Китобхона дар аксҳои таърихӣ. Бахши 1
Бо истифода аз аксу манбаъҳои таърихӣ ҳам метавон таърих навишт. Метавон ҳаддиақал ҳолати он рӯзҳоро тасаввур кард. Метавон дарк намуд, ки соли 1925 дар кадом шароите аввалин китобхона дар кишвар оғоз ба кор кардааст. Метавон тахмин кард, ки китобҳои аввалинро киҳо аз куҷо оварданд.
Вобаста ба таърихи ин акс шояд кам нафароне ҳастанд, ки маълумот доранд. Чи тавре дар акс аён аст, ин хонаи гилин аввалин китобхонаи Ҷумҳурии худмухтори Тоҷикистон аст, ки соли 1925 ба фаъолият шуруъ кардааст. Соли 1931 ба бинои нав кӯчонида шуд.
Соли 1933 дар заминаи ана ҳамин китобхона китобхонаи Сталинобод-пойтахти ҶШС Тоҷикистон таъсис ва соле баъд номи классики адабиёти форсу тоҷик Абулқосим Фирдавсиро гирифт. Соли 1993 ба Китобхонаи давлатии ҷумҳуриявии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ мақоми Китобхонаи миллӣ дода шуд.
Ин бинои Китобхона (меъмор С. Анисимов, муҳандис Е. Барсукова) бошад соли 1954 дар хиёбони Рӯдакӣ, ки он замон ба номи Ленин буд, ифтитоҳ гардид. Ин бинои дуошёна шакли ҳарфи «П»дошта, дорои таҳхонаи азимест. Ҳоло дар он Китобхонаи бачагона ба номи Мирсаид Миршакар, Палатаи ҳисоб ва дигар ниҳодҳо ҷойгиранд.
Бунёди бинои нави Китобхонаи миллии Тоҷикистон 4-уми сентябри соли 2007 оғоз ёфта, 20-уми марти соли 2012 ба истифода дода шудааст. Масоҳати умумии Китобхона 44 ҳазору 78 метри мураббаъ мебошад. Он дорои 27 толори хониш бо 1500 ҷои нишаст, 22 махзан бо ғунҷоиши 10 миллион нусха китоб ва дигар асноди иттилоотӣ, маҷлисгоҳҳо ва чопхона мебошад. Бинои нав 167 метр дарозӣ ва 52 метр баландӣ дошта, аз чор қисм иборат аст. Қисми «а» — аз 9 ошёна бо таҳхона, қисми «б» ва «в» аз 6 ошёна бо таҳхона, қисми «г» аз 4 ошёна бо ошхона иборат аст.
Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикистон» бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 июли соли 2011 № 1093 таъсис дода шудааст.
Маросими ба истифода додани бинои нави «Китобхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Призиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон 20 марти соли 2012 дар арафаи Ҷашни байналмилалии «Наврӯз» бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардид.
Шуъбаи илмӣ-методӣ ва таҳқиқотӣ