Китобхонаи миллӣ нуҳ моҳи фаъолияти худро ҷамъбаст кард

профессор Ҷумахон ФайзализодаЗарфи нуҳ моҳи охир  тарҷумаи китоби “Синий мулуки-л-арз ва-л-анбиё” аз забони арабӣ пурра ба анҷом расидаву тарҷумаи қисматҳои марбут ба таърихи тоҷикони китоби “Ниҳоят-ул-ираб фи ахбори-л-форс ва-л-араб”  идома дорад. Ҳамчунин, китоби “Таърихи Бухоро, Хуқанд ва Қошғар”, ки қаблан баргардон шуда буд, омода ва барои чоп пешниҳод шудааст. Баргардонии китоби таърихии “Аҳсан-ут-тақосим фи маърифати-л-ақолим”  ба роҳ монда шудааст.

Дар ин бора Директори Муассисаи давлати “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон профессор Ҷумахон Файзализода хабар дод. Профессор Файзализода, ки субҳи имрӯз дар ҷаласаи ҳисоботии 9 моҳи фаъолияти Китобхонаи миллӣ дар ҳузури кормандон суҳбат мекард, изҳор дошт, ки дар нуҳ моҳи соли 2022 кормандони шуъбаи дастхатҳои Шарқ ва китобҳои нодир дар асоси таҳлилу ташхиси комиссияи хариди нусхаҳои хаттӣ 21 адад нусхаи хаттӣ ва китоби чопи сангиро, ки моҳияти таърихӣ ва илмӣ доштанд, харидорӣ намуданд.

Барои ғанӣ гардонидани фонди шуъба дар давраи ҳисоботӣ 1892 нусха китоб ва рӯзномаву маҷаллаҳо ворид карда шудааст, ки нисбат ба нуҳ моҳи соли қаблӣ 1488 нусха зиёд мебошад.

Директори Китобхонаи миллӣ ёдовар шуд, ки омодасозии дастурҳои методиву библиографӣ, шарҳиҳолӣ идома доранд ва дар айни замон дастури методии “Усулҳои нигоҳдории фонди китобхонаҳо” омода ва ба чоп супурда шудааст.

Дастури методии “Таҳқиқот дар китобхона” барои омӯзиши ниҳоӣ пешниҳод гардидааст. Дастури дигаре, ки таҳия гардидааст, ин “Технологияи иттилоотӣ дар Китобхона” мебошад. Инчунин, китобномаи шарҳиҳолию библиографӣ бахшида ба 85-солагии Арбоби ҳунари Тоҷикистон Ҳошим Гадо таҳия гардида, нусхаи санҷишии он аз чоп баромадааст.

Директори Китобхонаи миллӣ дар ҷаласа дар бораи паҳлуҳои дигари фаъолияти муассиса зарфи 9 моҳи соли равон изҳори назар намуд.

Дар бораи фаъолияти нуҳмоҳаи Китобхонаи миллӣ метавонед аз матлаби зер пурра огоҳ шавед:
КИТОБХОНАИ МИЛЛӢ ДАР 9 МОҲИ СОЛИ 2022.