Китобхонаи миллӣ дар фазои маҷозӣ. Хонандаҳо чӣ гуфтанд?

кмтШуъбаи илмӣ-методӣ ва таҳқиқотии Китобхонаи миллӣ бо мақсади иҷрои бандҳои дахлдори Нақшаи кории шуъба дар соли 2024 оид ба гузаронидани таҳқиқоти сотсиологӣ, омӯзиши афкори истифодабарандагон, муайян намудани камбуду норасоиҳо ва дар заминаи он тадбирандешӣ ҷиҳати фаъолияти муназзами Китобхонаи миллӣ дар фазои маҷозӣ, таҳқиқоти сотсиологиро таҳти унвони “Фаъолияти Китобхонаи миллӣ дар фазои маҷозӣ” миёни обуначиёни телеграмканали Китобхонаи миллӣ баргузор намуд.

Пурсишнома аз 11 савол иборат буд, ки масъалаҳои фаъолияти Китобхонаи миллии электронӣ, сомонаи Китобхона, Телеграмканал ва саҳифаи фейсбукии “Китобдор”-ро дар бар мегирифт. Таҳқиқоти мазкур давоми се моҳ аз 28.08.2024 то 26.11.2024 идома ёфта, обуначиёни саҳифаи Телеграмии Муассиса вобаста ба вариантҳои пешниҳодшуда мавқеи худро доир ба саволҳои пурсишнома муайян намуданд. Таҳқиқоти сотсиологӣ бори аввал дар шакли онлайнӣ ва дар доираи васеи иштирокчиёни синну соли мухталиф ва касбу кори гуногун гузаронида шудааст. Чунин шакли таҳқиқот ба мо имкон медиҳад, ки шумораи иштирокчиён бештар гардад ва дар он сокинон новобаста аз сину сол ва касбу кор иштирок намоянд.

Мавриди зикр аст, ки чунин шакли пурсишнома ба иштирокчӣ имкони баёни муфассали андешаро надода, танҳо бо интихоби варианти муносиби фикри иштирокчӣ мавқеи ӯ доир ба ин ё он масъала муайян карда мешавад. Ба ибораи дигар иштирокчӣ бояд аз миёни вариантҳои пешниҳодшуда танҳо якеро интихоб намояд. Аз ин рӯ, шумораи иштирокчиёни пурсишнома дар ҳар саволи пешниҳодшуда гуногун мебошад. Дар ҳоле, ки шумораи боздидкунандагони пурсишнома ба 3000 нафар мерасад.

Ҳамин тавр ба саволи якуми пурсишнома бо номи “Шумо дар бораи Китобхонаи миллии электронии Тоҷикистон маълумот доред?”, 433 нафар ҷавоб доданд, ки аз ин шумора 63%-и онҳо “бале” гуфтанд ва 37%-и дигар гуфтанд, ки маълумот надоранд.

Нисбат ба саволи дувум “Аз Китобхонаи миллии электронии Тоҷикистон истифода мебаред?” 416 нафар мавқеи худро муайян намуданд, ки 41% гуфтанд пайваста истифода мебаранд, 30% гуфтанд ҳангоми зарурат истифода мебаранд ва 29%-и дигар гуфтанд истифода намебаранд.

Саволи сеюми пурсишнома масъалаи узвият ба Китобхонаи миллии электронии Тоҷикистонро дар бар мегирифт. Ба ин савол 357 нафар ҷавоб доданд, ки аз ин шумора 67% гуфтанд узвият ба ин китобхона ҳеҷ монеа надорад ва 33% гуфтанд аъзо шудан ба Китобхонаи миллии электронии Тоҷикистон мушкил аст. Тавре зикр гардид, пурсишномаи онлайнӣ танҳо варианти интихоб дорад, аз ин рӯ сабабҳои мушкил будани аъзошавӣ ба Китобхонаи миллии электронии Тоҷикистон аз тарафи иштирокчиён баён нагардидааст.

Тибқи маълумоти дарихтиёрбуда айни ҳол шумораи адабиёти Китобхонаи миллии электронии Тоҷикистон наздик ба 350000 нусха мерасад, ки ин шумора бо лутфи кормандони шуъбаи автоматикунонии раванди китобдорӣ-иттилоотӣ рӯз ба рӯз дар ҳоли афзоиш аст. Вобаста ба ин, саволи 4-уми пурсишнома масъалаи қонеъ гардидани талаботи хониши истифодабарандагони маҷозии Китобхонаи миллии электронии Тоҷикистонро дар бар мегирифт. Ба ин савол 355 нафар ҷавоб дода, 38%-и онҳо гуфтанд, ки фонди электронии Китобхонаи миллии электронӣ ниёзи хониши онҳоро қонеъ мегардонад ва 32%-и иштирокчиён иброз доштанд, ки фонди электронии Китобхонаи миллии электронӣ ниёз ба такмил дорад. Дар ин баробар 30%-и дигар гуфтанд “на он қадар” ниёзи хонишашон қонеъ мегардад.

Вобаста ба такмили фонди электронии Китобхонаи миллии электронӣ аз пурсишшудагон пурсида шуд, ки дар Китобхонаи электронӣ бештар кадом навъи адабиётро дидан мехоҳанд? Ба ин савол 209 нафар ҷавоб дода, 42%-и онҳо пешниҳод намуданд, ки фонди электронӣ бо адабиёти бадеӣ, 37% гуфтанд бо адабиёти илмӣ, 13% пешниҳод намуданд бо адабиёти таълимӣ ва 8%-и дигар гуфтанд бо адабиёти ҷамъиятӣ-сиёсӣ пурра карда шавад.

Саволи шашуми пурсишнома ба фаъолияти Телеграмканали Китобхонаи миллӣ нигаронида шуда буд. Бо ин савол мизони истифодаи телеграмканали Китобхонаи миллӣ аз ҷониби иштирокчиён пурсида шуд. Натиҷаҳои бадастомада нишон доданд, ки ба ин савол 381 нафар ҷавоб додаанд, ки аз ин шумора 71%-ашон аз Телеграмканали Китобхонаи миллӣ истифода мебаранд, 17%-и дигар гуфтанд, ки ҳангоми зарурат истифода мебаранд ва 12%-и иштирокчиён гуфтанд аз Телеграмканали Китобхонаи миллӣ истифода намебаранд.

Сипас аз иштирокчиён пурсида шуд, ки дар Телеграмканали Китобхонаи миллӣ боз чӣ гуна иттилоъро дидан мехоҳанд.  Ба ин суол 192 нафар тавонистанд, ки посух дода бошанд. Аз ин шумора 51% гуфтанд мехоҳанд бештар шакли электронии китобҳо зиёд карда шавад, 20% тарғиби адабиёти тозанашр, 16%-и дигар зиёд гардидани мақолаҳои илмӣ ва 13% хабару гузоришҳо оид ба навгониҳои соҳаи китобдориро интихоб карданд.

Сомонаи расмии ин ё он муассиса муаррифгар ва оинаи намоишии бурду бохти фаъолияти он буда, тарғиби дастоварду комёбиҳои кормандон ба фаъолияти назарраси сомонаи расмӣ алоқамандии зич дорад. Аз ин рӯ, аз иштирокчиёни таҳқиқот пурсида шуд, ки фаъолияти сомонаи Китобхонаи миллиро чӣ гуна баҳогузорӣ менамоянд? Доир ба ин савол 364 нафар мавқеи худро муайян намуда, 68%-и онҳо фаъолияти сомонаи Китобхонаи миллиро “хуб” арзёбӣ карда, 24% “миёна” ва 8%-и дигар “бад” баҳогузорӣ карданд.

Ҳамин тавр дар мавриди ин ки иштирокчиёни таҳқиқот дар сомонаи Китобхонаи миллӣ бештар кадом мавзуъҳоро дидан мехоҳанд, пурсиш сурат гирифт. Ба ин савол 331 нафар ҷавоб доданд, ки аз ин шумора 40% бештар гардидани тарғиби адабиёти фонди Китобхона, 24% тарғиби адабиёти тозанашр, 12% мавзуъҳо оид ба фарҳанг ва маориф, 9% навгониҳои соҳавӣ, 8% мавзуъҳои ҷамъиятӣ-сиёсӣ ва 7% мавзуъҳои муҳимми рӯзро тарҷеҳ доданд.

Пас, масъалаи муҳим ин аст, ки оё сомонаи Китобхонаи миллӣ ниёзи иттилоотии истифодабарандагони маҷозиро қонеъ гардонида метавонад ё не? Саволи 10-уми пурсишнома ба ин масъала иртибот дошт, ки 389 нафар ба он ҷавоб доданд. Натиҷаҳо нишон доданд, ки 52%-и иштирокчиёни пурсишнома аз маводи мунташираи сомонаи Китобхонаи миллӣ қаноатманд буда, 39% “на он қадар” ва 9% қаноатманд нестанд.

Шабакаҳои иҷтимоӣ ба унвони манбаъҳои расмӣ дар муаррифии дастоварду комёбиҳои ин ё он соҳа нақши ҳалкунанда доранд. Дар ин росто гурӯҳ ё саҳифаи “Китобдор” дар шабакаи Фейсбук ҳамчун минбари таблиғотии Китобхонаи миллӣ фаъолият менамояд. Дар ин замина дар таҳқиқоти мавриди назар ба унвони саволи охирин назари иштирокчиён дар бобати фаъолияти гурӯҳи “Китобдор” дар тарғибу ташвиқи китобу китобхонӣ пурсида шуд. Ба ин савол 377 нафар ҷавоб дода, 62% фаъолияти гурӯҳи “Китобдор”-ро “хуб”, 28% “миёна” ва 10% “бад” арзёбӣ карданд.

Ба ин тартиб таҳқиқоти сотсиологӣ таҳти унвони “Фаъолияти Китобхонаи миллӣ дар фазои маҷозӣ” пас аз 3 моҳи роҳандозӣ дар Телеграмканали Китобхонаи миллӣ кори худро анҷом бахшида, назари истифодабарандагони маҷозиро оид ба фаъолияти Китобхонаи миллӣ дар фазои маҷозӣ равшан намуд. Натиҷаҳои таҳқиқот моро ба ин хулоса мерасонад, ки:

  1. Дар робита ба мазмуну муҳтавои адабиёти фонди Китобхонаи миллии электронии Тоҷикистон ва ба инобат гирифтани андешаҳои иштирокчиёни пурсишнома шуъбаҳои дахлдори Китобхонаро зарур аст, ки ба электронинамоии адабиёти илмӣ, бадеӣ ва таълимӣ таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоянд ва чунин адабиётро бештар дар китобхонаи электронӣ гузоранд;
  2. Дарсади бештари иштирокчиёни пурсишнома изҳор доштанд, ки дар сомонаи Китобхонаи миллӣ адабиёти мавҷудаи фонди китобхона зиёдтар тарғиб карда шавад. Пас, шуъбаҳои нигоҳдории китоб, адабиёти хориҷӣ, дастхатҳои Шарқ ва китобҳои нодир, депозитарӣ ва дигар шуъбаҳое, ки фонди китобӣ дорандро мебояд, адабиёти аз лиҳози илмӣ арзишманд ва адабиёти ҷолибу хондании фонди худро дар шаклҳои тавсиф, маълумотнома ва ғайра тариқи сомонаи Китобхона ва саҳифаҳои шабакаҳои иҷтимоии Муассиса тарғибу ташвиқ намоянд. Умуман, видеоролики тарғиботии китобҳоро метавон тариқи саҳифаи “Китобдор” пешкаши истифодабарандагон кард;
  3. Масъулини сомонаи Китобхонаро мебояд вобаста ба натиҷаҳои саволи 9-уми пурсишнома дар навбати аввал ба тарғиби адабиёти фонди Китобхона, сипас ба масъалаҳои тарғиби адабиёти тозанашр, мавзуъҳо оид ба фарҳанг ва маориф, навгониҳои соҳавӣ, мавзуъҳои ҷамъиятӣ-сиёсӣ ва мавзуъҳои муҳимми рӯз таваҷҷуҳ намоянд;

Дар умум, натиҷаҳои бадастомада аз таҳқиқоти мазкур нишон медиҳанд, ки фаъолияти Китобхонаи миллӣ дар фазои маҷозӣ бад набуда, аз ҷониби иштирокчиёни пурсишнома баҳои сазовор гирифтааст.

Ҳадиятуллоҳи Амриддин.
сардори шуъбаи илмӣ-методӣ ва таҳқиқотӣ,