Китобхонаи миллӣ мизи гирд ба муносибати Соли маърифати ҳуқуқӣ доир намуд
Бахши иттилотӣ-ҳуқуқӣ ва шуъбаи илмӣ-методӣ ва таҳқиқотии Китобхонаи миллӣ бахшида ба Соли маърифати ҳуқуқӣ бо ширкати ҳуқуқшиносон, мутахассисони соҳа, кормандони китобхона ва намояндагони ВАО мизи гирд доир намуданд.
Унвони нишаст “Донишҳои ҳуқуқӣ ва амалияи ҳуқуқӣ асоси маърифати ҳуқуқии китобдорон” буд. Мизи гирд бо суханони муовини аввали директори Китобхонаи миллӣ Салима Раҷабзода ифтитоҳ гардид. Вай гуфт: Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28.12.2023, соли 2024-ро “Соли маърифати ҳуқуқӣ” эълон намуда, иброз доштанд, ки “Амалӣ намудани меъёрҳои Конститутсия ба мо имкон дод, ки пояҳои устувори ҷомеа ва давлатро созмон диҳем, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро таҳким бахшем, рушди устувори иқтисодии кишварамонро таъмин намоем, барои ҳар як шаҳрванди мамлакат шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро муҳайё созем. Бинобар ин, пешниҳод менамоям, ки соли 2024 ба ифтихори ин санаи бисёр муҳимми таърихӣ «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон карда шавад”.
Салима Раҷабзод дар бахши дигар аз суханронии худ иброз дошт, ки баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон дар шароити кунунӣ мсъалаи умумимиллӣ гардида истодааст, зеро маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон бевосита дар ташаккул ва рушду инкишофи бахшҳои гуногуни фаъолияти кишвар инъикос меёбанд, аз ҷумла, дар раванди такмили волоияти қонун, ки дар Конститутсия муайян гардидааст.
Баъдан мутахассисони соҳа доир ба паҳлуҳои гуногуни «Cоли маърифати ҳуқуқӣ» ибрози андеша намуданд. Аз ҷумла дотсенти кафедраи ҳуқуқи байналхалқии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Салимҷон Сайфуллоев дар мавзӯи “Аҳаммияти маърифати ҳуқуқӣ ҳамчун заминаи давлати ҳуқуқбунёд”, мудири бахши иттилоотӣ- ҳуқуқии Китобхонаи миллӣ Шаҳром Қурбонов дар мавзӯи “Эълон гардидани соли 2024 «Соли маърифати ҳуқуқӣ» ва таҳкиму такмили қонунгузории кишвар ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон”, номзади илмҳои ҳуқуқ, дотсенти кафедраи ҳуқуқи байналмилалии Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Акмал Абдухолиқзода дар бораи “Маърифати ҳуқуқӣ асоси рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ”, асистенти кафедраи ҳуқуқи соҳибкорӣ ва тиҷорати факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Абдулазизи Асадулло дар атрофи “Баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ – асоси муқовимат бо зуҳуроти номатлуби замони муосир”, асистенти кафедраи криминалистика ва фаъолияти экспертизаи судии факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Муҳаммадалӣ Аҳмадзода оид ба “Маърифати ҳуқуқӣ – дар фаъолияти оперативии ҷустуҷўӣ”, асистенти кафедраи ҳуқуқи соҳибкорӣ ва тиҷорати факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Ф. Амирзода дар боби “Баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ дар заминаи Конститутсия” суханронӣ карданд.
Дар мизи гирд зикр гардид, ки эълон гардидани соли 2024 ҳамчун соли маърифати ҳуқуқӣ заминаи мусоиди баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии сокинони касбу кори гуногунро дар ҷомеа фароҳам оварда, дар таҳкими худшиносиву худогоҳии шаҳрвандон нақши созгор хоҳад.
Дар поёни ҳамоиш миёни меҳмонон ва ширкаткунандагон дар доираи мавзуъ табодули афкор сурат гирифт.
Дар анҷоми мизи гирд ба меҳмонон туҳфаҳои хотиравӣ аз ҷониби Китобхонаи миллӣ тақдим гардид.
Ёдовар мешавем, ки Китобхонаи миллӣ бахшида ба Соли маърифати ҳуқуқӣ чандин нашасту маҳфилҳо доир намуд.
Раҳима Аъзам, бахши матбуот ва робита.