Китобхонаи миллӣ фаъолияти нимсолаи хешро ҷамъбаст намуд

Дар ҷаласае, ки субҳи 22-уми июн баргузор шуд, Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти шашмоҳаи худро ҷамъбаст намуд. Дар ҷаласаи ҳисоботии шашмоҳаи аввали соли 2026 ҳайати роҳбарияти Китобхонаи миллӣ, мушовири калони бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуллозода Масрур Аҳмад ва кормандони Китобхона иштирок доштанд.
Ҷаласаро директори Китобхонаи миллӣ, доктори илмҳои педагогӣ, профессор Абдулхолиқзода Лутфия Абдулхолиқ ифтитоҳ намуда, аз фаъолияти Муассиса дар нимсолаи аввали соли 2026 ҳисоботи муфассал дод.
Аз ҷумла чунин гуфт: “Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и ДИПҶТ ҷиҳати дар амал татбиқ намудани талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи фаъолияти китобдорӣ”, “Барномаи давлатии рушди фаъолияти Китобхонаи миллӣ барои солҳои 2022-2027”, дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, тибқи Оиннома ва Нақшаи солонаи Китобхонаи миллӣ, фаъолияти худро ба роҳ мондааст. Мақсад ва вазифаҳои асосии Китобхонаи миллӣ, аз қонеъ гардонидани дархости истифодабарандагон бо маводи чопиву электронӣ, такмили фонди китобҳо, рўзномаву маҷаллаҳо ва дигар маводи иттилоотӣ, ташкилу баргузории чорабиниҳои муҳимми илмӣ, фарҳангӣ-маърифатӣ, феҳристнигории анъанавию электронӣ, омодасозии интишори осори илмӣ, дастурҳои методӣ ва библиографӣ, ҳамзамон, бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси кадрҳои китобдорӣ иборат мебошад.”

Ҳамчунин гуфта шуд, ки мувофиқи ҷадвали басти корӣ ба ҳолати 10 июни соли 2026, дар Китобхонаи миллӣ 2 Раёсат, 3 Марказ, 25 шуъба, 1 Медиатекаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 10 бахш, 1 бунгоҳи тиббӣ ва ҳайати кормандони техникӣ ва ёрирасон фаъолият мекунад. Фонди умумии Китобхонаро 4 267 643 нусха китоб ва ҳуҷҷатҳои иттилоотӣ ташкил медиҳанд.

Директори Китобхонаи миллӣ Лутфия Абдулхолиқзода фаъолияти марказ ва бахшу шуъбаҳои Китобхонаро мавриди баррасӣ қарор дода, оид ба фаъолият ва корҳои ба анҷомрасонидаи ҳар як бахшу шуъба ва марказ маълумот дод. Аз ҷумла иброз намуд, ки дар давраи ҳисоботӣ дар умум фаъолияти Китобхона назаррас буд ва дар баробари ин ҷиҳати бартараф намудани норасоиҳои мавҷуда ба масъулин супоришҳои мушаххас дод.
Лозим ба қайд аст, ки дар давраи ҳисоботӣ тамоми маълумот ва захираҳои иттилоотии сомонаи Китобхонаи миллӣ ба таври пурра ва бехатар ба хостинги нав интиқол дода шуданд. Бо мусоидати шуъбаи автоматикунонии раванди китобдорӣ-иттилоотӣ Портали нусхаҳои электронии “Рисолаҳо ва авторефератҳо”-и Китобхонаи миллӣ пурра бо ду забон (тоҷикӣ ва русӣ) ба анҷом расонида шуд.
Ҳамзамон корҳо вобаста ба ташкили Портали нусхаҳои электронии дасхатҳои Шарқ ва китобҳои нодир пурра бо ду забон – тоҷикӣ ва форсӣ ба анҷом расонида шуд.
Маврид ба зикр аст, ки баҳри ҷалби кӯдакону наврасон ба Китобхона дар давраи таътили тобистонаи эшон як қатор маҳфилҳои ҷадид роҳандозӣ гаштаанд, ба монанди: “Се суоли Нозанин”, “Хонандаи имрӯз – созандаи фардо”, “Ганҷи сухан”, “Муколамаи адабӣ”, “Сайри гӯшаҳои китобӣ”, “100 адиби дорандаи ҷоизаи Нобел”, “Шоҳномахонӣ”, “Ганҷи ҷовидон”, “Санъат ва ҳунар”, “Кашшофони ҷавон”, “Минбари олимони ҷавон” ва курси ройгони омӯзиши забони англисӣ бо ҷалби омӯзгори ботаҷриба барои хонандагони имконияташон маҳдуд.

Сипас Кумитаи иттифоқи ҷавонони Китобхона, Раёсати хоҷагидории Китобхона ва шуъбаи мукаммалгардонии фонд низ аз фаъолиятҳҳои шашмоҳаи худ гузориш доданд.
Дар идомаи ҷаласа мушовири калони бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуллозода Масрур Аҳмад доир ба сиёсати дохилии Ҳукумати мамлакат ва Президенти кишвар сухан ронда, қайд намуд, ки зарфиятҳои ин боргоҳи муҳташами адабӣ-маърифатиро бояд ба таври комил истифода кард, зеро Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар Осиёи Миёна беназир аст.

Масрур Абдуллозода зимни баромади худ таъкид намуд, ки одоби муошират, пешвоз ва хидматрасонӣ ба хонандагони Китобхона дар мадди аввал аст. Ҳамзамон вобаста ба ҷалби хонандагон ба китобу Китобхона ибрози ақида намуда, доир ба сомонаи Китобхонаи миллӣ ва таблиғи китобу китобхонӣ дар Китобхонаи миллӣ назари хешро баён намуд.
Дар охир Масрур Абдуллозода бо таманнои неки комёбиву дастовардҳои тоза барои Китобхонаи миллӣ, иброз дошт, ки кормандони Китобхонаро мебояд дар атрофи роҳбарияти Муассиса сарҷамъ шуда, фаъолияти хешро беш аз пеш тақвият бахшанд.
Махфират МУҲИДДИНОВА,
бахши робита бо ҷомеа