Китобхонаи миллӣ беш аз 100 асари Пешвои миллатро дар шакли электронӣ дар истифодаи умум қарор дод
Бо мақсади дар сатҳи баланд баргузор намудани Озмуни ҷумҳуриявии “Хонандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат”, ки акнун шурўъ аз соли 2024 миёни донишҷўёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ роҳандозӣ мегардад, Китобхонаи миллӣ, хусусан шуъбаи автоматикунонии раванди китобдорӣ-иттилоотии Муассиса тасмим гирифт, ки кулли асарҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ва осори дар бораи ў интишорёфтаро дар шакли электронӣ манзури иштирокчиёни озмун намояд.
Хотиррасон бояд кард, ки Озмуни ҷумҳуриявии “Хонандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат” дар асоси амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 12 декабри соли 2023, №АП-470 “Дар бораи тасдиқи ҷадвали баргузории ҷашну солгард, фестивалу намоиш, иду озмунҳои фарҳангию маърифатӣ ва анъанаю ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2024” баргузор карда мешавад.
Албатта, тибқи принсипҳои баргузории озмунҳои ҷумҳуриявӣ дастрасӣ ба захираҳои илмӣ, илмӣ-оммавӣ ва адабиёти тавсияшаванда яке аз талаботҳои муҳим барои масъулин ва иштирокчиён буда, бо дарназардошти қиммати баланди дарёфти адабиётҳо аз махзанҳои гуногун ва сайтҳои электронӣ, аз қабили китобхонаҳои вилоятӣ, шаҳриву ноҳиявӣ, донишгоҳӣ ва ғайра, ҳамзамон дастрасии фаврӣ аз захираҳои электронӣ, махсусан пойгоҳҳои донишгоҳӣ, пойгоҳҳои махсуси иттилоотрасонӣ ва дигар манбаъҳои электронӣ ба шукўҳу шаҳомати озмун меафзояд.
Инро ба назар гирифта, кормандони шуъбаи автоматикунонии раванди китобдорӣ-иттилоотии Китобхонаи миллӣ тамоми адабиёти тавсияшавандаи Озмуни ҷумҳуриявии “Хонандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат”-ро дар пойгоҳи Китобхонаи миллии электронии Тоҷикистон ҷиҳати ройгон боргирӣ намудани китобҳои электронии Пешвои миллат гирд оварданд.
Хонандагон ва иштирокчиёни Озмуни ёдшуда бояд донанд, ки дар Китобхонаи миллии электронии Тоҷикистон (www.nlt.tj) равзанаи “Асарҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ЭМОМАЛӢ РАҲМОН” бо се забон ҷойгир ва дар истифодаи умум қарор дода шудааст. Яъне Шумо метавонед дар равзанаи мазкур шакли электронии ҳамаи асарҳои муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба осонӣ боргирӣ намоед. Умуман, кулли асарҳои рақамишуда 113 адад буда, онҳо тибқи муқаррарот ба таври зайл мебошанд:
– Бо забони тоҷикӣ – 70 нусха.
– Бо забони русӣ – 28 нусха.
– Бо забони хориҷӣ – 15 нусха.
Дар зимн, бояд илова намоем, ки асарҳои дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон навишташуда низ дар ин бахши сомонаи электронии Китобхонаи миллӣ ҷой дода шудаанд ва айни ҳол барои пуррагардонии ин бахш кормандони шуъбаи автоматикунонии раванди китобдорӣ-иттилоотӣ ҷамъоварии адабиёт ва ба шакли электронӣ баргардонии онҳоро идома медиҳанд. Ин нукта ҷойи таъкид дорад, ки тамоми адабиёти рақамишуда ба формати PDF баргардон шуда, дар суроғаи www.nlt.tj ҷойгир карда хоҳад шуд. Тибқи маълумотҳои оморӣ теъдоди адабиёти дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон навишташуда зиёда 300 ададро ташкил менамояд, ки аз ин шумора 135 адади он аллакай аз ҷониби кормандони шуъба рақамӣ гардонида шудааст.
Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хотири ҳарчи зудтар ва бештар тарғиб намудани асарҳои Пешвои миллат ва дар сатҳи баланд баргузор намудани Озмуни ҷумҳуриявии “Хонандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат” дар ҳамкорӣ бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва дигар сохторҳои масъул тамоми адабиёти рақамишударо ба шакли электронӣ тариқи диск ба донишгоҳу донишкада ва муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ ирсол намуданд.
Ёдовар мешавем, ки Озмун бо мақсади арҷгузорӣ ба таърихи пурифтихори миллати тоҷик, омўзиши амиқу ҳамаҷонибаи корнамоиҳои наҷиб ва фаъолияти шоистаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи наҷоти давлат, таҳкими Ваҳдати миллӣ, эъмори модели нави давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягонаи Тоҷикистон дар шароити нави таърихӣ ва ба ин васила дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, ифтихори миллӣ, тақвияти қобилияти кордониву роҳбарӣ, омўзиши ҳамаҷонибаи Мактаби давлатдории Пешвои миллат миёни қишри ҷавони аҳолии кишвар, бахусус донишҷўёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ доир мегардад.
Яъқуб БОБОХОНОВ, сардори
шуъбаи автоматикунонӣ,
раванди китобдорӣ-иттилоотии КМ