Китобхонаи миллӣ фаъолияти шашмоҳаи худро ҷамъбаст намуд

ДИРЕКТОРДар умум, ба ҳолати 1-уми июли соли 2024 фонди хизматии Китобхонаи миллӣ аз 3 476 994 нусха китоб ва дигар маводи иттилоотӣ иборат мебошад. Дар ин бора субҳи имрӯз Директори Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон профессор Ҷумахон Файзализода хабар дод.

Директори Китобхонаи миллӣ, ки дар ҷаласаи ҷамъбасти фаъолияти шашмоҳа дар ҳузури кормандон суханронӣ мекард, иброз дошт, ки  дар давраи ҳисоботӣ кормандони шуъбаи коркарди адабиёт 22022 номгӯ адабиётро қабул ва коркард намудаанд, ки аз он 6624 нусха бо забони тоҷикӣ, 10184 нусха бо забони русӣ, 2141 нусха бо забони англисӣ, 1989 нусха ба фонди захираҳои ёрирасон, 321 нусха рисолаи илмӣ, 321 нусха автореферат ва 339 нусха бо забонҳои давлатҳои ИДМ ва 102 нусха нашрияҳои давомноки илмӣ мебошанд.

кадрДар иртибот ба корҳои илмӣ ва таҳқиқотии Китобхонаи миллӣ гуфта шуд, ки  дар самти баргардон, таҳия ва нашри осори арзишманди ниёгон ва ҳамчунин осори илмӣ-таҳқиқотие, ки муҳаққиқони дохилию хориҷӣ оид ба таърих, фарҳанг ва расму оини миллати тоҷик дар давраҳои гуногуни таърихӣ таълиф намудаанд, маркази “Тоҷикшиносӣ” як қатор корҳоро ба анҷом расонида истодааст. Дар шашмоҳаи аввали соли 2024 китоби «Тасаввуф ва адабиёти тасаввуфӣ»-и Е.Э. Бертелс дар ҳаҷми 640 саҳифа дар таҳрири ниҳоӣ қарор дошта, дар фурсатҳои наздик барои чоп пешниҳод хоҳад шуд. Китоби мазкур аз 800 саҳифа иборат буда, таҳрири ниҳоии он аз моҳи декабри соли 2022 оғоз гардида буд. Дар ин давра китоби “Киропедия”, “Курушнома”-и Ксенофон Анабасис ба пуррагӣ аз забони русӣ ба тоҷикӣ тарҷума гардида, баъд аз таҳрири ниҳоӣ ба нашр раоснида шуд. Китоби «Ал-фиҳрист»-и Ибни Надим аз забони арабӣ ба тоҷикӣ тарҷумаву таҳия гардида, нусхаи пешчопии асар нашр гардид.

КАДР 2Профессор Файзализода ҳамчунин гуфт, ки  фаъолияти библиографии шуъбаҳо ва таҳияи даструҳо дар давраи ҳисоботи хеле назаррас буда, бо ташаббус ва талоши кормандони шуъбаи библиографияи миллӣ дар шашмоҳаи аввали соли 2024 дастури библиографӣ-шарҳиҳолии шоир Ато Мирхоҷа ва  нависанда ва тарҷумон Маҷид Салим аз чоп баромад.

Дар ҷаласаи ҳисоботӣ ҳамчунин муовини аввалин директори Китобхонаи миллӣ Салима Раҷабзода, муовинон Сайфиддин Камолзода ва Ҷалолуддин Нурзода суханронӣ намуда, пешниҳодҳои худро барои беҳтарнамоии фаъолияти Китобхонаи миллӣ ироа карданд.

Матни комили суханронии Директори Китобхонаи миллӣ ин ҷост:

ФАЪОЛИЯТИ МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ “КИТОБХОНАИ МИЛЛӢИ ДАСТГОҲИ ИҶРОИЯИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ШАШ МОҲИ АВВАЛИ СОЛИ 2024