Китобхонаи миллӣ “Курушнома”-и Ксенофонтро ба забони тоҷикӣ чоп кард

Ин асар дар силсилакитоби “Тоҷнома” (Тоҷикон дар масири тамддун) бо ҳидоят ва дастгирии асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нашр гардид. Онро корманди шартномавии Маркази “Тоҷикшиносӣ”, доктори илмҳои фалсафа устод Рамазон Назариев аз забони русӣ ба тоҷикӣ тарҷума кард.

Курушнома”-и Ксенофонт асарест, ки рўзгори сарлашкар ва шоҳаншоҳи Форсро тасвир мекунад. Ин асари шарҳиҳолӣ ва дастурномаи идорӣ ва роҳбарӣ таъбир мешавад ва дар бораи шахсияти Куруши Бузург маълумот медиҳад.

Дар таърихи давлатдории мо тоҷикон хонадонҳои давлатсоз ва ҷавонмард, ки дар ҳимоя ва андешаи марзу бум буданд, арзи вуҷуд дошт ва ин анъана то кунун идома дорад.

Бархе аз донишмандону таърихнигорон бар онанд, ки баъзе подшоҳоне паёмбар ҳам буданд. Аз ҷумла: назири Одам, Юсуф, Довуд, Сулаймон, Зулқарнайн (манзур аз Зулқарнайн Куруши Бузург аст) ва Муҳаммад.

Ксенофонт файласуф, муаррих ва сарбози юнонӣ буд, ки дар соли 430 қабл аз милоди Масеҳ дар Эрхиё ба дунё омад ва соли 354 то солшумории мо дар  Коринфи Юнон дар синни 76-солагӣ аз олам рафт.

Аз шогирдони донишманди Суқрот ва аз ширкаткунандагони муборизаи Куруш бо бародараш Ардашери дувум буд. Баъди марги Куруш сипоҳиёни юнонӣ Ксенофонтро сарвари худ интихоб карданд.

Ксенофонт бо ҳама овозаи ҷаҳонгираш аз ҷумлаи нависандагони тирози аввал шинохта намешавад. Ӯ як таърихнигор ва файласуфи худсохта буд. Дар бештари навиштаҳояш гароиши хоси ӯ ба ахлоқ ва масоили таълим ва тарбият ба чашм мерасад.

Маъруфтарин навиштаи ӯ «Киропедия» ё «Курушнома» (аз забони юнонӣ таҳтуллафзӣ ҳамчун «Тарбияи Куруш» тарҷума мешавад) мебошад. Он як навъ романи тарбиявӣ дар бораи Куруши Бузург, подшоҳи Форс ва асосгузори сулолаи Ҳахоманишҳо мебошад, ки солҳои 559-530 то милод ҳукмронӣ намудааст.

«Киропедия» хусусияти ахлоқӣ ва дидактикӣ дорад ва Ксенофонт дар он ҳадафи созмон додани «ойини шоҳзодагон»-ро доштааст. Барои ин, вай як хислати ҳоким ва лашкаркаши ормониро бо одатҳои то ҳадде спартанӣ (намунаи давлати ашрофон – Спарта дар Юнон) бо усули хоссаи саховатмандонаю накӯхоҳӣ эҷод мекунад. Дар баробари ин муаллиф таъсири таълимоти Суқротро, ки шогирди ӯ буд, дар консепсияи тарбияи накӯкорӣ, арете́ (истилоҳе, ки Афлотун дар «Ҷумҳурият» ба кор бурдааст) нишон медиҳад. Ксенофонт дар баёни бахшҳои китоб низоми таълимии Форс, дастурҳою тактикаҳои ҳарбӣ ва ҳамаи он матолиберо, ки ба ташаккулёбии симои ҳукмрони бузург – Куруш мусоидат мекунад, тасвир менамояд. Ксенофонт ба рисолаи намунавии худ бо як қатор воситаҳои нақлӣ (қиссаҳои мардумӣ, тарҷумаиҳолӣ ва тахайюлоти бадеӣ), ки бо ҳикояҳои сиёсӣ ва ҳарбӣ омехта шудаанд, хусусияти хосса мебахшад

Ин китоб барои муаррихон, фарҳангшиносон, ҷомеашиносон ва онҳое, ки ба омўзиши таъриху фарҳанги миллатамон шавқу рағбат доранд, пешкаш шудааст.

Мутахассиси пешбари
Маркази “Тоҷикшиносӣ”
Раҳматова Райҳона