Китобхонаи миллӣ. Ҷаласаи назоратии ҳафтаи ҷашнӣ

Кори ҷаласаи назоратии навбатии Китобхонаи миллӣ бо муждаи нек -сарфароз намудани корманди Китобхонаи миллӣ Исмоилова Олучамо бо “Ифтихорнома”-и маҷмаи “Кохи Ваҳдат”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ барои саҳми арзанда дар таблиғу ташвиқи сиёсати ваҳдатофарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оғоз гашт.
Директори Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Лутфия Абдулхолиқзода аҳли нишастро бо санаи сарнавиштсоз ва мубораку таърихии 29-умин солгарди рӯзи Ваҳдати миллӣ, ки нишони сулҳу субот, оромию осоиштагӣ ва иттиҳоду сарҷамъӣ мебошад, самимона муборкабод намуда, саломативу саодатмандӣ, сарбаланиву шодкомӣ, некномиву пирӯзиҳо ва рӯзгори обод таманно намуд.
Сипас ҳисоботи муовини директори Китобхонаи миллӣ Сайфиддин Камолзода доир ба баҳисобгирии фонди Муассиса шунида шуд. Ҳамчунин марказу раёсатҳо ва шуъбаву ва бахшҳои Китобхона ҷиҳати иҷроиши “Нақшаи баргузории маҳфилҳои адабӣ-маърифатии Китобхонаи миллӣ дар моҳи июли соли 2026” андешаҳои худро иброз доштанд.
Дар идомаи ҷаласа барои ҳафтаи ҷадид ба сохторҳои Китобхона як қатор супориши мӯҳлатнок дода шуд. Аз ҷумла:

Сардори Маркази “Тоҷикшиносӣ” вазифадор карда шуд, ки ҷиҳати иҷрои саривақтии банди 19 ва 20 Нақшаи кории Марказ, вобаста ба пешниҳоди корҳои Дяконов М.М. “Таърихи Эрони бостон” (мутарҷим Рӯҳи Арбоб) ва “Таърихи давлати Саффориён” (муаллиф Ҳусайн Яғмоӣ) ба муқарриз-мутахассиси соҳа ва пешниҳоди онҳо ба Шурои навбатии илмӣ-методии Китобхонаи миллӣ тадбирҳои амалӣ андешад.

Дар ҳошияи “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф барои солҳои 2020-2040” шуъбаи адабиёти табиатшиносӣ, техникӣ ва илмҳои дақиқ вазифадор карда шуд, ки ҷиҳати дар сатҳи баланди ташкилӣ баргузор намудани конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-назариявии “Татбиқи ҳадафи чоруми стратегии кишвар: иҷроиш, равандҳо ва мушкилот” тадбирҳои мушаххас андешад.
Ҳамзамон барои татбиқи самараноки бандҳои дахлдори “Нақшаи баргузории маҳфилҳои адабӣ-маърифатии китобхона дар моҳҳои июл-августи соли 2026” сохторҳои масъули он чораҳои мушаххас пешниҳод намоянд.
Масъулини бандҳои қарори ҷаласа вазифадор карда шуданд, ки раванди иҷрои супоришҳои тоза ироагардидаро зери назорати ҷиддӣ қарор диҳанд.
Махфират МУҲИДДИНОВА