Китобхонаи миллӣ фаъолияти солонаи худро ҷамъбаст кард.

Китобхонаи миллӣТаҳлилу натиҷагирӣ аз фаъолияти бахши бақайдгирии шуъбаи автоматикунонӣ, раванди китобдорӣ-иттилоотӣ нишон дод, ки аз оғози фаъолият то ба имрўз 284 964 нафар ба узвияти Китобхонаи миллӣ пазируфта шуданд. Аз ҷумла дар соли 2024 ба узвияти Китобхона 14 755 нафар қабул карда шудааст. Дар ин бора директори Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ” -и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон, доктори илмҳои педагогӣ, профессор Ҷумахон Файзализода зимни ҷаласаи ҳисоботии солона иттилоъ дод.

Директори Китобхонаи миллӣ, дар ин ҷаласа, ки имрӯз, 14-уми январ доир гардид,  иброз дошт, ки дар давраи ҳисоботӣ ба толорҳои шуъбаи хизматрасонӣ ба истифодабарандагон, ки фарогири толори хониш, толори тиб ва табиатшиносӣ, толори ҳуқуқ ва фалсафа, ҳамчунин толори “Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст” мебошад, 62 603 нафар хонанда ташриф оварда, ба онҳо ҷиҳати дастрас намудани беш аз 79 670 нусха адабиёт хидмат расонида шудааст, ки ин шумора дар муқоиса ба соли қаблӣ 10116 нафар хонанда ва 7471 нусха китоб кам мебошад.

Профессор Файзализода дар идомаи суханронии худ аз ворид гардидани 14 ҳазору 649 нусха адабиёт ба феҳристи электронӣ аз ҷониби кормандони шуъбаи адабиёти хориҷӣ ва ташрифи 15471 хонандаву истифодаи 4471 адабиётдар толори шуъбаи мазкур хабар дод.

Директори Китобхонаи миллӣ бо таваҷҷуҳ ба фаъолияти Медиатекаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон илова намуд, ки дар давраи ҳисоботӣ кормандони Медиатека 1 266 маводи мусаббатро гирдоварӣ карда, зиёда аз 200 маводро вобаста ба фаъолияти Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз шабакаҳои иҷтимоӣ ҷамъоварӣ намудаанд.

Ҷиҳати амалӣ ардидани бомаром ва ҳадафманди лоиҳаи «Бунёди маводи мусаббати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2024» Медиатекаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рўйи Нақшаи кории лоиҳа фаъолияти худро босамар анҷом дода, силсилаи дастурҳои мултимедиавиро омодаи чоп намудааст.

Китобхонаи миллӣДар ин замина, корҳои гирдоварии мавод, таҳлилу библиографинамоии он барои дастурҳои электронии библиографии иттилоотии “Савол ва ҷавоб”, “Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз нигоҳи муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар”, “Хазинаи чопӣ ва электронии маводи мусаббати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Корнамоиҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар аксу мусаввараҳо” ва “Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – эҳёгари ҳунарҳои мардумӣ” пурра ба анҷом расидаанд.

Дар давраи ҳисоботӣ дастурҳои библиографии “Инъикоси фаъолияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рўзномаи Садои мардум” дар ҳаҷми 400 саҳифа ва “Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар саҳифаҳои рўзномаи “Народнная газета” – солҳои 1992-1996” чоп гардида, рўнамоӣ шуданд.

Ҳамчунин, директори Китобхонаи миллӣ илова намуд, ки аз ҷониби кормандони техникии Китобхонаи миллӣ дар соли 2024, бахшида ба “Соли маърифати ҳуқуқӣ” портали махсуси соҳавии “Иттилооти ҳуқуқӣ” таъсис ёфт, ки он дорои  адабиёти электронии соҳавӣ мебошад.

Яке аз вазифаҳои муҳимми Китобхонаи миллӣ таҳияву тадвини китоб оид ба мавзуъҳои гуногун, таҳияи дастурҳои методӣ ва библиографӣ, тарҷума, баргардон ва нашри осори арзишманди ниёгон, инчунин анҷом додани пажӯҳишу таҳқиқот дар соҳаи китобу китобдорӣ ба шумор меравад.

Китобхонаи миллӣВобаста ба баргардон, таҳия ва нашри осори арзишманди ниёгон ва ҳамчунин осори илмӣ-таҳқиқотие, ки муҳаққиқони дохилию хориҷӣ оид ба таърих, фарҳанг ва расму оини миллати тоҷик дар давраҳои гуногуни таърихӣ таълиф намудаанд, Маркази “Тоҷикшиносӣ” як қатор корҳоро ба анҷом расонида истодааст. Дигар аз корҳое, ки Маркази “Тоҷикшиносӣ” дар соли 2024 ба анҷом расонид, ин тарҷумаву таҳия ва таҳрири ниҳоии асари «Тасаввуф ва адабиёти тасаввуфӣ»-и Е.Э. Бертелс мебошад. Ёдовар мешавем, ки китоби мазкур аз 800 саҳифа иборат буда, таҳрири ниҳоии он аз моҳи декабри соли 2022 оғоз гардида буд. Дар иртибот ба тарҷума, таҳия ва таҳрири силсилакитобҳои “Тоҷнома” ҳамзамон, дар ин давра китоби «Ал-феҳрист»-и Ибни Надим аз забони арабӣ ба тоҷикӣ тарҷумаву таҳия гардида, нусхаи озмоишии он аз чоп баромад.

Хурсандибахш аст, ки дар давраи ҳисоботӣ бо фармони Раиси Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 25 октябри соли 2024 маҷаллаи илмии “Паёми Китобхонаи миллӣ” ба феҳристи маҷаллаҳои “нашрияҳо”-и илмии тарқризшавандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон (КОА) ворид карда шуд. Дар маҷалла нашри маводи илмӣ аз рўйи самти илмҳои 05.25.00иттилооти ҳуҷҷатӣ, 05.25.03Китобхонашиносӣ, библиографияшиносӣ, китобшиносӣ; 07.00.00илмҳои таърихӣ ва бостоншиносӣ; 07.00.09таърихнигорӣ, маъхазшиносӣ, методҳои таҳқиқотӣ-таърихӣ; 10.00.00илмҳои филологӣ; 10.01.10рўзноманигорӣ ва 13.00.00 – илмҳои педагогӣ;  13.00.01педагогикаи умумӣ, таърихи педагогика ва таҳсилот иҷозат дода шуд.

Директори Китобхонаи миллӣ фаъолияти яксолаи муассисаро пурраву ҳамаҷониба таҳлил намуд, ҳамчунин аз мушкилоту камбудиҳо низ гуфт ва таваҷҷуҳи масъулинро рафъи камбудиҳои ҷойдошта дар соли 2025 ҷалб намуд.

Дар ҷаласа ҳамчунин муовини аввали директори Китобхонаи миллӣ Салима Раҷабзода,  муовинон  Сайфиддин Камолзода, Ҷалолуддин Нурзода ва Зафар Сайидзода суханронӣ ва аз фаъолияти яксолаи ниҳодҳои Китобхонаи миллӣ изҳори қаноатмандӣ карданд.

Ҳамчунин пешниҳодҳо аз ҷониби роҳбарият ва кормандони Китобхона баҳри беҳтарнамоии фаъолияти Муассиса дар соли 2025 ироа гардида, мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Матни комили суханронии Директори Китобхонаи миллӣ, профессор Ҷумахон Файзализода дар ҷаласаи ҷамъбастии фаъолияти муассиса дар соли 2024 ин ҷост:

СУХАНРОНИИ ДИРЕКТОРИ КИТОБХОНАИ МИЛЛӢ ПРОФЕССОР ҶУМАХОН ФАЙЗАЛИЗОДА

Наргис Назарзода