Китобхонаи миллӣ «Дар оғӯши Ваҳдат»

Шоми имрӯз дар саҳни бинои Китобхонаи миллӣ маҳфили бошукӯҳи фарҳангӣ-адабӣ таҳти унвони «Дар оғӯши ваҳдат» баргузор гардид. Маҳфил дар фазои идона ва бо тараннуми ваҳдату якдилӣ ба ифтихори рӯзҳое, ки Тоҷикистон боз як саҳифаи навини худро бо қабули қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид таҳти унвони «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 2027–2036» боз намуд, доир шуд.

Ин қатънома бо ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Маҷмаи Умумии СММ қабул гардида, ба таҳкими фарҳанги сулҳ дар сатҳи ҷаҳонӣ равона шудааст.

Дар ҳамоиш роҳбарияти Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳайати васеи кормандон ва меҳмонону дӯстдорони китоб ҷамъ омада, ин дастоварди бузурги сиёсиву байналмилалии кишвари азизамонро бо рӯҳияи баланди ватандӯстӣ таҷлил намуданд.

Дар оғози маҳфил директори Китобхонаи миллӣ, доктори илмҳои педагогӣ, профессор Лутфия Абдулхолиқзода суханронӣ намуда, ҳозиринро бо ин рӯйдоди таърихӣ табрик гуфт. Ӯ таъкид кард, ки қабули ин қатънома нишонаи эътирофи нақши Тоҷикистон ҳамчун кишвари сулҳпарвар буда, бори дигар ҷойгоҳи ташаббусҳои байналмилалии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар арсаи ҷаҳон таҳким бахшид.

Дар идома меҳмонон ва кормандони мақомоту идораҳои давлатӣ – сардори шуъбаи тарғиботи Кумитаи марказии ҲХДТ Ширинбекзода Садриддин,  муовини сардори раёсати кор бо ноболиғони Вазорати корҳои дохилӣ Умарҷони Эмомалӣ, Узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Кӯҳзоди Фатҳулло, сароянда ва оҳангсоз Фарҳоди Одина, узви дастаи “Гулшан” Муҳаммадҷон Неъматов ва дигарон суханронӣ намуданд.

Дар идомаи маҳфил Ҳофизони хушсадо ва мутрибони хушнаво бо суруду оҳангҳои барномаи рангини фарҳангӣ пешкаши ҳозирин гардониданд. Сурудҳои ватандӯстона, таронаҳои васфкунандаи сулҳу ваҳдат, қироати шеър ва баромадҳои ҳунарӣ ба чорабинӣ ҳусни тоза бахшида, фазои саршор аз меҳру ҳамдигарфаҳмӣ ва ифтихори миллиро фароҳам оварданд.

Ҳамоиши «Дар оғӯши ваҳдат» бори дигар собит сохт, ки сулҳу ваҳдат барои миллати тоҷик танҳо як дастоварди таърихӣ нест, балки арзиши муқаддас, кафили пешрафти давлат ва мероси гаронбаҳо барои наслҳои оянда мебошад.

Наргис НАЗАРЗОДА,

бахши матбуот ва робита бо ҷомеаи

Китобхонаи миллӣ.