйи ихтисос) чӣ манфиат мебинад?
Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозатномаи фаъолияти таълимӣ барои зинаи таҳсилоти баъдидипломии аспирантура ва доктор PhD (доктор аз рӯи ихтисос) аз рӯйи ихтисосҳои “Китобшиносӣ”, “Китобхонашиносӣ” ва “Библиографияшиносӣ”-ро аз Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дарёфт намуд. Акнун хоҳишмандон метавонанд аз рӯйи ихтисосҳои зикршуда ба таҳқиқоти илмӣ машғул шаванд. Дар робита ба ин мавзуъ бо сардори Маркази таҳсилот ва инноватсияҳои китобдорӣ Ҳадиятуллоҳи Амриддин суҳбат намудем.
– Зарурати таъсиси зинаи таҳсилоти баъдидипломии аспирантура ва доктор PhD (доктор аз рӯйи ихтисос) дар Китобхонаи миллӣ дар чӣ буд?
– Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи моддаи 18 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи фаъолияти китобдорӣ” ва Оинномаи Китобхонаи миллӣ аз 13-уми сентябри соли 2022, таҳти №454 “ҳамчун объекти дорои арзиши махсуси мероси фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон, маркази аҳаммияти ҷумҳуриявидоштаи илмӣ-таҳқиқотӣ, илмӣ-иттилоотӣ ва фарҳангӣ” ба ҳисоб рафта, дорои ҳуқуқи роҳандозии фаъолияти илмӣ-таълимӣ дар соҳаи китобдорӣ мебошад. Дар асоси бандҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқии зукршуда Китобхонаи миллӣ ҳамчун муассисаи илмӣ-таълимӣ барои роҳандозии фаъолияти таълимӣ барои муҳаққиқони ҷавон дар соҳаи китобдорӣ имконияти созгорро фароҳам меоварад.
Бо дарназардошти рушди устувори илм ва зарурати омӯзиш ва таҳқиқи паҳлуҳои гуногуни фарҳанги мутолиа, китобдорӣ ва китобхонадории миллати тоҷик, инчунин баланд бардоштани савияи дониши касбии кормандони китобхонаҳои кишвар, тақвияти зарфияти илмӣ, таъмини муассисаҳои фарҳангии ҷумҳурӣ бо мутахассисони илмӣ ва дар умум рушди илми тоҷик дар арсаи ҷаҳонӣ зарурати таъсис ва ташкили зинаи таҳсилоти баъдидипломии аспирантура ва доктор PhD (доктор аз рӯйи ихтисос) дар Китобхонаи миллӣ ба миён омад.
Бо ин мақсад роҳбарияти Китобхонаи миллӣ дар шахси директори Китобхона доктори илмҳои педагогӣ, профессор Файзализода Ҷумахон Хол тамоми паҳлуҳо ва зарфияти илмӣ-техникии муассисаро ба инобат гирифта, корҳои лозимро дар самти ташкили зинаи таҳсилоти баъдидипломии аспирантура ва доктор PhD (доктор аз рӯйи ихтисос) анҷом доданд.
Дар натиҷа соли 2024 пас аз саъю кӯшиш ва талошҳои пайвастаи директори Китобхонаи миллӣ Файзализода Ҷумахон Хол ва дигар масъулини самтҳои гуногуни фаъолият дар Муассиса аз ҷониби Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15.10.2024 таҳти №3537 ба Китобхонаи миллӣ иҷозатномаи фаъолияти таълимӣ дар шакли таҳсилоти баъдидипломӣ дар зинаҳои аспирантура ва доктор PhD (доктор аз рӯйи ихтисос) аз рӯйи ихтисосҳои “китобхонашиносӣ”, “библиографияшиносӣ” ва “китобшиносӣ” мутобиқ ба шохисҳои 05.25.03 ва 6D011001 дода шуд.
– Китобхонаи миллӣ барои роҳандозии чунин шакли фаъолияти таълимӣ аз кадом зарфиятҳо бархӯрдор аст?
– Китобхонаи миллӣ тавре дар боло зикр кардам, аз лиҳози ҳуқуқӣ, илмӣ ва моддӣ-техникӣ шароит ва имкони роҳандозии чунин фаъолияти таълимиро дорад. Китобхонаи миллӣ ҳамчун муассисаи илмӣ-таҳқиқотӣ имрӯз дорои зарфияти илмии ҷавобгӯ ба талабот буда, дар он 1 нафар доктори илм, профессор, 3 нафар номзади илм, дотсент ва 7 нафар номзадҳои илм ҳамчун кормандони асосӣ фаъолият менамоянд, ки риштаҳои таҳқиқотии онҳо педагогика, таърих, масоили соҳаи китобдорӣ ва филология мебошад. Дар баробари ин беш аз 5 нафар докторон ва профессорон ҳамчун кормандони ҳамкор дар бахшу шуъбаҳои Китобхона фаъолият менамоянд.
Дар сохтори Китобхонаи миллӣ Маркази таҳсилот ва инноватсияҳои китобдорӣ, шуъбаи илмӣ-методӣ ва таҳқиқотӣ, Маркази “Тоҷикшиносӣ”, Маркази забони тоҷикӣ ва омӯзиши забонҳои хориҷӣ, шуъбаи дастхатҳои Шарқ ва китобҳои нодир, шуъбаи адабиёти хориҷӣ бо фарогирии адабиёт бо беш аз 63 забони дунё, шуъбаи матбуоти даврӣ бо беш аз 1,5 миллион нусха рӯзномаву маҷаллаҳои илмӣ-оммавӣ, шуъбаи таҳрир ва интишорот ва дигар бахшу шуъбаҳо фаъолият менамоянд, ки аз лиҳози таъминоти иттилоотӣ заминаро барои як муассисаи илмӣ ба тамом фароҳам меоваранд.
Аз лиҳози шароити моддӣ-техникӣ имрӯз дар сохтори Китобхонаи миллӣ толорҳои муҷаҳҳаз бо тамоми шароити хониш, синфхонаҳои таълимӣ бо техникаву аёниятҳои хониш таъмин ва дигар имконоти лозим барои баргузор намудани машғулиятҳо фароҳам мебошад, ки ҳамаи ин имконият ва зарфияти Китобхонаи миллиро барои роҳандозии фаъолияти таълимӣ нишон медиҳад.
– Вазъи ҷалби довталабон ё худ хоҳишмандон барои дохил шудан ба зинаҳои таҳсили аспирантура ва доктор PhD (доктор аз рӯйи ихтисос) чӣ гуна аст?
– Албатта, ҳар як риштаи илм довталабон, дӯстдорон ва роғибони худро дорад. Соҳаи китобдорӣ низ чун бахши муҳимми фаъолияти фарҳангӣ як касби муқаддас, ифтихорзо ва бобаракат мебошад. Аз тарафи дигар равандҳои инноватсионӣ ва рушди бахшии ин соҳаи фаъолият ниёз ба таҳқиқоти илмӣ ва анҷоми пажӯҳишҳои густурдаи илмӣ дорад.
Айни ҳол барои зинаи таҳсилоти аспирантура ва доктор PhD (доктор аз рӯйи ихтисос) довталабон ба Маркази таҳсилот ва инноватсияҳои китобдории Китобхонаи миллӣ муроҷиат намуда, ҳуҷҷатҳои худро супорида истодаанд, ки аксари онҳо дар навбати аввал кормандони худи Китобхонаи миллӣ мебошанд. Албатта, дар ин баробар довталабони озод ва аз дигар муассисаҳо низ муроҷиат карда истодаанд. Китобхонаи миллӣ коллективи бисёрнафара мебошад. Аз ин хотир имкони таъмини довталаб аз ҳисоби кормандони худи Китобхона вуҷуд дорад.
Бо истифода аз фурсат мехоҳам иброз намоям, ки хоҳишмандон метавонанд барои дохил шудан ба зинаҳои таҳсили зикршуда ба Маркази таҳсилот ва инноватсияҳои китобдорӣ муроҷиат намоянд ва аз ҷумлаи аввалинҳое бошанд, ки ба таҳқиқоти илмӣ дар ин зинаҳои таҳсилот дар Китобхонаи миллӣ фаро гирифта мешаванд.
– Бо роҳандозии ин навъи фаъолияти таълимӣ, Китобхонаи миллӣ ва дар умум ҷомеа чӣ манфиат мебинад?
– Ташаккур ва саволи хеле ба маврид буд. Мақсаду мароми мо низ дар ҳамин суол ифода меёбад, ки Китобхонаи миллӣ ва дар умум ҷомеаи илмии тоҷик чӣ манфиат хоҳад гирифт.
Ташкили зинаи таҳсилоти аспирантура ва доктор PhD (доктор аз рӯйи ихтисос) дар сохтори китобхонавӣ дар Тоҷикистон иқдоми нахуст ва намунаи ягона аст. То имрӯз дар Тоҷикистон дар самтҳои “китобхонашиносӣ”, “библиографияшиносӣ” ва “китобшиносӣ” зинаи баъдидипломии таҳсилот вуҷуд надошт. Ва онҳое ҳам, ки дар ин самтҳо ба корҳои илмӣ ва анҷоми пажӯҳишҳои илмӣ машғул мешуданд, рисолаҳои худро аз рӯйи дигар ихтисосҳо ҳимоя мекарданд. Аз тарафи дигар шумораи олимони соҳаи китобдорӣ ё нафароне, ки дар ин самтҳо таҳқиқоти илмӣ анҷом додаанд, ангуштшуморанд ва мушкили асосӣ дар ин самт набудани зинаҳои таҳсилоти баъдидипломии соҳавӣ, шуроҳои диссертатсионӣ ва олимони дорои унвонҳои илмӣ дар ин соҳа мебошад.
Роҳандозии чунин фаъолияти таълимӣ ва ё зинаи таҳсилоти аспирантура ва доктор PhD (доктор аз рӯйи ихтисос) ин имконро фароҳам меоварад, ки сафи олимони соҳаи китобдорӣ дар кишвар зиёд гардида, корҳои арзишманди таҳқиқотӣ доир ба паҳлуҳои гуногуни фаъолияти китобдорӣ, махсусан фарҳанги китобдориву китобхонадории миллати тоҷик, аҳли илму мутолиа будани халқи тоҷик, тарбияи мутахассисони ҷавони илмӣ анҷом дода шавад ва дар ин замина муассисаҳои фарҳангии кишвар бо кадрҳои донишманду лаёқатманди илмӣ таъмин карда шавад.
Мо умедворем, ки ба ҳадафу ниятҳои дарпешгузоштаи худ, ки дар умум татбиқи сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, мерасем.
Ташаккур барои суҳбат!
Суҳбаторо Раҳима Аъзам